ШЕЪР ДАР КОРГОҲИ ЭҶОДИИ ПРОФЕССОР АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР

52

То ҳаст ҷаҳону одамӣ дар он аст,

Асрори вуҷудро хирад ҷӯён аст.

Баҳрест муаммои азал бесоҳил,

Андеша дар ӯ заврақи саргардон аст.

Беҳрӯз

Шеър – ҳосили дилу сиголиш, тафаккуру эҳсос, тарзи ҳунарии баёни андеша ва таҷрибаи рӯзгор буда, он тавъам бо истеъдод дар заминаи ҷаҳонбинӣ ва дониши густурдаву омӯзиши пайваста гуфта мешавад. Бархӯрдор будан аз вежагиҳои зикргардида барои эҷоди шеър эҷодкорро метавонад ба як комёбии адабӣ-ҳунарӣ бирасонад ва ҳадафи ниҳоӣ аз эҷод бақои исм ҳам ҳаст. Гузашта аз он, барои эҷод дар баробари истеъдод омӯзиши эҷодкорони шеъри гузаштаву муосир, ҳамчунин, донистани илмҳои марбут ба каломи ҳунарии манзум – арӯз, қофия, санъатҳои шеърӣ ва ғайра муҳим буда, ба дурустӣ огоҳӣ доштан аз мухтассоти илмҳои мазкур кас метавонад ба дараҷаи камолоти шоирӣ бирасад.

Ҳадафи мо аз қазовати мазкур нигоҳи иҷмолӣ ба эҷоди шеър дар дастгоҳи эҷодии профессори фақид Абдушукури Абдусаттор аст, ки он кас худ адабпажуҳ, суханшинос ва донандаи хуби илмҳои каломи ҳунарӣ буданд.

Шахсияти эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдушукури Абдусатторро миёни фарҳангиён ва аҳли илму адаби ҷумҳуриямон на танҳо ҳамчун адабиётшиносу мунаққид ва тарҷумони пуркору муваффақ ва тавоно, балки шоири нозукхаёлу зебоипараст ва танзгӯю нақизасаро мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд.

Каломи ҳунарии манзум ва жанрҳои гуногуни он дар коргоҳи эҷодии Абдушукури Абдусаттор ҷойгоҳи вежа дошта, бо вуҷуди корҳои илмӣ-пажуҳишӣ, мунаққидӣ ва тарҷумонӣ, ӯ ҳамчун шоири хушқареҳа низ маълум аст. Намунаи шеърҳои ӯ дар ду маҷмуа: яке бо номи «Нешханд» (Душанбе: «Бухоро», 2014. – 52 саҳ.) ва дигаре бо унвони «Наҷвои марди мусофир» (Душанбе: «Бухоро», 2014. – 106 саҳ.) нашр гардидаанд, ки ҳамин ду маҷмуа аз иқтидори халлоқияти зеҳнӣ ва неруи тахайюли адабӣ-ҳунарии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Тахаллуси шоирии Абдушукури Абдусаттор Беҳрӯз буда, ӯ ҳамчун суханвар дар анвои гуногуни шеърӣ табъ имтиҳон кардааст. Эҷодиёти адабӣ-ҳунарии Абдушукури Абдусатторро, асосан, навъҳои шеърии рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, ғазал, маснавӣ, суруд ва шеъри тасмит (мусаммат) ташкил медиҳанд. Аз осори адабии Беҳрӯз 143 рубоӣ, 72 дубайтӣ, 60 қитъа, 29 ғазал (3 ғазалвора), 9 маснавии хурд, 4 суруд ва 1 мусаммати мухаммас рӯйи кор омадааст ва чуноне маълум шуд, анвои хурди лирикианд.

Мавзуъ ва муҳтавои ашъори Беҳрӯз суннатӣ буда, ғолибан эҷодкор ба мавзуъҳои иҷтимоӣ рӯ овардааст. Адиб вассофи хисоли ҳамида: ширинзабонию хушсуханӣ, фурӯтанӣ, шикастанафасӣ, ростқавлӣ, саховатмандӣ, дилҷӯйӣ, раҳмдилӣ, заҳматқаринӣ, ватандӯстӣ, илмдӯстӣ, фарҳангсолорӣ ва ҷузъиёти вофири он буда, тавъам ба он, алорағми разилахисолӣ ва асароти ногувори он: ҳасудхӯрию бахилӣ, ғаммозию суханчинӣ, сарддилию каззобӣ, бешафқативу бераҳмӣ, мутакаббириву риёкорӣ, бадаҳдию баддаҳонӣ ва монанди инҳо басо озмудашудаву устувор суханронӣ мекунад, ки комилан писандида аст. Дар шеъри Беҳрӯз, хусусан, мавзуъҳои ватандӯстию илмомӯзӣ, меҳнатдӯстию бовафоӣ ва дигар хислатҳои накӯи инсонӣ ҷанбаи тарғиби густурда дорад ва онҳоро дар сухани мавзун ба зевари табъ оростааст, ки орои адиб аз ҳикмат ва бадеияти баланд бархӯрдоранд.

Яке аз вежагиҳои осори адабии Беҳрӯз дар заминаи тамсил эҷод гардидани шеърҳо дар мавзуъҳои истеҳзо, ҳаҷву танз мебошад, ки шоир ба ин васила муассирии сухан ва ҷаззобияти онро дар сатҳи хеле хуб баён намудааст ва ҳадаф дар ин гуна шеърҳояш бисёр нишонрасу муассир ва дилчасп баромадааст. Дар шеърҳои тамсилии «Сабр», «Навои ҳавоӣ», «Омадӣ рафтӣ», «Ҳасрат», «Ансамбли ҷонварон», «Далерӣ» ва «Даъвои хом» метавон ин масъалаҳоро ба дурустӣ мушоҳида кард. Барои намуна дар поён ду шеъри тамсилии Беҳрӯз – «Сабр» ва «Даъвои хом»-ро шохистар мавриди баҳс қарор дода, хоҳем дид, ки арзишҳои адабӣ-ҳунарӣ ва таносуби маҳорату истеъдоди эҷодкор ва муассирию ҷаззобии тасвирҳои ӯ дар кадом пояанд.

Дар шеъри «Даъвои хом» шоир аз гурбае қисса мекунад, ки худро дар оина дида, мағрур гашта, даъвои бузургманишӣ менамояд ва аз шикори мушу гунҷишк ор дошта, худро ба монанди паланг шуморида, ба шикори барзагов тасмим мегирад, то ӯро бо чанголҳои тезаш аз по афтонад. Аммо баробари ҳамла ба барзагови шерсимо ба шохи вай бармехӯрад, ки бо дарду нолаи ҷонгудози ба сараш омада аз чанголи тезу ғурураш зуд пушаймон мешавад, вале ин пушаймонӣ дигар суде надорад:

Дар оина бидида акси худро,

Бигуфто гурбае: Ман чун палангам:

Чӣ ҳоҷат бар шикори мушу гунҷишк,

Бад-ин чанголи сахтам мисли сангам.

Бигуфт ину ҳамоно ҳамла бинмуд,

Ба сӯйи барзагови шерсимо.

Ба уммеде, ки бо чанголи тезаш,

Ба осонӣ варо афтонад аз по.

Ба шохи барзагов бархӯрд, аммо,

Зи дарди ҷонгудозаш нола афзуд.

Ба даъвои палангӣ ғарра гашта,

Зи чанголу миёни худ ҷудо шуд…

Набояд кард даъвои бузургӣ,

Набошад гар бузургӣ дар ниҳодат.

Набояд кӯфт ҳаргиз хирманеро,

Агар бар арзане дорӣ ту қудрат [1: 38].

Ҳикмати шеър дар он аст, ки «Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон» ва ин ҳикматро гурба мутлақо шунидан намехоҳад, ҳол он ки ба рақиби азимҷусса дидаву дониста панҷа мезанад. Дар натиҷа лаҳзае нагузашта ноком мешавад. Бузургманишӣ, калонгирӣ, кибру ғурур, такаббуру ҳавобаландӣ, худхоҳию худбинӣ, кӯтоҳандешию кӯтоҳназарӣ, ҳарисию зиёдаравӣ, гурусначашмӣ ва озманд будани гурба онро ноком сохт, ки гунаҳкор худи ӯ буд. Инсон ҳамеша аз таҷрибаи зиндагӣ бояд баҳра бигирад ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад, яъне, аз мукофоти амал ғофил нашавад, то ба мағрурию ҳавои нафс дил набандад ва худро шиносад.

Шеъри мазкур аз нигоҳи вазн дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод гардидааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

V – – – | V – – – | V – –

V – – – | V – – – | V – –

Яъне: мафоъилун, мафоъилун, фаъӯлун.

Дар шеъри «Сабр» низ тамсил дар сатҳи бисёр хуб корбаст гардида, Беҳрӯз дар образи асосию меҳварии он – уқоб, роҳбари худхоҳу бепарворо тасвир намудааст. То замоне ки занбӯр худи уқобро намегазад, уқоб ба доди бақияи ҷонварону парандагон намерасад. Яъне, то дарди неши занбӯрро дар бадани хеш эҳсос намекунад, аз аҳволи зердастон бехабар аст ва тасмим ба ҷазо додани занбӯр намегирад:

Ҳама парандагон рафтанд бо арз,

Ба назди шоҳ – Уқоби ҳукумфармо.

Ки «Моро мегазад пайваста занбӯр,

Чӣ бояд кард, раҳ биномой шоҳо!»

Уқоб андак тааммул карду гуфто:

«Дар ин таъҷил бинмудан нашояд.

Барорам ҳукми худро дертар ман,

Шуморо чанд гоҳе сабр бояд».

Ҳама парандагон рафтанд он гоҳ,

Зи назди шоҳи худ навмеду ранҷур.

Вале нагзашта чандон вақти бисёр,

Худи шаҳро газид охир занбӯр.

Уқоб он гаҳ бизад фарёд аз хашм,

Ҳамоно бо ғазаб ӯ дод фармон:

«Намебахшам, ман ин рафтори занбӯр

Ба ӯ бояд ҷазое дод алъон» [1: 33].

Дар ин ҷо низ ҳикмат ҳамоно подоши амал аст.

Маънии шеъри мазкур боз он аст, ки ҳар як роҳбар бояд набзи ҷомеа ва мушкилоти мавҷудаи зердастон – одамонро, бояд дарк кунад ва барои бартараф кардани мушкилоти онҳо чораандешӣ намояд ва худро дар ҷойи онҳо тасаввур кунад, зеро тибқи қонунҳои мавҷудаи ҳаёт, рисолати роҳбар бевосита аз ҳамин иборат аст.

Дар қитъаи тамсилии зикргардида, ки микросужа дорад – худхоҳӣ, кибру ғурур, кӯтоҳназарӣ, бузургманишӣ, ҳавобаландӣ, камақлӣ, нотавонбинӣ, ноуҳдабароӣ, авомфиребӣ, маккорӣ барин ҷузъиёти хисоли разила мавриди тасвир қарор гирифтаанд, ки мушоҳидаҳои бисёр ҷолибу ҷаззоби шоир аст. Бунёди ғоявии он подоши ҳаёт ва ё мукофоти амал буда, дар баъзе бандҳо тасвир ниёз ба тафсил дорад. Танҳо дар ин ҷо, ба андешаи мо, агар дар мисраи чаҳоруми банди аввал ба ҷойи «шоҳо» вожаи «моро» кор гирифта мешуд, равонӣ ва гӯшнавозии шеър қавитар мегардид.

Пораи мазкур бо манзури вазн дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур рӯйи кор омадааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

V – – – | V – – – | V – ~

V – – – | V – – – | V – ~

Яъне: мафоъилун, мафоъилун, фаъӯлон.

Чуноне ки дар боло ишора кардем, яке аз вежагиҳои адабии офаридаҳои Беҳрӯз дар он аст, ки ӯ ҳаҷву истеҳзоро дар қолаби нақиза, ки як ҷузъи танз аст, сурудааст ва суханаш ҳам латифу дилангез ва ҳам ҳикмати бисёр баланд дорад. Беҳрӯз ҳаҷву истеҳзоро ба сурати шеъри мутаноқиз дар анвои гуногуни адабӣ офаридааст, ки мо дар поён аз нигоҳи жанрӣ намунаҳои онҳоро меорем:

1.Рубоӣ

Метавон таъкид намуд, ки рубоисароӣ яке аз суннатҳои адабии бостонии роиҷ дар адабиёти классикии форс-тоҷик аст, ки як қисмати таркибии девони ашъори шоиронро ташкил медиҳад ва ин суннат дар осори шоирони муосир низ ба таври густурда мушоҳида мегардад. Дар мероси адабии Беҳрӯз низ рубоӣ мавқеи хосса дошта, шумораи онҳо ба 143-то мерасад, ки бахши асосӣ ё қисмати таркибии ашъори ӯро ташкил медиҳад. Ба андешаи инҷониб, рубоисароии Беҳрӯз аз фаъолияти илмию пажуҳишии он кас сарчашма мегирад, зеро рисолаи номзадии профессор Абдушукури Абдусаттор дар мавзуи «Ташаккул ва таҳаввули рубоӣ дар адабиёти асрҳои X-XV-и форс-тоҷик» буда, муҳақққиқ бо ҳамин ном рисолаи илмӣ таълиф кардааст, ки таҳқиқи он дар ҳунари рубоисароии Беҳрӯз бетаъсир намондааст[1].

Мавзую муҳтавои рубоиҳои Беҳрӯз гуногун буда, бо як назокати хоси адабӣ эҷод шудаанд. Маърифат ва ҳикмати рубоиҳои зерин бозгӯйи гуфтаҳои болоанд, ки муҳтавои фалсафӣ доранд ва уҳдабароёна рӯйи кор омадаанд:

Бар кӯзагари даҳр хирад ҳайрон аст,

Бо созу шикан ҳамеша саргардон аст.

Лек одамие, ки дигарон сохтаро,

Сӯзонаду бишканад, магар инсон аст [2: 13].

* * *

То ҳаст ҷаҳону одамӣ дар он аст,

Асрори вуҷудро хирад ҷӯён аст.

Баҳрест муаммои азал бесоҳил,

Андеша дар ӯ заврақи саргардон аст [2: 24].

Дар ҳар ду рубоӣ, ки бори маънои мантиқии онҳоро қофияҳои «ҳайрон», «саргардон», «инсон», «он», «ҷӯён», «саргардон» ва радифи «аст» бар дӯш доранд, ҳикмати баланд аз таҷрибаи дуру дарози рӯзгори инсон баён шудааст, ки бисёр дилписанду пурмаъно баромадааст. Яъне мисраи аввал тезис, мисраи дуюм антитезис, мисраҳои се ва чор синтезанд.

Рубоиҳои фавқуззикр бо назардошти вазн дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи азалл эҷод гардидаанд, ки шакли афоъилии онҳо чунин аст:

– – V | V – – V | V – – – | ~

– – V | V – – V | V – – – | ~

Яъне: мафъулу, мафоъӣлу, мафоъӣлун, фаъ.[2]

2.Дубайтӣ

Дар ашъори Беҳрӯз жанри дубайтӣ бо манзури теъдод мақоми дуюмро ишғол намуда, шумораи онҳо ба 72-то мерасад. Дубайтиҳои Беҳрӯз тараннумгари самимияту садоқат, меҳрубонию ҳалимӣ, дӯст доштани зиндагӣ ва зебоипарастӣ буда, равону гӯшнавоз суруда шудаанд, ки касро ба дунёи зебову рангини ҳаёт раҳнамун месозанд. Дарки муҳит ва зиндагии воқеии башар дар дубайтии зерин бисёр дилчаспу нишонрас тасвир ёфтааст, ки, ба андешаи инҷониб, адиб ба ҳадафи бадеии худ расидааст:

Китобе, к-андар он маъво набошад,

Бар он дар лавҳи хотир ҷо набошад.

Чӣ суд аз рӯйи зебо, эй азизон,

Агар дунёи дил зебо набошад [2: 100].

Мавзуи дӯстдории диёр, марзу буми кишвар, обу хок, боду ҳаво ва умуман, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ дар ашъори Беҳрӯз мақоми хосса дошта, ӯ меҳру муҳаббат ба меҳанро фарз шуморидааст ва таъкид мекунад, ки тамоми муваффақияту ҳунар ва хушҳоливу беҳрӯзии инсон дар ободу зебо ва оромию пешравии Ватан мушаххас мегардад, зеро инсон ниҳоли сабзбаргест дар боғи сарсабзу хуррами Ватан:

Ватан – сарлавҳаи шеъру сурудам,

Ватан – ҳастии ман-буду набудам.

Манам ҳамчун ниҳоли сабзбарге,

Ки бошад дар Ватан бехи вуҷудам [2: 75].

Замин-модар ва деҳқони ранҷкаш, ки яке аз мавзуъҳои бисёр қадимии адабиёти классикӣ ва муосири мост, дар ашъори Беҳрӯз низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Тамоми давлату сарвати башар аз Замин аст ва Замин инсонро ба саодати рӯзгору зиндагии шоиставу бофараҳ мерасонад. Мавзуи мазкур дар дубайтии зерин бо як бадеияти зебову ҷаззоб тасвир ёфтааст, ки бисёр хотирмону дилнишин аст:

Заминро бо вафо фарзанд деҳқон,

Ҳамеша бо замин пайванд деҳқон.

Бувад мисли замин босабру тамкин,

Тиҳидасту саховатманд деҳқон [2: 104].

Дубайтиҳои зикршуда тибқи тақозои вазн дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур таълиф шудаанд, ки шакли афоъилии онҳо чунин аст:

V – – – | V – – – | V – –

V – – – | V – – – | V – ~

Яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

Нақиза як навъи адабӣ аст ва он дар таърихи адабиёт собиқаи дуру дароз дорад, ки аз Юнони Қадим маншаъ мегирад. Нақизаро дар Юнони Қадим parodiaмегуфтанд, ки аз сабки асар ва ё шеъри дигарон тақлид мешавад ва онро ба гунаи истеҳзоомез ё нешханд менавиштанд. Нақизаро дар адабиёти рус пародия ва дар адабиёти форсу тоҷик нақизатақлид ва ё аз ҷумлаи танзмешуморанд[3]. Нақизанавис бо тамасхур гирифтани асар ва ё ашъори машҳури шоирони дигар бисёр зираконаю зарифона масъалаҳои фардӣ ва иҷтимоиро баён мекунад, ки инро на ҳар эҷодкор аз уҳдааш баромада метавонад. Зеро масоили матраҳшаванда дар ин навъи адабӣ мушоҳидаҳои ҷолиб ва ҳунари баланди бадеиро бо неруи муқаввои тахайюл тақозо менамояд ва эҷоди он масъулияти ҷиддиро низ дар пай дорад. Яъне, ин ба он маъност, ки на ҳар эҷодкор вобаста ба шароити иҷтимоию сиёсии замони худ ба нақизанависӣ мепардозад. Аз тарафи дигар, нақизанавис бояд халлоқияти тафаккур ва қареҳаи хуб дошта бошад, то назокату нафосати эҷодро риоят кунад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар ашъори Беҳрӯз баёни мармуз, танзу нақиза аст, ки ӯ бо як салосату нафосат ва латофати бо ҳунари нақизасароии ба худ хос ба навиштани ин навъи адабӣ даст задааст ва метавон гуфт, ки вобаста ба мавзуву муҳтавои онҳо муваффақ низ гардидааст. Адабпажуҳ ва шоири хушқареҳа Рустам Ваҳҳобзода дар сарсухани маҷмуаи ашъори профессор Абдушукури Абдусаттор «Нешханд» чунин менависад: «Нақиза жанрест муштарак миёни адабиёт ва нақди адабӣ ва чи шоиставу муносиб аст барои шуғл қарор додани он аз тарафи касе, ки дар ин ду бахш дасти тавоно дорад. Хосса имрӯз, ки ашъори нақизабоб дар сафаҳоти кутуб ва дигар интишороти мо бисёр фаровон аст. Бештари ин ашъор ба ҳадде уфтодаву мубтазил ҳастанд, ки гӯё даъвои онҳо на мақолаҳои илмии танқидӣ, балки маҳз нақиза метавонад бошад. Дар айни ҳол ҳавсалаи нақдпазирӣ ва таҳаммули нақд дар нависандагони чунин осор хеле кам аст.

Нақиза бо вуҷуди лутфу зарофати хосса ин камбудиро аз байн мебарад ва дар айни ҳол завқи суханшиносӣ ва нуктадониро дар миёни шоирон ва хонандагон ривоҷ медиҳад» [1: 6]. Қазовати фавқуззикр басо мӯшикофона буда, маҳз мухтассоти нақизаву танзро фарогир аст.

Беҳрӯз нақизаҳои худро дар жанрҳои маснавиҳои хурд, қитъа, ғазал, суруд ва мусаммати мухаммас эҷод намудааст, ки мо барои баррасии мушаххас аз ҳар кадоми онҳо як намунагӣ ба таҳлил мегирем.

3.Маснавиҳои хурд

Шоёни зикр аст, ки Беҳрӯз 9 маснавии хурди худро ба сурати нақиза дар мавзуъҳои гуногун эҷод намудааст. Мавсуф ба як байти шоир Саттор Шокирзода нақизаеро дар шакли маснавии хурд навиштааст ва онро «Зоғҳо» унвонгузорӣ кардааст. Ин нақизаи Беҳрӯз ҳамон гапи мардумиро дар худ ғунҷонидааст, ки мегӯянд: «Бо шунидани қар-қари зоғ, хабари нохуше дар пай аст». Чунончи:

«Зоғҳоро хислати наҳсина аст,

Қалби ҳар як зоғ пур аз кина аст».

Саттор ШокирзодаҲар куҷое зоғ бинӣ, шав ниҳон,

Чунки бар ту зоғ меорад зиён.

Гар ба боғат зоғ шинад, алҳазар,

Боғ табъи дил намеорад самар.

Гар бубинӣ рӯйи зоғ андар баҳор,

Беҳ, ки нанмоӣ ту ҳаргиз кишту кор.

Зоғро дар хоб бинӣ ногаҳон,

Ман аминам, уфтӣ аз имтиҳон! [1: 17].

Аз нигоҳи ҳунарӣ нақизаи мазкур яке аз нафистарин нақизаҳои Беҳрӯз буда, дар образи зоғ инсонҳои бадҷаҳлу бехосият, кинатӯзу бадрафторро тасвир намуда, таъкид мекунад, ки беҳтар аст, аз дидори ин гуна инсонҳо парҳез намоед.

Маснавии Беҳрӯз тибқи ниёзи авзон дар баҳри рамали мусаддаси маҳзуф эҷод гардидааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

– V – – | – V – – | – V ––

V – – | – V – – | – V –

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

4.Қитъа

Бояд ёдовар шуд, ки ҳама муқаттаоти Беҳрӯз ба сурати нақиза эҷод гардидаанд ва аз нигоҳи шумора дар ашъори мавсуф дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дар ашъори Беҳрӯз 60 қитъа мавҷуд буда, ба мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ бахшида шудаанд ва барои таҳлил яке аз онҳоро мо интихоб намудаем. Қитъаи мазкур «Ба баъзе мунаққидон» ном дошта, аз ноадолатӣ ва ба таври воқеӣ доварӣ ва баҳогузорӣ накардани мутасаддиён ба ҳунар ва истеъдоди эҷодкорон бахшида шудааст, ки бисёр омӯзанда мебошад:

Агар гиред бо дасти муборак,

Мақола, шеър, қисса ё ҳикоя.

Фақат бинед, онро кӣ навиштаст,

Барои танқид ин бошад кифоя.

Агар бошад муаллиф ниммаълум,

Натарсида титу ғозаш бароред.

В-агар бошад аз они шахси машҳур

Ситоишро дареғ асло надоред [1: 28].

Мавзуи қитъаи мазкур яке аз мавзуъҳои мубрами ҷомеаи муосир буда, бо чунин шеваи кор ҳунари эҷодкорӣ ва ҳунарманд хор гардида, шахсони ба ном эҷодкору бесалиқа рӯйи кор хоҳанд омад. Бинобар ин, нақди шеъри мазкур бисёр баҷо ва шикваи саривақтӣ буда, барои аз байн рафтани мушкилоти мазкур аз дастандаркорон масъулияти ҷиддӣ талаб менамояд.

Қитъаи фавқ тибқи тақозои аносири шаклии авзон дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф суруда шудааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

V – – – | V – – – | V – –

V – – – | V – – – | V – –

Яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

5.Ғазал

Халлоқияту ибтикори адабӣ ва нафосату фасоҳати каломи Беҳрӯз дар ғазалҳои нақизавиаш бисёр ҷолибу мондагор буда, дар ин жанри лирикӣ эҷод кардани нақиза кори осоне нест. Ғазал ва ғазалвораҳои Беҳрӯз 29-то буда, аз нигоҳи сохторӣ вобаста ба мавзуи нақиза бисёр ҳунармандона эҷод гардидаанд. Ғазали поён, ки бо номи «Навои ҳавоӣ»дар ҷавоб ба шеъри шоир Ғафур Мулло эҷод гардидааст, яке аз намунаҳои ғазалҳои Беҳрӯз мебошад:

«Булбул, бисаро, ки акка шақ-шақ дорад,

Қурбоққа тамоми рӯз вақ-вақ дорад.»

Ғафур МуллоБар шохи баланд акка шақ-шақ дорад,

Қурбоқ(қ)а даруни ҳавз вақ-вақ дорад.

Ҳудҳуд ба тани чанори сабзи лаби ҷӯй,

Бо нӯли дарози хеш тақ-тақ дорад.

Ғингос занад ҳар тарафе хомӯшак,

Гӯё ба гулӯи хеш ғижжак дорад.

Мо нуқта ба ин шеъраки худ бинҳодем,

Ҳар кас, ки сараш дард кунад, ҳақ дорад [1: 10].

Аз нигоҳи сохторӣ интихоби номи парандаву хазандаву ҳашарот ва корбаст кардани қофияҳои ҳамвазни мувофиқ, ба монанди «шақ-шақ», «вақ-вақ», «тақ-тақ», «ғижжак», «ҳақ» на танҳо мазмун ва муҳтавои нақизавии ғазали мазкурро дилнишин кардаанд, балки аз нигоҳи бадеӣ бисёр ҷаззобу зебо баромадаанд.Ғазали зикршуда дар баҳри ҳазаҷи мусаммани мақбузи абтар иншо гардидааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

– – V | V – V – | V – – – | –

– – V | V – V – | V – – – | –

Яъне: мафъулу, мафоъилун, мафоъӣлун, фаъ.

6.Суруд

Дар ҷомеаи муосири кишварамон вазъи сурудхонӣ, ки як ҷузъи бисёр муҳимми фарҳанги миллист ва ин соҳаи фарҳангӣ бо сабаби рӯйи кор омадани «ҳунармандон»-и тасодуфӣ коста гардидааст, ки ин ҳолат ҳар як шахси бофарҳангу эҷодкорро бетараф намегузорад. Беҳрӯз чунин вазъияти риққатовари ба ном сарояндагону ҳофизонро мушоҳида намуда, дар суруде бо номи «Дар ҳавои «майда»» (Назира ба суруди «Ҳофизон»-и навбаромад) эҷод намудаааст, ки тамоми ҷанбаҳои сохтаи «ҳунар»-и онҳоро тасвир намудааст:

Э, майда, майда, майда,

Бом аз манор майда.

Гӯсола майда аз гов,

Бед аз чанор майда.

Э, майда, майда, майда,

Чашмони ёр майда.

Дар сари мо осмон,

Дар таги помон замин.

Шафтолу нест олу,

Хурмо аст асал барин.

Э, майда, майда, майда,

Кафшои ёр майда.

Моҳӣ ба об зинда,

Тоҷи хурӯс яктост.

Мурғобӣ дум надорад,

Турна баҳор пайдост.

Э, майда, майда, майда,

Қошои ёр майда.

Пулро агар бароред,

Мо хастагӣ надонем.

Бо ҳар забон, ки хоҳед,

Суруди тоза хонем.

Э, майда, майда, майда,

Зулфои ёр майда [1: 47].

Бояд таъкид намуд, ки суруди зикршуда навъи таркиббанди мувассатро ба хотир меорад, зеро дар чаҳор банд мисраи дуюми байти восила (байти восила, восита, васила) иваз мешавад[4]. Дар маҷмуъ, Беҳрӯз 4 суруд эҷод кардааст, ки ба мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ бахиша шудаанд.

Суруди мазкур зубаҳрайн буда, аз нигоҳи авзон дар баҳри музореи муробаи махбуни макшуф ва ё баҳри раҷази мурабаи мақтуи махбун эҷод гардидааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

– – V | – V – –– – V | – V – –

Яъне: мафъулу, фоъилотун.

– – V – | V – –– – V – | V – –

Яъне: мустаъфилун, фаъулун.

7.Мусаммати мухаммас

Яке аз мавзуъҳои меҳварии ҳаҷву нақизаҳои Беҳрӯз чоплусию хушомадзанӣ аст, ки он дар ягона мухаммаси ӯ бо унвони «Нашуд»(Аз забони лаганбардори пушаймоншуда) тасвир ёфтааст ва он як ҷавобия ё нақди хубест ба амали шахсони дурӯяву чоплус:

Рафта бо сардори нав мадҳу сано гуфтам, нашуд,

Васфи ӯро бо ҳазорон ҳиллаҳо гуфтам, нашуд,

Ақли ӯро ман чароғи раҳнамо гуфтам, нашуд,

Курсиаш беҳтар зи тахти подшоҳ гуфтам, нашуд,

Арзи ҳурмат бо қади доли дуто гуфтам, нашуд.

Чун шумо сардор пеш аз ин надидам, – гуфтамаш,

Борҳо васфи шуморо ман шунидам, – гуфтамаш,

Сӯятон аввал бо шодиҳо давидам, – гуфтамаш,

Хайра мақдам, аз Шумо акнун умедам, – гуфтамаш,

Ҳарфи ширин ёфта, аз ҳар куҷо гуфтам, нашуд.

Эътиборе ӯ надод, аммо ба ширин гуфтаҳо,

Гӯш ба ҳарфам надоду ронд аз наздаш маро,

Ман варо бори дигар гӯям агар мадҳу сано,

Кард таъкидам, ки монад, кафши манро пеши по,

Бо тамаллуқ гарчи бар ӯ муддао гуфтам, нашуд.

Ман кунун аз кардаам бисёрҳо шармандаам,

Аз хиҷолат, аз надомат сар ба зер афкандаам,

Бо шиносу ношиноси худ сабаб бар хандаам,

Дар гурез акнун зи шарм аз чашми ҳар бинандаам.

Гардад осон аз хушомад корҳо гуфтам, нашуд [24: 25].

Мухаммаси мазкур аз нигоҳи авзон дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф эҷод гардидааст, ки шакли афъоилии он чунин аст:

– V – – | – V – – | – V –

– V – – | – V – – | – V –

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Падидаҳо ва зуҳуроти номатлубе, ки дар асри муосир ҷаҳонро фарогиранд, мавриди таваҷҷуҳи шоир қарор дода шудаанд. Дар шеъри «Деви асри навин», ки аз нигоҳи сохторӣ онро метавон силсиларубоиҳои дорои микросужа номид, яке аз чунин падидаҳое, ки насли инсонро гирифтор кардааст ва ҳаёти инсонҳоро ба нестӣ мебарад, мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст.

Дар шеъри поён шоир мавриди маводи мухаддир – яке аз доғтарин масъалаи асри навро, маҳкум намуда, насли одамро ба мубориза даъват мекунад:

Имрӯз яке деви дигар аст дар олам,

Деве, ки надидаст чун ӯ на Ҷаму Рустам.

Деве, ки варо ном бувад нашъаву афюн,

Деве, ки варо қасд – ҳалоки бани одам…

Бархез ба разм, эй хиради мардуми олам,

З-ин деви аҷалбор амон деҳ бани одам.

Аз насли башар дур намо васвасаи дев,

Фардо чу бизояд башар солиму бардам… [1: 7].

Хулоса, профессор Абдушукури Абдусаттор на танҳо дар ҷодаи таҳқиқу ковиш, ҷустору пажуҳиш аз тозакорону навоварон аст, тавъам бо он, ӯ аз силки эҷодкорони басо хушқареҳаву соҳибистеъдод ва хушзавқ, хосса дар таълифи рубоию дубайтӣ, суруд, ғазал ва муқаттаот маҳсуб меёбад.

Беҳрӯз, асосан, дар баҳрҳои маъмулии арӯз, аз қабили баҳрҳои ҳазаҷ (45 шеър), рамал (23 шеър), раҷаз (6 шеър), мунсареҳ (5 шеър) ва музореъ (4 шеър) шеър эҷод кардааст ва рубоиёту дубайтиҳои ӯ, ки қисмати асосии ашъорашро ташкил медиҳанд, дар навъҳои баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи абтар навишта шудаанд.

Мавсуф дар ҳафт навъи адабӣ нақиза эҷод кардааст ва аз натиҷаи таҳлил чунин бармеояд, ки нақиза аз нигоҳи жанр ва шакл ба як навъи адабӣ хос нест, балки он дар ҳамаи анвои адабӣ офарида мешавад.

Ашъори тамсилии Беҳрӯз даромехта бо нешханду ҳаҷв ва умуман, нақизаву танз аст, ки маншаъ дар осори тамсилии боғановати адабиёти классикию муосири тоҷик дошта, бо интихоби мавзуъҳои иҷтимоии замони муосир ва дар заминаи таҷриба ва мушоҳидаҳои ӯ эҷод гардидаанд, ки як бахши муҳим ва чашмгири осори Абдушукури Абдусатторро ташкил медиҳанд. Тамсил жанри дӯстдоштаи адиб аст, зеро таъсири ашъори тамсилӣ фарогири ҳамаи ҳирфаву пешаҳо ва умуман, кулли қишрҳои ҷомеа аст ва ин яке аз сабабҳои бартарӣ додан ба он дониста мешавад.

Эҷоди нақиза аз нигоҳи тематикӣ ва жанрӣ метавонад ба бархе аз шеваҳои хушоянду дилчасп, базлагӯйӣ, мутоибот, масоили ахлоқӣ ва парҳез аз ҳарзагӯйӣ роҳ бурд. Илова бар он, аз манзари эҷоди арзишҳои ҳунарӣ-адабӣ метавон аз тариқи эҷоди нақиза ба тафовути арзишмандӣ, муассирии ашъори шоирон пай бурд ва арзиши ҳамаҷонибаи онро мушаххас сохт.

Ҳамзамон, бо коргирӣ аз қонунмандиҳои арӯз ва бо истифода аз санъатҳои маънавию лафзӣ ва дарёфти қофияҳову радифҳо ва ғайра мухтассоти шаклии онро таъин кард, ки ин мухтассот дар каломи ҳунарии Беҳрӯз уҳдабароёна акс ёфтаанд.

АДАБИЁТ

1.Абдушукури Абдусаттор. Нешханд. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 52 саҳ.

2.Абдушукури Абдусаттор. Наҷвои марди мусофир. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 105 саҳ.

3.Абдушукури Абдусаттор. Ташаккул ва таҳаввули рубоӣ дар адабиёти форс-тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2017. – 408 саҳ.

4.Абдулҳасани Зарринкуб. Аз чизҳои дигар. – Теҳрон: Сухан, 1379. – 340 саҳ.

5.Алиакбар Деҳхудо. Чаранд ва паранд. – Теҳрон: Маърифат, 1332. – 134 саҳ.

6.Алиакбар Деҳхудо. Луғатнома. – Ҷ. 48. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1346. – 500 саҳ.

7.Арабнажод Зайнаб, Насрисфаҳонӣ Муҳаммадризо, Шарифӣ Ғуломҳусайн, Муҳаммадӣ Фишоракӣ Муҳсин. Истилоҳшиносии татбиқии нақиза ва пародия // Адабиёти татбиқӣ (Адаб ва забони нашрияи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Кирмон). – Кирмон: Донишгоҳи Кирмон, 1395. – № 15. – С. 245-267.

8.Ғуломалии Фаллоҳ Қаҳрудӣ, Зуҳро Собирӣ Табрезӣ.Нақиза ва пародия // Матншиносии адабиёти форсӣ (Пажуҳишҳои забон ва адабиёти собиқ). –Исфаҳон: Донишгоҳи Исфаҳон, 1389. – № 4. – С. 17-32.

9.Маҳдӣ Ахавони Солис. Садои ҳайрати бедор. Ба кӯшиши Муртазӣ Кохӣ. – Теҳрон: Зимистон, 1371. – 406 саҳ.

10.Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. Қаландария дар таърих. Дигардисҳои як идеология. – Теҳрон: Сухан, 1386. – 456 саҳ.

11.Муҳаммад Қазвинӣ. Ёддоштҳои Қазвинӣ. Бо кӯшиши Эраҷи Афшор. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1337. – 3177 саҳ.

12.Муҳаммад Муин. Фарҳанги форсии Муин. – Иборат аз ду ҷилд. – Ҷ. 2. – Теҳрон: Одино: Китбои роҳи нав, 13814. – 2148 саҳ.

13.Муҳаммадризо Садрниё. Таҳлили таорифи нақиза // Фаслномаи илмӣ-пажуҳишии «Пажуҳиши забон ва адабиёти форсӣ». – Теҳрон: 1389. – № 18. – С. 171-202.

14.Мусулмониён Р. М. Назарияи адабиёт. – Душанбе: Маориф, 1990. – 335 саҳ.

15.Нақиза ва нақизасозон. Бо кӯшиши Валиуллоҳ Дарудиён. – Теҳрон: Зимистон, 1374. – 208 саҳ.

16.Саъид Нафисӣ. Фарҳанги Фаронса ба форсӣ. – Иборат аз ду ҷилд. – Теҳрон: Брухим, 1346. – 2278 саҳ.

17.Симо Дод. Фарҳанги истилоҳоти адабӣ (Вожаномаи мафоҳим ва истилоҳоти адабии форсӣ ва урупоӣ (татбиқӣ ва тавзеҳӣ)) . – Теҳрон: Марворид, 1378. – 594 саҳ.

18.Сируси Шамисо. Анвои адабӣ. – Теҳрон: Интишороти Фирдавсӣ, 1386 – 344 саҳ.

19.Словарь литературоведческих терминов. Ред.-С 48 сост.: Л. И. Тимофеев и С. В. Тураев. – М.: «Просвещение», 1974. – 509 с.

20.Турақул Зеҳнӣ. Санъати сухан. – Душанбе: Адиб, 2007. – 400 саҳ.

21.Фарҳанги тафсириизабони тоҷикӣ. – Ҷ. I. – Душанбе, 2008. – 950 саҳ.

22.Энссиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энссиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, 1989. – 460 саҳ.

Рустам Наботӣ – номзади илми филология, дотсент, мудири кафедраи таърихи адабиёти тољики факултети филологияи ДМТ