Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ

Таърихи таъсис. Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (номҳои пешинааш: забон ва адабиёти тоҷик – 1948-1953; адабиёти тоҷик – 1953-1962; адабиёти советии тоҷик – 1962-1988 то инҷониб – назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ) баробари таъсиси Донишгоҳ арзи вуҷуд карда, аввалин мудири он академик Абдулғанӣ Мирзоев буд. Номбурда дар ташаккули кафедра ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда гузошт ва муносибати кафедраро ба муассисаҳои алоҳидаи илмию таълимии Иттиҳоди Шуравӣ ва Шарқи хориҷӣ барқарор намуд. Асару мақолаҳои академик А. Мирзоев ва махсусан, китобҳои бунёдии «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Биноӣ» (1957), «Абӯабдулло Рӯдакӣ» (1958) ҷойгоҳи адабиётшиносии тоҷикро дар адабиёти форсизабони Эрону Афғонистон муайян намуд.

Солҳои 1952-1980 сарварии кафедраро шогирди академик А. Мирзоев узви вобастаи АИ Тоҷикистон С.Ш. Табаров бар уҳда дошт. Дар ин муддат кафедра ба яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии мактабҳои олии Тоҷикистон табдил ёфт. Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию мунаққидии С.Ш. Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид. Паҳлуҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров, аз ҷумла дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962, нашри дувум 2013), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), «С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Методи таҳлили асари бадеӣ» (1992), «Мунзим. Беҳбудӣ» (2002), «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)» (2008), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (дар ду ҷилд, 2008, 2009), мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифтаанд.

Дар давраи мудирии С.Ш. Табаров дар баробари устодони варзида – Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳиббов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобзода, Зебуннисо Ёрова ба воя расиданд. Услуби тадқиқи С.Ш. Табаров дар пайравӣ ба академик А. Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, С.Ш.Табаров дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд. То замони фавт узви вобастаи АИ Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДМТ С.Ш.Табаров ба ҳайси мушовир фаъолият доштанд. Профессор Раҳим Мусулмонқулов солҳои 1980-1992 ба сифати мудири кафедра фаъолият намуд. Дар ин айём иқтидори илмии кафедра боз ҳам мустаҳкам гардид. Р. Мусулмонқулов масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт ва адабиётшиносӣ, аз қабили афкори назариявию эстетикии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик, робитаҳои адабӣ ва эҷодиёти адибони садаи ХХ-ро мавриди тадқиқ қарор дод ва дар ин соҳа рисолаҳое чун «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик» (1970), «Асрори сухан» (1980), «Поэтикаи классикии форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХV» (1980), «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ» (1983), «Фурӯғи шеъри ҷонпарвар» (1984) «Анъана ва навоварӣ» (1985), «Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ» (1987), «Дарахти дӯстӣ биншон…», «Шеър дар сарчашмаҳои назарӣ» (1377) ва ғайра таълиф намуд.

Мудирии профессор Худойназар Асозода (солҳои 1993-1996) дар оғози даврони Истиқлол, ба давраи аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ душвори Тоҷикистон рост омад. Бо вуҷуди душвориҳои пешомада мавсуф тавонист, ки иқтидори илмии кафедраро нигоҳ дошта, ба парокандашавии устодони соҳибунвони кафедра роҳ надиҳад. Дар ин давра дар назди кафедра кабинети «Махзани адаб» таъсис ёфт, ки он осори нодири илмию адабӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои адабиву фарҳангии дар Тоҷикистон ва хориҷи он чоп гардида ва аксҳои шахсиятҳои фарҳангии ҷумҳуриямонро дар бар мегирад. Таълифоти профессор Х. Асозода, аз ҷумла асарҳои «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» (1991), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997), «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ» (1999), «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) усули нави тадқиқро фаро гирифта дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфият доранд.

Солҳои 1996-2002 вазифаи мудирии кафедра ба зимаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дотсент Ҷӯрахон Бақозода вогузор гардид. Дар ин муддат равобити илмӣ ва фарҳангии кафедра ба муассисаҳои илмию таълимии мамлакат ва берун аз он густариш ёфт ва иқтидори илмии кафедра аз нав қувват гирифт. Рисолаҳои илмию тадқиқотии Ҷӯрахон Бақозода, чун «Падидаҳои тоза» (1974), «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамиди Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007) ҳар кадом як марҳалаи тозае дар танқиди адабии тоҷик мебошанд. 

Солҳои 2002-2010 мудирии кафедра ба уҳдаи профессор А. Кӯчарзода вогузор шуд. Номбурда чун дастпарвари факултети филология анъанаи устодони рашидро идома дода, баҳри густариши фаъолияти корҳои илмию тадқиқотии аъзои кафедра, конференсияву нишастҳои умумидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ ва масъалаҳои муҳимми адабиёти давраи нави тоҷик ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ дод. Таълифоти профессор А. Кӯчарзода, аз ҷумла рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Айнӣ» (1982), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (2002) чун тадқиқоти тозаву муҳим дар соҳаи нақди матни адабиёти давраи нави тоҷик арзиш доранд.                  

Аз моҳи октябри соли 2010 то моҳи декабри соли 2012 вазифаи мудири кафедра дигарбора ба уҳдаи профессор Х. Асозода вогузор гардид. Дар ин фосила низ анъанаи неки кафедра ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастуру воситаҳои таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони унвондор идома ёфт. Таълифи китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик» (давраи нав) дар ҳамин давра аз ҷониби профессор Х. Асозода анҷом дода шуд.

Аз оғози соли 2013 вазифаи мудирии кафедраро дотсент М. Зайниддинзода то соли 2022 ба уҳда дошт. Дар ин муддат равобити илмӣ ва фарҳангии кафедра ба муассисаҳои илмию таълимии мамлакат, бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон густариш ёфт ва иқтидори илмии кафедра қувват гирифт. Аз ҷумла, дар ин давра устодони кафедра Қ. Муҳаммадизода ва И. Бобомаллаев рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуданд.

Аз оғози соли 2022 то ин замон вазифаи мудирии кафедраро дотсент Қ. Муҳаммадизода ба зимма дорад.

Ҳайати устодони кафедра. Ҳоло дар ҳайати кафедра академик Муҳаммадюсуф Имомзода, докторҳои илмҳои филология, профессорон Аламхон Кӯчарзода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Равшан Раҳмонов, Сироҷиддини Эмомалӣ, номзадҳои илмҳои филология, дотсентон Муртазо Зайниддинзода, Рустам Ваҳҳобзода, Боймурод Шарифзода, Наврӯз Қаландаров, Қарор Муҳаммадизода, Илҳомҷон Бобомаллаев, муаллимони калон Ҳафиз Раҳмонов, Зебуннисо Ёрова ва ассистент Аҳдия Нуриллозода фаъолият доранд.          

Донишманди фақид Худойназар Асозода дар ҳамин кафедра ба камол расида, то лаҳзаи охири ҳаёт ба сифати мудир ва профессори кафедра фаъолият намудааст. Ҷойи ифтихор аст, ки собиқ вазиронии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи АМИТ, ҳоло академикҳо Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Муҳаммадюсуф Имомзода дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ сабзидаанд.

Соҳаи фаъолияти кафедра. Устодони кафедра оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимтарини адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, афкори адабиву эстетикӣ, матншиносӣ, равобит ва ҷараёнҳои адабӣ тадқиқот мебаранд. Алҳол таҳқиқоти илмии кафедра таҳти унвони «Назария ва ташаккули адабиёти навини форсии тоҷикӣ, масъалаҳои фолклоршиносӣ ва робитаҳои адабӣ» дар 14 самт ҷараён дорад.

Ширкати устодони кафедра дар анҷуману симпозиумҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ самаранок аст ва он дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфт. Суханрониҳои профессор А. Кӯчарзода дар дувумин ҳамоиши миллии эроншиносӣ (Теҳрон, даймоҳи соли 1338 шамсӣ), панҷумин Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷик (Душанбе, марти 2006), профессор А. Маҳмадаминов дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ (Теҳрон, июни 2005), профессор Р. Раҳмонов дар кишварҳои Амрико (2000, 2001), Олмон (2001, 2005, 2010), Фаронса (2006), Италия (2006), Эрон (1992, 1994, 2011), Ҳиндустон (1989), Япония (1998), Австралия (1998), Афғонистон (1984), Австрия (2006), Англия (2007), Арманистон (2004), Гурҷистон (2007), Корея (2010), Қирғизистон (1999), Маҷористон (2002), Муғулистон (2010), Норвегия (2008), Туркия (2007), Шведсия (2011, 2014), ӯзбекистон (2001), Юнон (2006), Россия(1998) дар мавзуъҳои гуногуни фолклори тоҷик суханронӣ кардааст. Р.Ваҳҳобов дар ҳамоиши байналмиллалии Шеъри ҷаҳон (2009), конференсияҳои илмӣ дар донишгоҳҳои Эрон (2011, 2012, 2013) ва дотсент М. Зайниддинзода дар 6-умин Анҷумани байналмиллалии ноширон ва тарҷумонҳо Ереван (2012) намунаи чунин фаъолият мебошад.     

Фаъолияти таълимию методии кафедра. Кафедра ба ҷараёни таълим, сифати илмию назариявӣ ва методии машғулиятҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Таълифи барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон қисми таркибии кори муаллимони кафедра ба шумор меравад. Ҳанӯз соли 1948, дар соли аввали таъсиси УДТ, дастури таълимии С.Ш. Табаров барои муаллимони адабиёт бо номи «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» дастраси донишҷӯён гардид ва минбаъд устод Табаров оид ба фанҳои марбути кафедра – таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав), назарияи адабиёт, таърихи нақди адабӣ дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ таълиф мекунад: «Программаи таърихи адабиёти советии тоҷик» (барои шуъбаи филологияи УДТ, 1950), «Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ», (қисмҳои 1 ва 2, барои шуъбаи филологияи тоҷики УДТ, 1980, 1983) ва ғайра.                    Минбаъд фаъолияти кафедра дар таълифи дастуру васоити таълимӣ беш аз пеш вусъат ёфт. Ба табъ расидани китобҳои таълимии Р. Мусулмонқулов «Анъана ва навоварӣ», «Назарияи адабиёт» дастури методии А. Маҳмадаминов «Мавзуъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони ғоибхони факултаҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В.И. Ленин» (1984), Х. Асозода, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи корҳои курсӣ аз адабиёти тоҷик барои донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ» (1990), А. Давронов, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи рисолаи дипломӣ аз адабиёти тоҷик (форсӣ)» (1993) далели равшани ин фикр аст.    Солҳои охир дар кафедра дар асоси таҷдиди назар ба таърихи адабу фарҳанги садаи ХХ барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсии бисёре таълиф ёфта, дастраси устодону донишҷӯён гардидаанд, ки китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 11 (Х. Асозода ва А.  Кӯчарзода), дастурҳои таълимии «Се маорифпарвар дар бораи амирони Манғит» (С. Табаров), «Нақди матни осори Айнӣ» (А.  Кӯчарзода), Р. Раҳмонов «Кори майдонӣ» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (М. Зайниддинзода), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (Ҳ. Раҳмонов) ва барномаҳои таълимии «Адабиёти саддаи ХХ-и форсию тоҷикӣ» (Х. Асозода, А.Раҳмонов), «Фолклори тоҷик» (А. Сӯфизода), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (А. Маҳмадаминов), «Адабиёти иттиҳод» (М. Зайниддинзода), «Матншиносӣ» (А.  Кӯчарзода) намунаи онҳо мебошад.        

Тадқиқот ва рисолаҳои А. Маҳмадаминов, Р. Раҳмонов, А. Раҳмонзода, М. Имомзода, А. Сӯфизода, Б. Шарифзода ва С. Эмомалӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба эътирофи олимони машҳури адабиётшинос сазовор шуданд. Чунончи, М. Давлатов «Ғазал ва анъанаи он дар эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ» (1974), А. Маҳмадаминов «Ҷустуҷӯи ҳақиқат (1994)», «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддин Айнӣ – олим (2010)», Р.Раҳмонов «Афсона ва дигар жанрҳои насри шифоҳӣ» (1999), «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажуҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (2001), А. Раҳмонзода «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004), М. Имомзода «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С.Айнӣ» (2004), Ҷ. Бақозода «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), А. Сӯфизода «Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик» (1977), «Фолклор – афкори эстетикӣ ва иҷтимоии халқ» (1982), «Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик» (1992), «Фолклор – ҳамрадифи таърих» (1994), «Фолклор – махзани сухан» (2007), «Сухан – ҷавҳари фикр» (2009), «Фолклор –ҳамрадифи таърих» (1994), «Турсунзода ва фолклор» (2011), М. Зайниддинзода «Адабиётиҷаҳон» (2000), «Хусусиятҳои ритмӣ ва поэтикии назми муосири тоҷик» (2009), «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» (2012), С. Эмомалӣ «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода» (2003) паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои насру назми давраи нави адабиёти тоҷикро фаро гирифта, ба таваҷҷӯҳи олимони машҳури хориҷӣ, чун Иржи Бечка, Е.Э.Бертелс, А.Н. Болдирев, Парвиз Нотили Хонларӣ, Манфред Лоренс ва дигарон сазовор гардидаанд. Монографияи профессор А. Кӯчарзода таҳти унвони «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии С.Айнӣ» соли 2003 ба Ҷоизаи адабии Айнӣ сазовор дониста шуд. Инчунин китоби профессор Равшан Раҳмонов соли 2003 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши сол мушарраф гардид. Аз вақти таъсиси кафедра то имрӯз миқдори асару мақолаҳои чопшудаи муаллимон ба бештар аз чаҳор ҳазор мерасад. Дар таърихи кафедра бори аввал соли 1981 маҷмуаи илмӣ бо номи «Маҳорати эҷодии Мирзо Турсунзода» нашр гардид. Баъд анъанаи чопи маҷмуаи мақолаҳои устодони кафедра бо унвони «Ҷустуҷӯҳои адабӣ» расм шуд, ки то ҳол 8 ҷилди он ба чоп расидааст.

Кафедра бо марказҳои илмии Эрон, Афғонистон, Чехословакия, Булғория, Лаҳистон, Италия ва бо донишгоҳ, донишкадаҳои тадқиқотӣ ва педагогии Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Одесса, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ғайра робитаи пурсамари илмӣ дорад. Кафедра дар тӯли мавҷудияти худ даҳҳо рисолаҳои докторӣ ва номзадиро аз муасисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ муҳокима ва баҳимоя тавсия намудааст. Алҳол ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди кафедра ба пажӯҳиш машғуланд.

Тарбияи кадрҳои илмӣ. Кафедра дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи адабиёт хизмати арзанда мекунад. Дар назди кафедра маҳфилҳои «Нақди адабӣ» ва «Адибони ҷавон» амал мекунанд, ки нақши онҳо дар тарбия ва рушду камоли мутахасисони соҳаи филологияи тоҷик калон аст. Як зумра адибони намоёни ҷумҳурӣ парвардаи маҳфили «Адибони ҷавон» мебошанд. Барпо намудани ҷашни адибону олимони маъруф, вохӯрӣ бо адибону донишмандон, шабҳои адабӣ ва ғайра дар кафедра ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончи, соли 1980 нахустин бор нишасти «Солонаи Мирзо Турсунзода» гузаронида шуд ва ҳар сол ин чорабинӣ дар рӯзи мавлуди шоир мунтазам идома дорад. То ҳозир 38 маҷлиси Солонаи устод Турсунзода баргузор шудааст.                                                         

Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ минбаъд дар асоси қарору дастурҳои ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мактабҳои олии мамлакат ва фармону супоришҳои раёсати ДМТ амал намуда, паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва фолклори халқҳои форсизабонро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор медиҳад ва равобити ҳасанаро бо муассисаҳои илмию таълимии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон ва баъзе дигар мамолики хориҷӣ густариш медиҳад. Дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи филологияи тоҷик саҳмгузорӣ карда, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимиро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад.

nqaror@mail.ru

Душанбе к. Аҳмади Дониш 32/3, хуҷраи 20.

(992) 935-08-51-29

Муҳаммадизода Қарор Муҳаммадӣ (номзади илми филология, дотсент), 26-уми апрелии соли 1975 дар деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад. Ӯ таълимгирифтаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 1998 ин даргоҳи таълимиро бо дипломи “аъло” хатм намудааст. Фаъолияти минбаъдааш ба њамин донишгоњ иртибот дошта, њоло дар ин махзани илму адаб ба сифати устод кору амал дорад.   

Мавсуф аз моҳи ноябри соли 1998 то моҳи октябри соли 1999 ба ҳайси муҳаққиқ коромӯзи калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДДМТ фаъолият намудааст. Се соли баъдї (1999-2002) Қ.М.Муҳаммадизода дар шуъбаи рӯзонаи аспирантури Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Баъди хатми бахши аспирантура фаъолияти омӯзгориро идома дода, аз моҳи феврали 2003 то моҳи декабри 2007 ба ҳайси ассистент ва аз моҳи январи 2008 то 2020 ҳамчун муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2008-2015 бошад вазифаи муовини декан оид ба таълимро дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳ ба ӯҳда доштааст. Аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб дар вазифаи мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор дорад.

 Муҳаммадизода Қарор Муҳаммадӣ зиёда аз даҳ сол дар атрофи масъалаҳои таҳаввули насри психологии тоҷик таҳқиқу пажӯҳишҳо анҷом дода, натиҷаҳои илмии бадастовардаашро 13 июни соли 2019 зери унвони “Саттор Турсун ва таҳаввули насри психологии тоҷик” дар қолаби рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

Муҳаммадизода Қ.М. зиёда аз 60 маќолаву рисола ва китобу дастурњои таълимӣ ба табъ расонидааст. Натиҷаҳои таҳќиќоти илмии ӯ дар мақолаҳои “Хунари қиёфанигорӣ дар повести “Мегӯянд, ки модарам…” -и Саттор Турсун”(2004), “Монолог воситаи тасвири бадеӣ” (2004), “Хоксории устод зиннати хиради ӯст” (2007), “Дунёи пурғановати таҳқиқ”(2007), “Ковишҳо дар қалбу рӯҳи инсон”(2014), “Адиби болиғназар” (2014), “Ташаккули насри психологӣ дар адабиёти тоҷикии асри ХХ” (2016), “Андешаҳо оид ба романи “Гардиши девбод” (2016), “Правда жизни и социальная действительность в повести “Камен за пазухой к урагану” Саттора Турсуна” (2017), “Нависанда ва воқеияти замон” (2018), “Аввалин падидаҳои насри психологӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик” (2018), “Чашмандозе ба психологизми насри Садриддин Айнӣ” (2018) ва китоби “Саттор Турсун ва таҳаввули насри психологии тоҷик” (Душанбе: Сино, 2022. – 243 с.) мунташир шудаанд.

Дар мақолаҳои илмию омавии “Нақш дар санг монда, фахри Тоҷикистон шуд” (2008), “Тавсиаи роҳу усулҳои нави таълим (2008), “Шаст нахли пурсамар” (2010), “Дуруст бинависем” (2016), ”Пажӯҳишгари фаррохназар” (2017),  “Равзанаи ошноӣ” ( 2017), “Ба андешаи тоза дар гулистони сухан”  (2017), “Ноқиди беғараз” (2017), “Ноқиди беғараз ва берӯю риё” (2017), “Ҳомии вазну тамкини сухан” (2017), “Бузургдошти Абдулғанӣ Мирзоев”  (2019), “Мунодии дӯстии халқҳо ва адабиётҳо” (2019), “Вестник дружбы народов и литератур” (2019), “Илм аст шерозаву ҷузъи саодати ӯ” (2019), “Соҳибмақоме дар кишвари илму маърифат” (2019), “Робитаҳои адабӣ – омили рушди адабиёти миллӣ”  (2020), “Дар як сухан ҳақиқати ҳар кас аён шавад…” (2020),  “Андешаҳои тоза дар шинохти Айнӣ” (2020), “Заҳмат, масъулият ва хоксории устод” (2021), “Аз пайраҳаи одамият то манзили саодат”  (2021), “Олими заҳматпеша ва дӯсти содиқ” (2021), “Турсунзода ва адабу фарҳанги миллӣ” бошад масъалаҳое доир ба   адабиёту ҳунар, таълиму тарбия матраҳ шудаанд. Ҳамчунин, дар баъзеи ин навиштаҳо шахсият ва фаъолияти адабӣ, илмию муҳаққиқии адибону пажӯҳандагон баён шудаанд.

Ҳоло Муҳаммадизода Қарор дар таҳқиқу баррасии мавзуи “Тасвири бадеии инсон дар насри солҳои 60-80-уми асри ХХ”машғул аст. Умед аст, ки дар оянда доир ба мавзуи мавриди назар мақола ва китобу рисолаҳояш ба дасти хонандагон мерасад.  

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ – доктори илмҳои филология, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи назария ва адабиёти  навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

28-уми апрели 1959 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи   В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1991 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1991 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Ҳунари портретофарӣ дар насри Садриддин Айнӣ» ва соли 2002 рисолаи докториашро дар мавзуи «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» дифоъ намудааст.

 Дар соли 1999 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷистон», соли 2011 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Дӯстӣ», Грамотаи Сарони давлатҳои ИДМ, Грамотаи Кумитаи иҷроияи Котиботи ИДМ, нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016) ва як қатор ифтихорномаву мукофотҳои ватаниву хориҷӣ қадрдонӣ шудааст.

Имомзода Муҳаммадюсуф аз соли 2011 инҷониб Корманди фахрии таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, аз соли 2013 доктори фахрии Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз соли 2013 доктори фахрии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ва аз соли 2018 Доктори фахрии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н. Елсин мебошад.

Муаллифи китобҳои «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001), «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ» (2007), «Хирмани андеша» (2010) ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1991-1999 муовини декани факултети филологияи ДДМТ оид ба таълим; солҳои 1999-2004 декани факултети филологияи ДДМТ; солҳои 2004-2012 ректори Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2012 то январи 2020 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2020-2022 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2009-2012 Раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон; аз соли 2013 то ҳол Раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2017 раиси Шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори  фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D020500 – филология, 6D021000 – филологияи хориҷӣ, 6D050400 – рӯзноманигорӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Душанбе, н.Фирдавсї, кўчаи Н.Ќарабоев, бинои 150/2, њуљраи 32.

Тел.: 905-50-79-80

Кӯчарзода Аламхон – узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

 4-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини (пеш Шуроободи вилояти Хатлон) ба дунё омада, соли 1964 мактаб-интернат, соли 1969 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1976 шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1978 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С. Айнӣ» ва соли 1997 рисолаи докториро дар мавзуи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» дифоъ кардааст.

Аламхон Кӯчарзода соҳиби рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми М. Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994», «Нақди матни осори С.Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри  С.Айнӣ» (2002), Адабиёти тоҷик барои синфи 11-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (бо ҳаммуаллифӣ – 2007, 2011, 2015), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), китобҳои бадеии «Сад рубоӣ» (2012), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (2013), «Бобо ва набераҳо» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), Фаъолияти муҳассилӣ ва омӯзгории устод Айнӣ (2018), “Нақди матн ва нақди адабӣ” (2017), “Матншиносӣ” (2018), “Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият” (бо ҳаммуалифӣ, 2020), “Замзамаи Роғун” (2018), “Аз дастҳои наҷобату гулрез” (2022), “МИрзо Турсунзода” (2021), “Матнҳои илмии қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и С. Айнӣ ва матнҳои саҳеҳи қиссаҳои «Одина» (2015), «Марги судхӯр» (2015), рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст. Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, се рисолаи ин мутафаккирро ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои ниёгон ба чоп омода намуд, ки бо номи «Се рисола»-и Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2015) ба табъ расид. Инчунин соли 2015 Кӯчаров бо ҳаммуаллифии Ҷ. Ҷӯрабоев, С. Муллоҷон, А. Сайфуллоев китоберо бо номи «Маориф – гарави пешравии ҷомеа» (2015) ба табъ расондаанд. Китоби «Муҳаққиқи соҳибмактаб»  ғолиби «Озмуни сол – 2014» гардида, сазовори дипломи Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: Солҳои 1980 – 1988 роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и факултети филологияи тоҷики Институти давлатии омӯзгории ба номи Рӯдакии Кӯлобро ба уҳда дошт. Солҳои 2002-2011 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ. Солҳои 2011-2016 сарходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз моҳи июни соли 2016 то ҳол ба ҳайси профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ фаъолият дорад. Аз соли 2003 то ҳол узви бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2007 – 2009 узви Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то ҳол узви Шурои диссертатсионии ДМТ аст. Аз соли 2007 то соли 2016 узви комиссияи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мебошад.

Зери роҳбарии А. Кӯчарзода 5 унвонҷӯ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Профессор А. Кӯчарзода бо нишони “Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1995), “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2008), ордени “Дӯстии халқҳо” (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003) сазовор гаштааст.

Душанбе, н.Сино, кўчаи Гипрозем, хонаи 36, њуљраи 134.

Тел: 918-10-23-15

Маҳмадаминов Абдулҳай Саидович – доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии фаултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

1-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Муллоконии ноҳияи Сари Хосори вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1973 Университети давлаии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм карда, соли 1993  рисолаи номзадиро дар мавзуи “Намунаи адабиёти тоҷик”–и  С. Айнӣ ва ҷараёни адабии солҳои 20-ум” ва соли 1997 рисолаи докториро дар мавзуи “Садриддин Айнӣ ва ташаккули адабиётшиносии муосири тоҷик” (дар асоси “Намунаи адабиёти тоҷик”) дифоъ намудааст.

 Маҳмадаминов Абдулҳай ба нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»  (1999)  сарфароз гардидааст.

 Маҳмадаминов Абдулҳай танҳо дар хусуси асари бунёдии С. Айнӣ тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» беш аз 100 мақола ва чор монография «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1994, ба забони русӣ), «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддинхоҷаи Айнӣ ва сарнавишти тоҷикон» (2008) ба табъ расонидааст.

Маҳмадаминов Абдулҳай матни илмию интиқодии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии «Тартил-ул-Қуръон», «Таҳзиб-ус- сибён»,  «Зарурийёти динийя», «Намунаи адабиёти тоҷик» -и С. Айнӣ, «Мухтасари таърихи Ислом», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайру-л- башар», «Мусулмонони Дорурроҳат», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Баёноти Сайёҳи Ҳиндӣ», «Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв)», «Раҳбари  наҷот», «Намунаи ганҷи шойгон», «Бародари меҳрубон»-и А.Фитрат, «Дафтари сабз»-и Сомеи Одиназодаи  Хатлонӣ, «Маданият  ва  вазоиф»,  «Шариати  исломия ва тараққиёти мадания»-и Сайид Аҳмади Васлии  Самарқандӣ, «Василат-ун – наҷот» – и Муҳаммадҳусайни  Ҳоҷиро омода ва ба зевари табъ ороста аст.   

Тарҷумаи китоби дарсии С. Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида», осори шарқшиносони рус А. Д. Гребенкин «Тоҷикони округи Зарафшон», «Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб» ба қалами устод Маҳмадаминов А. тааллуқ дорад.

Фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ қисми таркибии фаъолияти тадқиқотии Маҳмадаминов Абдулҳай мебошад. Таснифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони «Фарҳанги Асалмоҳ», осори фолклории «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам», «Маликаи зебоҳусн», «Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 

 Барнома ва дастурҳои таълимии «Программаи адабиёти тоҷик» (1984), «Мавзуъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони ғоибхони факултетҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В.И.Ленин» (1984), «Дастури методӣ оид ба кори амалии шуъбаи тайёрӣ» (1987), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (1996 – 2012), «Адабиётшиносии муқоисавӣ» (2012), «Мактабҳои адабӣ» (2013, 2016), «Назарияи адабиёт» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (2013), “Адиби мубориз”(1998), “Поиски истины («Образцы таджикской литературы» в борьбе за права таджикского народа)” (1994), “Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ (тазкираи С. Айнӣ «Намунаи  адабиёти  тоҷик»)”(1998), “Ислом – нурбахши адабиёт ва  фарҳанг”(2004), “Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ”. Дафтари сабз. (2004), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Сухан аз корномаи устод Лоҳутӣ» (2007), «Садриддини Айнӣ – олим» (2010), «Сайид Садриддинхоҷаи Айнӣ. Духтарбача ё ки Холида» (2010), «Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрати  Бухороӣ.  Раҳбари наҷот» (2011), «Родмарде аз Самарқанди бостон» (2012), «Маликаи зебоҳусн. Афсонаҳои Сайиди Маҳмадӣ дар сабти Абдулҳай Маҳмадаминов» (2016)  ва муаллифи зиёда аз 400 мақола аст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1984 – 1992 ҷонишини декани шуъбаи тайёрии ДМТ; солҳои 1996 – 1999 ҷонишини декан оид ба шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи ДМТ; аз соли 2009 то соли 2016 раиси Шурои илмию методии факултети филологияи ДМТ;  роҳбари  маҳфили илмии «Нақди адабӣ»-и факултети филологияи ДМТ мебошад. Аз соли 2009 то соли 2016 узви Шурои илмию методии ДМТ.

ravrahmon@mail.ru

Душанбе к. Айнӣ 64-Е, хуҷраи 4.

91-989-02-08

Равшан Раҳмонӣ (Раҳмонов Равшан Қаҳҳорович).

д.и.ф, прфессор

Раҳмонӣ 28 ноябри с. 1954, д. Пасурхӣ, н. Бойсун, Ӯзбекистонт таваллду шудааст. Доктори илмҳои филологӣ (1998), профессор (2000), фолкоршинос, шарқшинос, мардумшинос, адабиётшинос, таърихнигор, журналист. Мактаби миёнаро соли 1972 дар зодгоҳаш хатм намуда, с. 1972  ба факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро с. 1977 хатм кард. Аз сентябри соли 1977 то 1978 дар Комитети радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон, ба ҳайси муҳарир кор кард. Аз сентябри с. 1978 то 1981 лаборанти калони факултети филологияи тоҷик УДТ буд.

Аз 16 марти соли 1981 то 27 августи 1985 дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон тарҷумон буд. Пас аз баргаштан ба Тоҷикистон: Омӯзгори УДТ (1985-1986), асперанти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии Лабороторияи бостоншиносӣ, этнография ва фолклори ДМТ (1990-1991), муаллими калони Кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷики ДМТ (1991-1993), дотсенти ҳамон кафедра (1993), докторант (1993-1997) буд. Баъдан дотсент (1997-2001) ва профессори (2000 то имрӯз) ҳамн кафедра аст.

Бунёдгузор ва сардабири гоҳномаи «Мардумгиёҳ» (1993-2003) ва созмони фарҳангии ғайридавлатии «Пажӯҳишкадаи мардумшносӣ» (1993-2004) буд. Рисолаи номазадиро зери унвони «Назми шифоҳии таълифии даризабонони Афғонистони муосир» (МГУ, 14 ноябри с. 1989) ва рисолаи докториашро таҳти унвони «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репертуар, вазъият ва маҳорати афсонагӯён дар асоси пажӯҳиши майдонӣ)» (ИЗА ба номи Рӯдакӣ АМИТ, 24 сентябри 1998) дифоъ намудааст.

Аз соли 2006 то имрӯз ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и созмони байналмилалии «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» аст. Ба таври мунтазам бо таҳқиқи масъалаҳои фолклоршиносӣ, шарқшиносӣ, адабиётшиносӣ, таърихи гуфторӣ, мардмшиносии тоҷикон ва форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва тоҷикони Ӯзбекистон ва осори ховаршиносони кишварҳои Австралия, Осиё, Аврупо, Амрико машғул аст. Муаллиф ва таҳиягари беш аз 60 китобу маҷмуа ва беш аз 1350 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 18 китоб ва мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст.

Раҳмонӣ дар экспедитсияҳои фолклорӣ иштирок намуда, ба воситаи дафтару худкор, диктофон, видео аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Сарбанд, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Сангвор, Варзоб, Файзобод, Ғончӣ, Истаравшан, Ҳисор, Рӯдакӣ, Айнӣ, Ваҳдат, Ромит; ҳамчунин аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон маводи фолклорӣ гирд овардааст. Ӯ аввалин фолклорошиноси тоҷик аст, ки бевосита аз байни мардуми Эрон, аз ҷумла зардуштиён, матнҳои фоклорӣ ва этнографӣ гирд овардааст. Бахше аз ин матнҳоро дар китоби Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ) (1996) дар маҷаллаи «Мардумгиёҳ» (1993-2003) ба нашр расидааст.

Дар бойгонии ӯ беш аз 30 ҳазор саҳифа дастнавис, 12 100 сурат, 524 касети сабти овоз, 88 навори видео оид ба фолклор, расму оин, таърихи гуфторӣ, гуфтугӯҳо мавҷуд аст.

Соли 1984 бо ҳамкории профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуровро аз алифбои тоҷикӣ ба форсӣ баргардон кардаст.

То ба имрӯз китобҳои зерини ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар чоп шудааст: «Намунаҳои фолклори дарӣ» (дар 3 ҷилд, Кобул, 1985), «Простонародная литература современного Афганистана” (дар 2 ҷилд, Москва, 1994); «Афсонаҳои дарӣ» (Теҳрон, 1994, 1998); «Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (Душанбе, 1996); «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшани Раҳмонӣ» (Москва, 1997); «Қиссаҳо, ривоятҳо ва дуоҳои Бухоро дар сабти Раҳмонӣ» (Душанбе, 1998); «Сказки сказочники персоязычных народов» (Москва, 1998); «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Душанбе, 1999); «Проблемы устной поэзии и прозы в творчестве персоязычных народов» (Москва, 2000); “Роҷеъ ба таърихи гирдоварӣ, нашр ва омӯзиши адабиёти омиёнаи тоҷик”. (Washington DC – 2000, ба форсӣ), «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (Душанбе, 2001; Теҳрон, 1380=2001); «Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition (With video-records)» (Будапешт, 2002); «Афсонаҳои нодир» (Пешовар, 2003, 2005); «Тамаддуни ориёӣ (маҷмуаи гуфтугӯҳо)» (Душанбе, 2006); «Фиристодаи доно ва тавоно» (Душанбе, 2006), «Достони Барзу дар гуфтори Ҷӯра Камол» (Душанбе, 2007), «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (Душанбе, 2008), “Кори майдонӣ: Роҳнамои гирдоварии фолклори тоҷик) (Душанбе, 2009, 2010), «Баёзи эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (дастури таълимӣ” (Душанбе, 2010), «Як афсона дар баёни чор насл» (Пажӯҳш ва матн) (Душанбе, 2011), «Фарёди бесадо» (Гуфтугӯ бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Душанбе, 2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугӯ бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Душанбе, 2012), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013) “The Story of Barzu: As Told by Two Storytellers From Boysun, Uzbekistan”. Leiden University Press, 2013. – 146 p., “Насри гуфтории тоҷикони Бухоро (Пажӯҳиш ва матнҳо)” (2014; 2015), «Афсонашиноси ҷаҳонӣ (Гуфтугӯ бо профессор Улриш Марзулф (Ulrich Marzolph))» (2015), «Афсона дарси зиндагист (Гуфтугӯ бо Саидаҳмади Вакилиён аз Эрон ва Кику Сакуроӣ аз Япония)» (2015), «Краткое описание этногенезиса таджикского народа” («The review of Central Asian Studies» (2015), “Оши палови тоҷикӣ” (2015), “Палав шоҳи таомҳо” (Кобул, 2016), “Оинаи ҷаҳоннамо” (2016), “Шоҳнома дар байни тоҷикон” (2017), “Меҳргон дар Тоҷикистон” (ҳаммуаллиф бо А. Раҳмонзода, 2018), “Шинохти адабиёти гуфторӣ пас аз Истиқлоли Тоҷикистон” (2018), “Наврӯз дар Ӯзбекистон” (2019), “Гуфторе чанд аз эроншиносӣ дар Шведсия” (2019), “Муши тиллоӣ” (2019), “Адабиёти гуфтории тоҷикон” (ҳаммуаллиф бо С.Қосимӣ, 2020), “Ҷашнҳои бостонии тоҷикон (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада)” (2020), “Фоклори тоҷикон: дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ” (2021), “Лингвофолклористика, этнолингвистика ва фолклор” (2022), “Фарҳанги гуфторӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода” (2022), «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон” (2022) ва ғ.

Ӯ маҷмуаи “Афсонаҳои халқи тоҷик”-ро, ки Р.Амонов бозгӯяндаи он аст, таҳти унвони «Афсонаҳои мардуми тоҷик» бо илова ва виросторӣ дар се ҷилд ба чоп омода кардааст. Ин маҷмуаи соли 2013 дар се қисм бо номҳои «Афсонаҳои тамсилӣ» (қисми 1, дорои 49 матн), «Афсонаҳои сеҳромез» (қисми 2, дорои 24 матн), «Афсонаҳои маишӣ» (қисми 3, дорои 62) ва соли 2017 зери унвони “Афсонаҳои халқи тоҷик” бо тасвирҳои ранга  ба нашр расид.

Бозгӯяндаи ҳафт афсона аз “Баҳористони” Ҷомӣ аст, ки бо тасвирҳои ранга барои хурдсолон чоп шудааст: “Саги қаноатманд” (2015), «Рӯбоҳ, гург ва саг» (2015), «Кабӯтар ва мурғи хонагӣ» (2015), «Гунҷишк дар хонаи лаклак» (2015), «Каждум ва сангупушт» (2015), «Рӯбоҳи лоғар ва гурги шикамкалон» (2015), «Товус ва зоғ» (2015) ва ҳамчунин “Масалҳо аз «Баҳористон»-и Ҷомӣ” (ҷ.1, ҷ.2, 2019) “Гурбаи думбурида” (2019).

Мақолаҳои зиёди илмии ӯ ба забонҳои хориҷӣ, дар маҷаллаҳо ва китобҳои илмӣ чоп шуда аст: «Симои зани фидокор дар достони “Бежан ва Манижа” (Афғонистон, 1984), «Об изучении и характере устной индивидуальной дариязычной поэзии современного Афганистана» (МГУ, 1989), «Шоирони маҳаллӣ ва зарурати сабту баррасии осори онҳо» (Эрон, 1990), «Old Tradions Preserved by Folk Singers» (Asia and Africa today, 1991, №2, англисӣ, фронсавӣ, португалӣ, арабӣ, форсӣ, русӣ), «Унсурҳои фарҳанги Эрони бостон назди тоҷикони Бойсуни Ӯзбекистон» (Париж, 1997); «Чеҳраҳои воқеӣ, афсонавӣ ва суннатҳои мардумӣ яке аз воситаҳои тасвири бадеии Камоли Хуҷандӣ» (Эрон, 1997), «Шоҳнома дар фолклори тоҷикон» (Australia, 1998), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ниёгон» (Париж, 1998), «Симои як афсонагӯи бухорӣ аз нигоҳи устод Айнӣ» (Бухоро, 1998); «The History and Present State of Folklore Studies and Archiving in Tajikistan» (Washington DC, 2000); «Фольклор и традиционная культура в труде Наршахи “История Бухары” (Iran & Сaucasus. Yerevan, 1999-2000. Vol. 3-4); «О сказителях персоязычных народов» (М., 2001); «Гендер ва афсонаҳои тоҷикӣ» (Будапешт, 2001), «Авеста и её устная традиция» (2001), «Таджикская традиционная культура в контексте мировой цивилизации» (2002), «The Role of Surud in the Mughul Dukhtar Legend» (2003), «Шинохти фарҳанги мардумии Эрон дар Тоҷикистон» (2009), «Нигоҳе ба қисса, қиссагӯӣ ва қиссахонӣ» (2009), «Studying of Tajik National Heroic Epics: Some problems» (Korea, 2009), «Methods and grounds for comparison: Two Persian oral tales» (ҳаммуаллиф: M.Mills, 2009), «Tadschiken» (Олмон, 2009), «Studying of Tajik National Heroic Epics: Some problems» (Korea, 2009), Methods and grounds for comparison: Two Persian oral tales» (2009, ҳаммуалиф бо М.Миллс), «Таджики: в прошлом и настоящем» (Korea, 2010), «The Popular Literature of the Tajiks» (London-New York, 2010), «Симпозиуми «Шоҳнома» дар Олмон» (2010), «Краткое описание этногенезиса таджикского народа» (Korea, 2010), Таджикские фильмы на основе эпических сказаний» (Алматы, 2010), «Афсонаҳо ва афсонасароёни тоҷикони Бухоро» (2010), «Шоҳнома» дар фарҳанги мардуми тоҷик ва ишорате дар бораи «Баҳруттаворих»-и Абдулбақои Вораси Бухороӣ» (Шведсия, 2011), «Ишорате оид ба рӯзгор ва осори Вораси Бухороӣ» (2011), «Достони Сиёвуш» дар гуфтори тоҷикон» (2012), «Баҳру-ут-таворих»-и Вораси Бухороӣ ва шоҳномахонӣ» (2012), «The variant of the story of Barzu amongst the tajiks of Boysun» (Brill, 2012), «Таърихи гуфторӣ» чист?» (2013) ва ғайра.

Раҳмонӣ ширкаткунандаи симпозиум, конгрес, семинар ва конфронсҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австралия (1998), Австрия (2006), Амрико (2000, 2001), Англия (2007), Арманистон (2004), Афғонистон (1983, 1984, 1985, 2009), Гурҷистон (2007), Дания (2014), Италия (2006, 2018), Корея (2009, 2010), Қирғизистон (1999), Маҷористон (2002), Муғулистон (2010), Норвегия (2008), Олмон (2001, 2005, 2006, 2010, 2010), Русия (1988, 2000; 2002, 2008), Тоҷикистон (1990, 1994, 1996, 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2008, 2014), Туркия (2007), Фаронса (2006), Шведсия (2008, 2011, 2014, 2018), Эрон (1992, 1994, 1995, 1996, 1999, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2014, 2015), Ӯзбекистон, (1993, 1994, 1999, 2002, 2003), Ҳиндустон (1989) буда, дар ҳамаш суханронӣ кардааст. Корҳои илмии ӯ дар кишварҳои Австралия, Амрико, Англия, Аргентина, Афғонистон, Олмон, Покистон, Русия, Франсия, Эрон, Япония, Ӯзбекистон чоп шуда, ба забонҳои русӣ, англисӣ, фронсавӣ, португалӣ, испанӣ, арабӣ, кореягӣ тарҷума шудааст.

Раҳмонӣ узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз 1993); узви «Анҷумани байналмилалии мутолиоти эроншиносӣ дар кишвари Амрико» [=ASPS]  (аз 2000); узви ҳайати таҳрири маҷаллаи байналмилалии “Эрон ва Қафқоз” [Iran and the Caucasus] (Brill. Leiden-Boston, аз 2003); узви ассотсиатсияи байналмилалии “Эпоси халқҳои ҷаҳон” (Бишкек, 1999); узви «Анҷумани фолклори Амрико» (аз 2003); узви «Созмони байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» [=ISFNR] (аз 2005); узви Шурои «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» (аз 1996) аст.

Ӯ 43 сол аст, ки дар ДМТ бо фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ машғул буда, дар факултетҳои филология, журналистика ва таърих аз фолклоршиносӣ, устурашиносӣ, поэтикаи фолклор, назарияи фолкор, фолклори Шарғу Ғарб, афсонашиносӣ, Рӯдакӣ ва фолклор, Фирдавсӣ ва фолклор, Айнӣ ва фолклор дарс медиҳад. То имрӯз 18 нафар бо роҳбарии ӯ аз дохил ва хориҷи кишвар рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд. Раҳмонӣ узви Шурои дифои рисолаҳои доктории ДМТ, пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ аст.

Соли 2003 барои китоби “Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон”, аз кишвари Эрон, соҳиби ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши сол шуд. Соли 2008 дар дувоздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии қиссагӯӣ, дар шаҳри Исфаҳон суханронӣ намуда, сазовори «Медали тилло»  гардид.

Хизматҳои ӯ сазовори ордени «ДӮСТӢ» (2008), нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) дониста шудааст. Барандаи ҷоизаи «Конкурси байналмилалии сенарияҳо оид ба мотивҳои устура, афсона ва ҳамосаи қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея – 2011» барои таҳияи сенарияияи «Гӯрзод ва писари ӯ Аваз». Соли 2017 ва 2019 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Муаллифи сермаҳсули сол»  дониста шуда, сазовори дипломи дараҷаи II гардидааст.

Душанбе, н. Фирдавсӣ, кўчаи Н. Қарабоев 150/2, ҳуҷраи 32

Тел: 907-65-38-38

 sirojiddin1975@mail.ru

Сироҷиддини Эмомалӣ – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 

5-уми марти соли 1975 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон) таваллуд шуда, соли 1991 мактаби миёна, соли 1996 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи ДМТ, соли 2001 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ» – и Сотим Улуғзода» соли 2002 дифоъ намудааст.

Дар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника», соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2016 барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.  

Муаллифи китобҳои «Нақши Восеъ дар адабиёти бадеӣ» (2001), «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода» (2003), «Восеънома» (2003), «Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик» (2007), «Таърихи эҷоди қиссаи «Ривояти суғдӣ» – и Сотим Улуғзода» (2011), «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» (2012), «Андеша ва маҳорати адабӣ» (2012), «Тасвири муҳити хонавода ва манзараи табиат дар насри Сотим Улуғзода» (2015) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2001-2005 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия; солҳои 2005-2009 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим; солҳои 2008-2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ; аз 21.10.2013 то 06.06.2014 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ; аз 07.06.2014 то 30.12.2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 02.01. 2015 то 26.03.2016 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 26.03.2016  декани факултети филологияи ДМТ мебошад.

Душанбе, н. Сино, Зарафшон – 2, М-3, хонаи 4, ҳуҷраи 11.

Тел: 981-00-10-60

m_zayniddinov@mail.ru

Зайниддинзода Муртазо  – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

30- юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1987 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дифоъ намудааст.

Соли 2009 барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони   «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»; соли  1998 «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; соли 2010 «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ» гардидааст. Соли 2022 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи ҶТ» гардидааст.

Муаллифи китобу дастурҳои «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), (бо ҳаммуалифӣ) «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016), «Ҳақиқатро бараҳна бояд дид» (2017). Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11» (2001), «Песн единство» (2008), «Уфуқҳои дӯстӣ» бо 3 забон (2020), Монографияи «Дурахши муҳаббат» (2022, ба чоп омодакунанда, муаллифи сарсухан ва охирсухани эпоси «Довуди Сосунӣ» (2022).

Муалифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1993-1996 муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ оид ба корҳои таълим ва тарбия;  солҳои 1999 – 2001 мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;  солҳои 2001 – 2002 муовини Сардори қисми таълими ДДМТ. Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти меҳнатиашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта то соли 2008 ба сифати сардори Идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст.  Солҳои 2008 – 2011 декани факултети журналистикаи ДМТ; аз соли 2013 то соли 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ.  Аз соли 2022 то ҳол дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ. Узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия; аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015). Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2021), дорандаи нишони «Сухан» (2019).

Почтаи электронӣ: rvahhob@mail.ru

Телефон: 988062344.

Душанбе, х. Борбад 2/1

 Ваҳҳобзода Рустам – номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

  5 майисоли 1960 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд ёфтааст.

Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси аспирант ва устоди донишгоҳи номбурда ба фаъолият пардохтааст.

Ҳамзамон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг», солҳои 1994-2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ будааст.

Аз соли 2007 дар кафедраи Назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, роҳбари маҳфили адабии Донишгоҳ аст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Сардабири Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» мебошад.

Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, онро ба гунаи дастури таълим ба чоп расондааст.

Муаллифи панҷ китоби шеър – «Калимаҳо» (Душанбе: Адиб, 1990) ва «Шаҳри Хуршед» (Душанбе: Деваштич, 2008), «Салом» (Душанбе: Адиб, 2015) ва «Сароводаи Ватан». (Душанбе: Паёми ошно. – 2019); «Ҳазор байт» (Душанбе: Адиб. – 2020) мебошад

Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст.

 Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» (Теҳрон, Анҷумани шоирони Эрон,  2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) (Душанбе: Бухоро, 2014), дастури таълимии «Дуруст бинависем» (Душанбе: Сухан, 2016) ва рисолаи «Мирзо Турсунзода» (Душанбе: Бухоро, 2016), рисолаи таълимии «Шеър ва дониш» (Душанбе: Адиб. 2018)  аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст.

Китобҳои шеъри Қайсари Аминпур «Як дарича осмон» (2010) ва Тоҳира Саффорзода «Танин дар далто»-ро (2012), ва силсилаи ашъори чандин тан аз шоирони муосири Эронро аз форсӣ ба тоҷикӣ таҳия ва чоп намудааст.

Тарҷума: К.Э Савари «Зиндагиномаи мухтасари Муҳаммад» (ҳамроҳи Гулрухсори Сафӣ) (маҷаллаи «Фарҳанг», 1991, №1-3); Робиндронат Такур «Нукот» («Фрагменты») («Садои Шарқ”, 2012, №4)

Беш  аз 200 мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (соли 2009).

Дар соли 2020 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Boymurod@inbox.ru

93-797-10-22

Муҳаммадиев 64, кВ.111

Боймурод Шарифзода

Шарифзода Боймурод Бобопур 2-декабри соли 1964, ноҳияи Файзобод, баромади иҷтимоӣ коргар. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа соли 1982 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (айни ҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд. Соли 1983 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мешавад ва то соли 1985 хизмати ҳарбиро дар ҷумҳурии Озарбойҷон сипарӣ намудааст. Пас аз адои хизмат таҳсилро идома дода, соли 1989 донишгоҳро хатм менамояд. Аз соли 1989 то моҳи апрели соли 1990 дар шуъбаи «Мерос ва нашри осор»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1990 ба баъд фаъолияти меҳнатияш дар кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома меёбад. Соли 1995 рисолаи номзадияшро дар мавзуи «Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ» ҳимоя карда, ҳамчун дотсенти кафедра то ба имрӯз ба донишҷӯён аз фанҳои «Таърихи нақди адабӣ», «Таърихи адабиёти муосири тоҷик», Муқаддимаи адабиётшиносӣ», «Мактабҳо ва ҷараёнҳои нақди адабӣ», «Таҳлили матнҳои адабӣ», «Нақди адабӣ дар Ғарб» ва ғайра дарс мегӯяд. Дар баробари фаъолияти таълимию илмӣ Боймурод Шарифзода солҳои зиёде дар корҳои роҳбарӣ шуғл варзидааст. Солҳои 1996-1999 муовини декани факултет доир ба корҳои илмӣ ва тарбиявӣ, 2003-2004 муовини декан доир ба таълим, аз соли 2004 то 2007 декани факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ, солҳои 2012- 2020 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз 18 январи соли 2020 то 13 июли соли 2022 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуда кор кардааст. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Осор:

а) Китобҳо:

Б.Шарифзода. Хоқонӣ ва нақди шеър. – Душанбе: Шарқи озод, 2010; «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ. Бо муқаддима ва шарҳу тавзеҳи Б.Шарифзода. – Душанбе: ДДОТ, 2015; Шарҳи даҳ қасида. Пешгуфтор ва тасҳеҳу танзими матни Б.Шарифзода. – Душанбе: ДДОТ, 2016; Маҳмуд Футуҳии Рӯдмаъҷанӣ. Нақди хаёл. Баррасии дидгоҳҳои нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ. Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳои Б.Шарифзода (дар дасти чоп)

б).Мақолаҳо:

Балоғати сухан аз назари Хоқонӣ (Дар маҷмӯаи «Ҳақиқати ҳаёт ва ҷустуҷӯҳои адабӣ»).-Душанбе, 1994, саҳ. 98-105; Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ.- Душанбе, 1995; Нақди ахлоқии Хоқонӣ. (Дар маҷмӯаи «Ҷустуҷӯҳои адабӣ», китоби VI)- Душанбе, 2004, саҳ. 90-102;

Суварнигори Ҳадис. (Дар маҷмуаи «Забон – рукни тоат», китоби дуюм).  – Душанбе, 2004, саҳ. 162-176; Рӯдакӣ ва Хоқонӣ. – Фишурдаи суханрониҳо аз «Симпозиуми айналмилалии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон».- Душанбе, 2008, С. 86-88; Оинаи ибрат. //Садои шарқ, 2008, № 8, с. 27-34; Муаммои ирфон ва тасаввуфи Хоқонӣ // Ахбори Академияи илмҳои Ҷ.Т., №1, саҳ. 140-147; Истиқболи Лоҳутӣ аз Хоқонӣ. //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, №6 (55 қ.2).- Душанбе, 2013, саҳ. 297-309; Ҳунарварзии Хоқонӣ дар санъати ташбеҳ.// Паёми Донишгоҳи милли Тоҷикистон.4/2 (133), 2014, саҳ.140-147; Таҷдиди матлаъ дар қасоиди Хоқонӣ. //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Вестник Педагогического Университета, №3 (58 -1). – Душанбе, 2014, саҳ. 330-338; Инъикоси истилоҳоти тибби қадим дар ашъори Хоқонӣ// Номаи Донишгоҳ (илмҳои ҷомеашиносӣ), №2 (39). – Хуҷанд, 2014, саҳ.65-77; Сувари иҳом дар саҳнаи хаёли Хоқонӣ //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ.№6 (67), 2015, саҳ. 151-158; Вижагии сӯгномаҳои хонаводагӣ дар шеъри Хоқонӣ //Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, №1-2 (001-002), 2018, саҳ.135-143; Мавқеи ғазал дар эҷодиёти  Хоқонии Шарвонӣ//Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, №2, (31), 2019, саҳ.77-87; Шукӯҳи осмон ва ҷилваҳои офтоб дар шеъри Хоқонии Шарвонӣ.//Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, № 3 (80), 2019, саҳ.103-108; Назаре ба «Хатм-ул-ғароиб»-и мансуб ба Хоқонӣ.//Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №1 (78), 2019, саҳ. 127-131; Назаре ба марсияҳои иҷтимоии Хоқонӣ ва Анварӣ //Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, 1/3 (65),Бохтар- 2020, саҳ.8-15; Оини бодагусорӣ ва мафҳумҳои марбут ба он дар ашъори Хоқонӣ.//Суханшиносӣ, №3, 2020, саҳ.130-148; Тавсифи созҳои мусиқӣ дар ашъори Хоқонӣ// Суханшиносӣ, №1, 2020, саҳ.43-57; Камоли Хуҷандӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ (Масъалаи таъсипазирӣ).//Суханшиносӣ, №4, 2020, саҳ. 23-34; Назаре ба шеваи ноқидии Мирзо Турсунзода// Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.№3 (264), 2021, саҳ.11-17; Хусусиятҳои афкори адабӣ ва эстетикии Мирзо Турсунзода.\Дар маҷмуаи «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ».- Душанбе: «Абдураҳмон-Р», 2021, саҳ.24-37; Назаре ба ҷанбаи иҷтимои ашъори Лоиқ Шералӣ.//Машъалдори шеър.- Душанбе: Дониш, 2021, саҳ.204-220; Ҳамеша бо ватан будам.//Мирзо Турсунзода. Ҳамеша бо ватан будам.- Душанбе: Дониш, 2021, саҳ. 8-13;

Душанбе, н.Сино, гузаргоҳи 2, кӯчаи Ғафуров 7, ҳ.47.

Қаландаров Наврӯз Аҳмарович – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

 23-юми марти соли 1969 дар шаҳраки Мӯъминободи ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияи Мӯъминобод) таваллуд шуда, соли 1996 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2003 шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Аз таърихи таҳаввули матни «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ»  соли 2004  дифоъ кардаст.

Соли 1997 бо “Ифтихорнома”-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон; соли 2002 бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2002 бо “Ифтихорнома”-и Идораи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе; соли 2005 бо “Ифтихорнома”- и Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 бо “Ифтихорнома”-и Ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе; соли 2002 ва соли 2005 бо “Ифтихорнома”- ДДМТ; соли 2011 ва соли 2014 бо “Ифтихорнома”-и мақомоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур; соли 2013 бо “Ифтихорнома”-и мақомоти КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе ва соли 2013 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.

Муаллифи китобҳои “Таърихи матнҳои қаламии қиссаи «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ” (2003); “Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи   «Марги судхӯр» – и  С. Айнӣ (2008) ва муаллифи  25 мақолаи илмӣ ва мураттиби барномаҳои таълимӣ-методӣ мебошад.

Мақолаҳои ӯ: «Нигоҳе ба нақди матни қиссаи «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ», «Зарурати тадқиқ ва дараҷаи омӯзиши матни қиссаи «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ», «Таърихи матнҳои қаламии қиссаи ««Марги судхӯр»-и С. Айнӣ», «Таҳаввули қиссаи «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ аз матни ӯзбекӣ то матни тоҷикӣ».

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1994-1999 Раиси созмони ҷавонон, танзимгари дараҷаи аввал оид ба корҳои тарбиявӣ ва ҳимояи фонди донишҷӯён ДДМТ; солҳои 2001-2006 мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, узви раёсат ва Шурои олимони ДДМТ (ҳамзамон раиси Шурои шуъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии шаҳри Душанбе), солҳои 2006-2009 мудири сектори ташкилии ДМТ; аз соли 2013 то ҳол муовини декан оид ба шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи ДМТ мебошад.

Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум 79/2, ҳуҷраи 18

Тел: 900-90-04-29

Почтаи электронӣ: hafizrahmon@mail.ru

Раҳмонов Ҳафиз Азизович  – муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

 4-уми майи соли 1964 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда,  соли 1986 факултети  филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1997 шуъбаи ғоибонаи  аспирантураи   Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои 2001-2004 муҳассили маълумоти дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (2009), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2011), «Аълочии телевизион ва радио» (2013), «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016) сазовор шудааст.        

Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанни «Таърихи адабиёти ҷаҳон» аст. Мавсуф инчунин фаъолияти пурмаҳсули муҳаррирӣ ва тарҷумонӣ дошта, мураттиб ва муҳаррири 18 китоби илмию таълимии марбут ба анвои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҷиноятӣ ва ғайра мебошад, инчунин яке аз муаллифони «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ» (нашри соли 2005) ба шумор меравад.

Муаллифи силсилабарномаҳои «Марворидҳои бесадаф» мебошад. Мавсуф инчунин ба ҳайси муаллиф ва баранда дар таҳия ва пахши барномаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фалсафии «Тафсир», «Афкор» ва «Жемчужины мысли» саҳм дорад. Муаллифи якчанд филмҳои мустанад, аз қабили «Ойини зиндагисоз» (бахшида ба Наврӯзи байналмилал), «Пойдевори тамаддун» (гиромидоштизабони давлатӣ), «Ҳикмати рамзҳои Парчам» (таърих, хосият ва моҳияти рамзҳои Парчам), «Мизони адолат» (роҷеъ ба ҳуқуқи инсон аз таърих то имрӯз) мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: соли  2010 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ; Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи августи соли 2012 ба сифати сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ба қуллаҳои дониш» – нашрияи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; аз 13-уми августи соли 2012 то 3-юми ноябри соли 2014 дар вазифаи муовини аввали директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон; аз 3-юми ноябри соли 2014 то ҳол ба ҳайси котиби масъули Шабакаи якум фаъолият дорад. Аз соли 1987 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Душанбе, н.Сино, кўч. Маяковского 85/1, њуљраи 10.

Тел.: 555-05-15-50

Почтаи электронӣ: ilhom-b.89@mail.ru

Бобомаллаев Илҳомҷон Ҷанобович – номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

10-уми июли соли 1989 деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 2007  гимназия, соли 2012  факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Аз соли 2012 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДОТ ба номи С. Айнӣ таҳсил карда, соли 2021 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-022-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳаввули назми муосири тоҷик дар солҳои 50-70-уми асри ХХ (дар мисоли осори Аминҷон Шукӯҳӣ)» рисолаи номзадиашро бо роҳбарии доктори илми филология, профессор, академики АМИТ Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ҳимоя намудааст.

Барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву илмӣ ва озмунҳо бо чандин ифтихорнома, тақдирнома ва дипломи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

И. Бобомаллаев муаллифи беш аз 30 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.

Душанбе, н. Фирдавсї, кўчаи Дењотї 42, хонаи 10.

Тел.: 981-04-59-85

Ёрова Зебуниссо Назаровна – муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 

10-уми ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, соли 1981 мактаби миёна, соли 1986 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1993 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар мавзуи «Мавқеи Ҷумъа Одина дар насри муосири тоҷик» таҳқиқот бурда истодааст.

Мураттиби барномаи «Таърихи адабиёти тоҷик» (2013) ва муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ- оммавӣ мебошад.

Соли 2016 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст.

Душанбе, н.Шоҳмансур, кўчаи Бинокорон, хонаи 22, њуљраи 24.

Тел.: 98-532-07-17

Почтаи электронӣ: nurillozoda92@mail.ru

Нуриллозода Аҳдия – ассистенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

24-августи соли 1992 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, соли 2009 мактаби миёна, соли 2014 факултети филологияи ДМТ-ро хатм кардааст. Нуриллозода Аҳдия дар баробари фаъолияти ассистентӣ аз соли 2015 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ дохил шуда, дар мавзуи «Вижагиҳои жанрию мавзуии адабиёти бачагона дар даврони Истиқлол (дар мисоли эҷодиёти Ҷӯра Ҳошимӣ)» таҳқиқот бурда истодааст.

 Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: аз соли 2016 то 2022 раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2022 то ҳол Раиси Ассотсиатсияи падару модарони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.