Кафедраи таърихи забон ва типология

ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА

Баробари ба фаъолият оғоз кардани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1948 кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таъсис меёбад ва роҳбарии он бар дӯши академик Абдулғанӣ Мирзоев вогузор мегардад. Соли 1953 он ба ду кафедраи алоҳида ҷудо мешавад, яке кафедраи забони тоҷикӣ ва дигаре кафедраи адабиёти тоҷик. Дар кафедраи забони тоҷикӣ номзади илми филология (баъдҳо д.и.ф., профессор) Додоҷон Тоҷиев мудир таъин мегардад. Профессор Додоҷон Тоҷиевич Тоҷиев дар муддати 34 сол, ки мудирии кафедраро ба уҳда дошт, дар таҳияву нашри дастуру васоити таълим ва монографияҳои илмиву китобҳои дарсӣ, омода кардани кадрҳои илмӣ саҳми босазо гузоштааст.

Аз соли 1986 мудирии кафедраи забони тоҷикиро забоншиноси варзида, доктори илми филология, профессор Қосимова Мукаррама Набиевна бар уҳда дошт. Дар ин солҳо дар кафедра омӯзгорон Миср Эшниёзов, Баҳриддин Камолиддинов, Ардашер Каримов, Саид Ҳалимов, Толиб Хаскашев, Ҳуснигул Талбакова, Шаҳбоз Кабиров, Эргаш Шоев, Мардон Муҳаммадиев, Аҳмадҷон Неъматов, Собирҷон Ҳошимов, Шакар Бобомуродов, Солеҳҷон Собирҷонов, Давлатбек Хоҷаев, Ваҳҳоб Абдулазизов, Азиз Мирбобоев ва дигарон  фаъолият доштанд. Аввали солҳои навадум ба сафи аъзои кафедра омӯзгорони ҷавон Зайниддин Мухторов, Муҳаммаддовуд Саломов, Дилмурод Ҳомидов, Шамсиддин Каримов мепайванданд.  

Соли 1995 дар заминаи кафедраи забони тоҷикӣ ду кафедраи мустақил ташкил мешавад: кафедраи таърихи забон ва типология ва кафедраи забони муосири тоҷикӣ. Мудирии кафедраи таърихи забон ва типология боз ба уҳдаи профессор Қосимова Мукаррама Набиевна вогузор мегардад. Зарурати таъсиси кафедра дар он зоҳир мегардид, ки баъди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон худшиносии мардум то андозае боло гирифт ва ин барои омӯзишу таҳқиқи осори ниёгон шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ мавқеи забони адабии тоҷикӣ хеле боло рафт, дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба муқоисаи забонҳо, бештару беҳтар муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, муайян намудани умумияту тафовути он бо забонҳои хешу бегона пешорӯ омад. Баъдан дар рафти фаъолияти худ кафедра ба маркази  бузурги илмию таълимӣ ва методӣ табдил ёфт.

Дар солҳои аввали таъсиси кафедра устодони забардаст ва олимони варзидаю пухтакор ба мисли Мукаррама Қосимова, Саид Ҳалимов, Собирҷон Ҳошимов, Дилоро Искандарова, Азиз Мирбобоев ва омӯзгорону пажӯҳишгарони ҷавон Шамсиддин Каримов, Муҳаммаддовуд Саломов (ҳоло М.Саломиён), Зайниддин Мухторов, Дилмурод Ҳомидов дар кафедра кору фаъолият намуда, ба донишҷӯён дарс мегӯянд ва дар таълифи осори илмӣ саҳми худро мегузоранд.

Бояд гуфт, ки саҳми профессор Мукаррама Набиевна Қосимова дар ташкил намудан ва вусъат додани фаъолияти илмию таълимии кафедра хеле назаррас ва шоистаи таҳсин аст. Профессор М.Н. Қосимова баъди таъсис ёфтани кафедра барои мукаммал гардонидани ҳайати воҳиди кории кафедра чанд нафар хатмкардагони факултетро ба ҳайси муаллим ба кор қабул карда, барои ба дараҷаи устодӣ расидани онҳо заҳмати зиёде ба харҷ додаанд. Ба ин гурӯҳ омӯзгорон Ширин Ҳаитова (ҳоло Ш.Исматуллозода), Сафаргул Ҳалимова, Фарангис Шарипова (ҳоло Ф.Шарифзода, Хуршед Камолов (ҳоло Х.Камолзода), Жило Гулназарова (ҳоло Ж.Гулназарзода, Умед Саъдуллоев (ҳоло У.Саъдуллозода) шомиланд. Омӯзгорони мазкур дар баробари тадрис ба пажӯҳиши илмӣ низ машғул шуда, таҳти роҳбарии профессор М.Н. Қосимова рисолаҳои илмии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардидаанд.

      Аз соли 2003 то 2009 вазифаи мудирии кафедраро номзади илми филология, дотсент Муҳаммаддовуд Саломов ба уҳда дошт. Аз соли 2009 то 2012 доктори илмҳои филология, профессор Давлатбек Хоҷаев дар вазифаи мазкур фаъолият намуд. Солҳои 2012-2017 мудирии кафедраро номзади илми филология, дотсент Жило Гулназарова бар уҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи октябри соли 2019 вазифаи мудирӣ дар кафедра дубора бар уҳдаи доктори илми филология, дотсент Муҳаммаддовуд Саломов ва аз моҳи октябри соли 2019 то моҳи ноябри соли 2020 дубора бар дӯши дотсент Жило Гулназарова вогузор гардид. Аз моҳи декабри соли 2020 то моҳи марти соли 2022 профессор Фарангис Шарифова ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра фаъолият намуд. Аз моҳи феврали соли 2022 то ҳол номзади илми филология, дотсент Хуршед Камолзода ба ҳайси мудири кафедраи таърихи забон ва типология фаъолият дорад.

ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

        Яке аз вазифаҳои асосии кафедраи таърихи забон ва типология аз оғози таъсис таълими таърихи забони тоҷикӣ аз даврони бостон то ибтидои садаи XX аст, ки се давраро фаро мегирад. Давраи аввал (забони порсии бостон) ва давраи дувуми (забони порсии миёна) рушди забони тоҷикӣ дар доираи фанни таълимии таърихи забон ва давраи сеюми рушди забон (форси(тоҷикӣ)-и нав) дар доираи фанни таълимии таърихи забони адабӣ таълим дода мешавад. Дар баробари ин, кафедра ба таълими фанҳои бунёдии филологӣ, ба монанди муқаддимаи филологияи эронӣ, забонҳои қадимаи эронӣ, типологияи муқоисавии забонҳои эронӣ, хат ва имлои матни классикии тоҷик, шевашиносӣ, луғатнигорӣ машғул аст.

Пас аз таъсис ёфтани ихтисосҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора, забоншиносӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ, тарҷумаи бадеӣ, фарҳанги ватанӣ ва ҷаҳонӣ, мероси хаттӣ кафедра ба таълими фанҳои таърихи истилоҳоти тоҷикӣ, таърихи афкори забоншиносӣ, семантика, забоншиносии компютерӣ, забоншиносии иҷтимоӣ, забоншиносии равонӣ, забоншиносии мантиқӣ, дискурс ва таҳлили дискурсивӣ, таҳлили лингвистии матн, забоншиносии типологӣ ва минтақаҳои забонӣ, забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, таърихи хат, этнолингвистика ва ғайра низ машғул аст. Барномаҳои таълимии фанҳои алоҳида аз замони таъсиси кафедра омода ва нашр гардидаанд. Соли 2013 маҷмуаи барномаҳои фанҳои таълимии кафедра (фарогири барномаи таълимии 14 фан) нашр гардид. Маҷмуаи мазкур бо таҳриру иловаҳо ва таҷдиди назар соли 2021 бознашр гардид. Аввали соли 2023 барномаи таълимии 11 фанни дигар омода ва дар шакли маҷмуабарнома ба нашр расид.

Барои таъмин намудани маводи дарс аз ҷониби устодони кафедра китобҳои дарсӣ, дастуру васоити таълимӣ барои донишҷӯён навишта шудааст. Китобҳои М.Н. Қосимова «Хат ва имлои матни классикӣ» (нашрҳои 4 ва 5), «Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он», «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х)», «Таърихи забони адабии тоҷикӣ (асрҳои Х1-Х11)», «Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ», китоби профессор М.Н. Қосимова ва проф. Ш. Исматуллозада «Таърихи истилоҳоти тоҷик», китобҳои дотсент С. Ҳалимов «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои Х1-Х11)», «Алифбои ниёгон ва имлои он», китобҳои профессор Д.Хоҷаев «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI», «Таърихи афкори забоншиносии тоҷик», китоби дотсент А. Мирбобоев «Муқаддимаи филологияи эронӣ», китоби профессор З. Мухторов «Таърихи забони тоҷикӣ», китоби профессор Д. Ҳомидов «Шевашиносии тоҷик», китоби дотсент Х. Камолзода «Омӯзиши хат ва имлои форсии классикӣ» аз ҷумлаи осори таълимие мебошанд, ки пас аз таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология нашр гардидаанд. 

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

  • Омӯзиш ва пажӯҳиши таърихи забони тоҷикӣ вобаста ба давраҳои рушд.
  • Омӯзиш ва пажӯҳиши таърихи забони адабии тоҷикӣ вобаста ба давраҳо ва марҳалаҳои рушд.
  • Омӯзиш ва пажӯҳиши афкори забоншиносии тоҷик. Таҳияи Донишномаи мукаммали таърихи афкори забоншиносии тоҷик.
  • Пажӯҳиши масъалаҳои назариявии фарҳангнигорӣ, таърихи фарҳангнигорӣ ва таҳқиқи забоншиносии фарҳангномаҳо.
  • Омӯзиш ва пажӯҳиши масъалаҳои назариявӣ ва амалии истилоҳшиносӣ.
  • Пажӯҳиши масъалаҳои назариявии маъношиносӣ (семантика).
  • Пажӯҳиши вижагиҳои забонии назму насри классикӣ.
  • Пажӯҳиши вижагиҳои забонии осори ҷудогонаи классикӣ.
  • Пажӯҳиши масъалаҳои ташаккул ва таҳаввули таърихии шеваҳои забони тоҷикӣ.
  • Омӯзиш ва пажӯҳиши масъалаҳои марбут ба этнолингвистика.
  • Дискурс, таҳлили дискурсивӣ ва компютинги иҷтимоӣ.
  • Таҳқиқи муқоисавию муқобилаӣ ва типологии забонҳо.
  • Омода намудани китобҳои дарсии таърихи забони тоҷикӣ барои макотиби олӣ.

         Кафедра дар гузаронидани конфронсҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ифтихори санаҳои муҳим ва бузургдошти адибони классики форсу тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типология соли 2006 ба ифтихори бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ конфронси байналмилалии «Тамаддуни ориёӣ ва забонҳои эронӣ», соли 2014 якҷоя бо кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ конфронси байналмилалии «Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва марҳилаи классикии рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ», соли 2019 ба ифтихори 400-солагии Миробид Саййидои Насафӣ конфронси байналмилалии «Саййидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик» ва моҳи январи соли 2023 ба ифтихори 90-солагии профессор Мукаррама Набиевна Қосимова конфронси байналмилалии “Рушди забони адабии тоҷикӣ дар асрҳои X-XV”-ро гузаронид. Дар ин конфронсҳо олимони варзида аз донишгоҳҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Фаронса, Русия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғ. ширкат варзиданд.

Бо ташаббуси кафедра якчанд маротиба ба хотири гиромидошти намояндагони маъруфи адабиёти классикӣ, аз ҷумла, Саъдии Шерозӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон, ҳамчунин, ба ифтихори санаҳои муҳимми рӯзгор ва фаъолияти аъзои кафедра, аз ҷумла, 80-солагии профессор Мукаррама Қосимова (с.2013), 60-солагии дотсент Азиз Мирбобоев (с.2017), 70-солагии профессор Давлатбек Хоҷаев (с.2017), 85-солагии профессор Мукаррама Қосимова (с.2018), 100-солагии дотсент Миср Эшниёзов (с.2019), 100-солагии профессор Додоҷон Тоҷиев, 90-солагии дотсент Саид Ҳалимов (с.2022) конфронсҳои ҷумҳуриявӣ доир карда шуд. 

Робитаҳои илмии кафедра бо марказҳои илмию таълимии мамлакат ва берун аз қаламрави он торафт қавӣ мегардад. Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон, аз ҷумла, арзёбии рисолаҳои илмии онҳо бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳо, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Институти забон ва адабиёти АМИТ ва дигар муассисаю ташкилотҳо ҳамкории илмӣ дорад.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ

Кафедра дар заминаи илмҳои забоншиносӣ фаъолияти таълимиро ба сомон мерасонад ва дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи забоншиносӣ саҳми назаррас дорад.

Самти дигари фаъолияти таълимии кафедра якҷоя бо кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии факултети математикаи ДМТ омода намудани мутахассисон дар самти забоншиносӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ аст, ки ба таъсиси ихтисоси “Забоншиносӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ” дар факултет алоқамандӣ дорад. Ихтисоси мазкур дар назди кафедраи таърихи забон ва типология бо мақсади омода намудани мутахассисоне таъсис ёфт, ки масъалаҳои забониву забоншиносиро дар технологияҳои нави иттилоотӣ татбиқ менамоянд, дар сохтани фарҳангномаҳои электронӣ саҳм мегузоранд, барномаҳои забономӯзӣ таҳия мекунанд ва амсоли ин. Як қисми барномаи таълимии ихтисоси мазкур фанҳои таълимии марбут ба улуми дақиқро ташкил медиҳад ва таълими он бар дӯши кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии факултети математикаи ДМТ вогузор гардидааст.

Омӯзгорони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ дар ҳамаи ихтисосҳои амалкунандаи факултет – забон ва адабиёти тоҷик, забоншиносӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора, фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ (фолклор), тарҷумаи бадеӣ, мероси хаттӣ ва нақди адабӣ дарс мегӯянд. Дар баробари ин, таълими фанҳои хат ва имлои матни классикӣ ва забонҳои қадимаи эронӣ дар факултети таърих бар дӯши кафедра вогузор гардидааст.

Устодони кафедра дар «Маркази омӯзиши забонҳо»-и ДМТ низ ба шаҳрвандони хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзонанд. Дар ин самт саҳми онҳо дар тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.

Фанҳои тахассусӣ барои зинаи бакалавриат

дар ихтисосҳои факултет:

  1. Хат ва имлои матни классикии тоҷик.
  2. Муқаддимаи филологияи эронӣ.
  3. Таърихи забони тоҷикӣ.
  4. Таърихи забони адабии тоҷикӣ.
  5. Таърихи забоншиносии тоҷик.
  6. Шевашиносӣ.
  7. Типологияи муқоисавии забонҳо.
  8. Этнолингвистика.
  9. Таърихи хат ва китобат.
  10.  Семантикаи луғавӣ.
  11.  Дискурс.

Фанҳои тахассусии ихтисоси

забоншиносӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ:

  1. Забоншиносии компютерӣ.
  2. Забоншиносии иҷтимоӣ.
  3. Забоншиносии мантиқӣ.
  4. Забоншиносии равонӣ.
  5. Забоншиносии типологӣ ва минтақаҳои забонӣ.
  6. Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ.
  7. Дискурс ва таҳлили дискурсивӣ.
  8. Афкори забоншиносии тоҷик.
  9. Фарҳангнигории таърихӣ ва умумӣ.

Фанҳои тахассусӣ барои зинаи магистратура:

  1. Лингвистикаи матн.
  2. Таърихи асосҳои нигориши илмӣ.
  3. Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ.
  4. Таърихи забон.

Омода намудани кадрҳои илмӣ

Бояд гуфт, ки саҳми устодони кафедраи таърихи забон ва типология дар тайёр намудани олимони соҳаи забоншиносӣ хеле назаррас аст. Профессор М.Н. Қосимова дар пешрафти корҳои илмию таълимии кафедра нақши бориз дошта, дорои мактаби забоншиносии хеш аст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ин донишманд қариб 50 нафар муҳаққиқи забоншинос рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намудаанд. Ҷиҳати хосаи мактаби забоншиносии профессор М.Н. Қосимова  аз он иборат аст, ки пас аз таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология мавзуъҳои мухталиф дар шинохту таҳлили асари ин ё он  намояндаи адабиёти классикии тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди забони адабии тоҷикӣ интихоб гардида, муҳаққиқони ҷавон таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ кори таҳқиқотиро идома медоданд.   

Омӯзгорони дигари кафедра низ дар омода намудани мутахассисони унвондори соҳаи забоншиносӣ саҳми назаррас доранд. Масалан, дар чанд соли охир бо роҳбарии профессор Д.Хоҷаев 16 нафар, бо роҳбарии профессор З.Мухторов 10 нафар, бо роҳбарии профессор М.Саломиён 10 нафар, бо роҳбарии профессор Д.Ҳомидов 2 нафар, бо роҳбарии профессор Ф.Шарифзода 3 нафар, бо роҳбарии профессор Ш.Исматуллозода 2 нафар, бо роҳбарии дотсент А.Мирбобоев 5 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ, PhD ва докторӣ дифоъ намуданд.  Дар айни замон низ, чандин нафар унвонҷӯ бо роҳбариву роҳнамоии аъзои кафедра ба навиштани рисолаҳои илмӣ машғуланд ва ё дар арафаи ҳимояи рисолаҳои хеш қарор доранд.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

khkamolov@gmail.com

Камолзода Хуршед Маҳмадисоқ

н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи таърихи забон ва типология

13-уми июни соли 1976 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1993 мактаби миёна, соли 1998 шуъбаи рӯзонаи факултети филология ва соли 2007 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2007 дар мавзуи “Ибораҳои изофӣ дар “Таърихи Табарӣ”-и Балъамӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) моҳҳои октябр-декабри соли 1998 муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типология буд ва аз моҳи январи соли 1999 ба ҳайси ассистенти кафедраи мазкур ба кор қабул гардид. Солҳои 2004-2006 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДМТ таҳсил намуд. Аз соли 2007 муаллими калон ва аз соли 2010 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология аст. Ҳамзамон, аз соли 2004 дар “Маркази омӯзиши забонҳо”-и ДМТ ба шаҳрвандони хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзонад.

   Муаллифи китобу дастурҳои “Ибораҳои изофӣ” (2011), «Маҷмуаи саволномаҳои тестӣ барои дохилшавандагони макотиби олӣ» (2012, бо ҳаммуаллифӣ), “Омӯзиши хат ва имлои форсии классикӣ” (2015); Машқи хатти арабиасос (2015), “Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-чехӣ” (2017, бо ҳаммуаллифӣ), “Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ” (2018, бо ҳаммуаллифӣ), “Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таълимашон ба забони қирғизӣ” (2018, бо ҳаммуаллифӣ), “Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таҳсилашон бо забони туркманӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), “Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ),  “Машқи хатти настаълиқ” (2018),  “Омӯзиши хат ва имлои форсии классикӣ (нашри дуюм: бо илова ва таҷдиди назар (2020, бо ҳаммуаллифӣ), барномаи таълимии 3 фан ва бештар аз 50 мақолаи илмӣ.

Мавсуф ҳунари хушнависӣ дорад ва китоби дарсии “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он” (муаллиф Қосимова М. Н., 2002)-ро бо хатти настаълиқ хушнависӣ намудааст.

Барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф бо  “Ифтихорнома”-и ДМТ (2011), “Ифтихорномаи”-и Вазорати маориф ва илми ҶТ (2018), нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2020) қадрдонӣ гардидааст.

    Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: танзимгари Маркази омӯзиши забонҳои ДМТ (2002-2009), мудири Маркази омӯзиши забонҳои ДМТ (2009), муовини декани факултети филологияи ДМТ дар масоили тарбия (2009-2014),  раиси бюрои иттифоқи касабаи факултети филологияи ДМТ (2014-2022). Аз моҳи феврали соли 2022 то имрӯз мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ аст.

Хоҷаев Давлатбек 

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типология

12-уми майи соли 1947 дар шаҳри Роғун ба дунё омада, соли 1966 мактаби миёна, соли 1972 факултети филологияи УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ)-ро хатм кардааст. Соли 1981 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави муайянкунанда дар забони тоҷикӣ» ва соли 2004 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои Х-ХVI» дифоъ намудааст.

Муаллифи китобҳои «Абдусалом Деҳотӣ  ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик» (1984), «Тарбияи ватандӯстию интернатсионалии ҷавонон» (1988), «Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксис ва пунктуатсия» (1990), «Калиди дари ганҷ» (1990), «Синтаксис ва пунктуатсия» (1991), «Дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфҳои 9» (1992), «Ташаккул ва таҳаввули илми забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна» (1998), «Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва афкори забоншиносии ӯ» (2004), «Забони тоҷикӣ. Синфи 9» (2007; 2013), «Наҳв ва аломатгузорӣ» (ҳаммуаллиф) (2012), «Гуфтори накӯ куҳан нагардад» (2011), «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI» (2013), “Донишномаи мухтасари таърихи афкори забоншиносии тоҷик” (2017) (ба ҳаммуаллифӣ), «Таърихи афкори забоншиносии тоҷик» (дастури таълимӣ барои факултетҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) (2022) ва зиёда аз 190 мақолаи илмӣ мебошад.

Зери роҳбарии профессор Д. Хоҷаев 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ҳоло 8 нафар таҳти роҳбарии профессор Д.Хоҷаев ба навиштани рисолаи номзадию докторӣ машғуланд.

Cоли 1990 барои хизматҳои бисёрсолаи бунуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон», соли 1998 бо медали «Хизмати шоиста», соли 2011 бо медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: ҷонишини декани факултети филологияи тоҷики ДМТ оид ба таълим (1986-1987; 1997-2000), мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи ДМТ (2001-2007), декани факултети филологияи ДМТ (2007-2008), мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ (2009-2012). Солҳои 2005-2010 узви Шурои олимони ДМТ, солҳои 2007-2011 Шeрои диссертатсионии Институти забону адабиёти АИ ҶТ буда, аз соли 2008 узви Шурои диссертатсионии ДМТ мебошад. Ӯ солҳои 2015-2018 раиси бахши забоншиносӣ дар назди  Шурои диссертатсионии ДМТ буд. Аз соли 2018 то ҳол аъзои Шурои диссертатсионии бахши педагогика дар заминаи ДМТ ва Академияи таҳсилот мебошад. Аз соли 2021 инҷониб раиси Шурои диссертатсионии 6D КОА-021 назди ДМТ аст. Аз соли 1995 аъзои Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мебошад.

aziz_mirboboev@mail.ru

Мирбобоев Азиз 

н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология

22-юми октябри соли 1957 дар ноҳияи Ишкошим ба дунё омада, соли 1975 мактаби миёна, соли 1980 факултети филологияи УДТ (ҳозира ДМТ), соли 1987 шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1991 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Лексикаи чорводории забони вахонӣ» дифоъ намудааст. Дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ фаъолият дорад.

Муаллифи китобҳои “Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон” дар ду ҷилд (бо ҳаммуаллифӣ, 1997); Фарҳанги номҳои тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2000); “Девони Одамушшуаро Рӯдакӣ” (бо ҳаммуаллифӣ, 2002); “Иранистика” (бо ҳаммуаллифӣ, 2012), “Муқаддимаи филологияи эронӣ” (2015), барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ.

Таҳти таҳрири А. Мирбобоев бештар 50 китоб, аз ҷумла «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (2005),  «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2006), «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ» (2008), «Фарҳанги Доро» (2013) ва ғайра нашр гардидааст.

Таҳти роҳбарии дотсент А.Мирбобоев 5 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд ва се нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи илмӣ қарор доранд.

Дар соли 1997 барои ба нашр омода намудани фарҳанги масодири гӯйишҳои эронии Тоҷикистон ва саҳми арзанда дар рушди эроншиносӣ ба  Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони форсӣ-тоҷикӣ сарфароз  гардидааст.

Фаъолиятҳои ҷамъиятию роҳбарӣ: муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон оид ба илм; солҳои 1998-2007 узви Шурои илмӣ, узви Шурои диссертатсионии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон; солҳои 2015-2021 мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз моҳи октябри соли 2022 то ҳол мудири шуъбаи забонҳои бостон ва ориёии Институти забон ва адабиёти бп номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ.

homidov65@mail.ru

Ҳомидов Дилмурод Раҷабович

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типология

30-юми сентябри соли 1965 дар деҳаи Варгонзаи ноҳияи Китоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда, соли 1982 мактаби миёна, соли 1992 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,  соли 1997 шуъбаи  аспирантураро хатм кардааст. Соли 1999 дар мавзуи «Таҳқиқи лингвистии топонимҳои водии Кешрӯд» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Рисолаи докториашро дар мавзуи «Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои тоҷикнишини Мовароуннаҳри таърихӣ» соли 2018 дифоъ карда, аз моҳи декабри соли 2020 профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ аст.

Муаллифи китобҳои «Топонимияи водии Кешрӯд» (2002), «Шевашиносии тоҷик» (2006), «Сарнавишти вожаҳо» (2006), «Таърихи забони тоҷикӣ» (бо ҳаммуаллифӣ (2007)), «Лафзи хуш дар ҷилва орад маънии гуфторро» (2010), «Варгонза» (2012), «Фарҳанги мухтасари гидронимҳои эрониасли Мовароуннаҳр» (2013), «Баррасии забоншино- сии номвожаҳои ҷуғрофии водии Кешрӯд» (2014), «Фарҳанги мухтасари гидронимҳои эрониасли Мовароуннаҳр» (2018), «Забони давлатӣ». Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 8 таҳсилашон бо забони туркманӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2019)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 8 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2019)), «Лаҳҷашиносӣ» (2018), «Роҳнамо барои таълифи корҳои илмӣ» (2021) ва беш аз 150 мақолаи илмиву оммавӣ.

Таҳти роҳбарии дотсент Д.Ҳомидов 2 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд ва 2 нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи илмӣ қарор доранд.

Дар соли 2016 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2021 нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сазовор дониста шудааст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: аз соли 2010 роҳбари Маркази омӯзиши забонҳои ДМТ буда, ҳамзамон аз моҳи сентябри соли 2015 раиси шурои илмӣ-методии факултети филологияи ДМТ аст. Узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон.

salomov1967@mail.ru

Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типология

12-уми феврали соли 1967 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1984 мактаби миёнаро хатм кардааст. Соли 1992 факултети филологияи тоҷик ва соли 1996 шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2000 дар мавзуи «Ифодаҳои маҷозӣ дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 2018 рисолаи илмияшро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология дар мавзуи “Вижагиҳои забонии ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV” (Таҳлили сохтори фонетикӣ, семантикӣ ва фразеологию луғавӣ) дифоъ кардааст.

  Муаллифи китобу дастурҳои «Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ» (2001), «Маҷмуаи саволномаҳои тестӣ» (бо ҳаммуаллифӣ, дар се нашр), Машқи хатти арабиасоси тоҷикӣ (2012), «Рисолат-ун-нойия»-Абдураҳмонӣ Ҷомӣ» (2014), “Вижагиҳои савтӣ, маъноӣ ва маҷозию  фразеологии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV” (2017), “Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV” (2020), “Забони давлатӣ”. Барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 5 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 5 таҳсилашон бо забони туркманӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 5 таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), Забони тоҷикӣ. Синфи 9 (2021, бо ҳаммуаллифӣ) ҳамчунин, зиёда аз 100 мақолаи илмию оммавӣ. 

Соли 2001 барои дастовардҳои илмӣ бо ҷоизаи Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ, соли 2007 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медалҳои 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай,  75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

  Фаъолиятҳои ҷамъиятию роҳбарӣ: ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия (1998-2000), ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим (2000-2004), мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ (2004-2008; 2018-2019), декани факултети филологияи ДМТ (2008-2013), солҳои 2019-2020 директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилот Тоҷикистон, солҳои 2020-2022 муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2022 то ҳол ба ҳайси президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дорад.

mukhtorov67@gmail.com

Мухторов Зайнидин Мухторович

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типология

28-уми октябри соли 1967 дар ноҳияи Панҷакент таваллуд шудаст. Соли 1992 факултети филологияи ДМТ-ро хатм намудааст.

Соли 1999 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Лексикаи ирфонии ғазалиёти Саноӣ» ва соли 2013 рисолаи докториро дар мавзуи «Сохт ва маънои матн дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ» дифоъ кардааст. 

Муаллифи китобу монографияҳои «Лексикаи ирфонии ғазалиёти Саноӣ» (2001), «Таърихи забони тоҷикӣ» (2003), «Дастур барои тренерони барномаи «Хониш ва китобат дар рушди тафаккури интиқодӣ» (2008), «Структура и семантика текста» (2013), «Культура академического письма» (2015), «Лингвистический анализ текста» (2015), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 4 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 4 таҳсилашон бо забони туркманӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 4 таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ); “Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ” (2016, бо ҳаммуаллифӣ); “Возвратная миграция” (2020); “Муҳоҷирати бозгашт” (2020) ва бештар аз 80 мақолаи илмию оммавӣ аст.

Дар соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2013 барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст.

Таҳти роҳбарии профессор З.Мухторов 10 даҳ нафар рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя кардаанд ва якчанд нафари дигар ба пажӯҳиши илмӣ машғуланд.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2009-2014 директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2008-2015 узви Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе; аз соли 2009 узви «Ассотсиатсияи байналмилалии Хониш»; аз соли 2014 раиси Кумитаи авроосиёии «Ассотсиатсияи байналмилалии маърифат» (International Literacy Association); 2016-2020 директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст; 2020-2021 директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ; аз декабри соли 2021 то ҳол ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар ш.Душанбе.

safargul_68@mail.ru

Ҳалимова Сафаргул Шарифовна

н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология

  4-уми майи соли 1968 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шуда, соли 1985 мактаби миёна, соли 1990 факултети филологияи ДМТ, соли 1997 аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Рисолаи  номзадиашро дар мавзуи “Лексикаи касбу ҳунар дар осори Саййидои Насафӣ” соли 2002 дифоъ намудааст.

Муаллифи китобҳои “Вожаю истилоҳоти пешаварӣ дар осори Саййидои Насафӣ” (2014), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 8 таҳсилашон бо забони туркманӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 8 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), барномаҳои таълимӣ ва беш аз 40 мақолаи илмӣ.

Аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи июни соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав (Федератсияи Руссия) аз забони тоҷикӣ дарс гуфтааст ва ҳамзамон роҳбари Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар донишгоҳи мазкур буд.

Аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи августи 2018 ва аз моҳи декабри соли 2021 то моҳи августи соли 2022 котиби Шурои экспертии филология, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Комиссияи олии Аттестатсионии назди Президенти ҶТ буд. Аз моҳи июли соли 2019 то имрӯз дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология.

Маҷмуаҳоаи шеъриаш бо номи “Нишемангаҳи роз” (соли 2021) ва “Дурахши тоҷик” (соли 2022) ба нашр расид.

shirin.ismatullozoda@bk.ru

Исматуллозода Ширин

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типология

14-уми марти соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли 1992 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1997 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро соли 2007 дар мавзуи «Баъзе хусусиятҳои лексикӣ-семантикии ғазалиёти Камол» ва рисолаи докториро соли 2014 дар мавзуи «Хусусиятҳои забонӣ ва корбурди истилоҳоти соҳавӣ дар асрҳои Х1-Х11» дифоъ намудааст.

Муаллифи китобҳои «Дафтари ишқ  (Баъзе хусусиятҳои лексикӣ-семантикии ғазалиёти Камол)», «Баъзе масъалаҳои назариявии илми истилоҳшиносӣ», «Истилоҳоти тиббии «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ», «Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти геологӣ», таҳия ва баргардони «Ғазалиёти Анварӣ», “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 7 таҳсилашон бо забони туркманӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 7 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 7 таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Баъзе масъалаҳои назариявии илми истилоҳшиносӣ», “Интерпретация понятий «термин» и «терминосистема» в сете научных изысканий” ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2007-2009 муовини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия; солҳои 2009-2012 сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; аз моҳи июли соли 2013 то соли 2014 директори Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2014-2015 муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода; солҳои 2015-2020 директори  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Х.Махсумова, аз 14.02.2020 то 03.11.2020 муовини Сарвазири ҶТ.

farangis70@mail.ru

Шарифзода Фарангис Худоӣ

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типология

10-уми октябри соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1987 макаби миёна, соли 1992 факултети филологияи тоҷики ДМТ ва соли 2000 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2002 дар мавзуи  “Хусусиятҳои лексикӣ-семантикии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Алӣ  Ҳуҷвирии  Ғазнавӣ” рисолаи номзадӣ ва соли 2013 дар мавзуи “Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ” рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Муаллифи китобҳои “Хусусиятҳои вожагонии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Алӣ Ҳуҷвирии Ғазнавӣ” (2012); “Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ” (2013); “Забони паҳлавӣ. Адабиёт ва дастури он” (баргардон аз хатти форсӣ, соли 2013); “Забони давлатӣ”  барои синфи 11 МТМУ таълимашон ба забони русӣ (2018); «Забони давлатӣ» барои хонандагони синфи 11 МТМУ таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ (2018); «Забони давлатӣ» барои хонандагони синфи 11 МТМУ таҳсилашон бо забони туркманӣ (2018); «Забони давлатӣ» барои хонандагони синфи 11 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (2018); “Мероси хаттии бостон” (гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф) (2017); “Динкард” (гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф) (2018) ва беш аз 50 мақолаи илмиву оммавӣ.  

Соли 2016 барои хизматҳои шоиста дар соҳаи маориф ба нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”  сазовор дониста шудааст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ, соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз моҳи июли соли 2022 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ.

ighilo10@gmail.com

Гулназарзода Жило Бурӣ

д.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология

19-уми сентябри соли 1972 дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон)  таваллуд шуда, соли 1989 мактаби миёнаро бо медали нуқра, соли 1994 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» соли 2009, рисолаи докториро дар мавзуи «Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ (бар мабнои осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ)» соли 2020 дифоъ намудааст.

    Муаллифи китобҳои «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» (2011), «Луғати феълҳои «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» (2014), “Забони давлатӣ”. Барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 5 таҳсилашон бо забони қирғизӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 5 таҳсилашон бо забони туркманӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 5 таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ (2018, бо ҳаммуаллифӣ),, “Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ” (бар мабнои осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ)(2022), “Семантика глагола в таджикском литературном языке” (на примере художественного наследия Абдурахмона Джами) (2022) зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

Барои саҳмгузор будан дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас соли 2010 бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2012 бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2015 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2008-2011 раиси Шурои бонувону духтарони факултети филологияи ДМТ; солҳои 2012-2017 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; солҳои 2018-2020 котиби илмии Шурои диссертатсионии назди ДМТ; солҳои 2019-2020 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; аз 24.11.2020 то ҳол ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон  ба номи Сотим Улуғзода мебошад.

bejanumed@mail.ru

Саъдуллозода Умедҷон Қудратулло

н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология

4-уми январи соли 1982 дар  деҳаи Ромити шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, соли 2000-ум мактаби миёна, соли 2005 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

  Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Хусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ» соли 2010 дифоъ намудааст.

Муаллифи  китобҳои “Вожаҳои муарраби тоҷикӣ дар «Қуръони маҷид» (2011); “Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ-арабӣ” (бо ҳаммуаллифӣ, 2012)); “Хусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (2013); Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-чехӣ (бо ҳаммуалифӣ, 2017));  «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (2010) (таҳия ва ба нашр омода намудани матни мукаммал (бо ҳаммураттибӣ) ва  беш аз бист мақолаи илмӣ.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: раиси шурои олимони ҷавони факултети филологияи ДМТ (2008-2010); Раиси шурои кураторони факултети филологияи ДМТ (2010-2015); муовини декан оид ба таълим дар факултети филологияи ДМТ (2015-2020). 

haidar.m@mail.ru

Муслимзода Ҳайдар Абубакр

н.и.ф., муаллими калони кафедраи таърихи забон ва типология

3-юми ноябри соли 1986 дар шаҳри Ваҳдат, деҳаи Гулрез таваллуд шуда, соли 2005 мактаби миёна, соли 2010 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи августи соли 2013 лаборанти калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ, аз моҳи сентябри соли 2013 то соли 2018 ассистент ва аз моҳи январи соли 2019 то инҷониб ба ҳайси муаллими калони кафедраи мазкур фаъолият дорад. Диссертатсияи номзадиашро дар мавзуи «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии осори Манучеҳрии Домғонӣ» соли 2019 ҳимоя кардааст.

Муаллифи дастури таълимии “Омӯзиши хат ва имлои форсии классикӣ (2021, бо ҳаммуаллифӣ) ва якчанд мақолаи илмию оммавӣ, аз ҷумла: “Шарҳи чанд муродифоти қасидаҳои Манучеҳрӣ” (2014), “Вожаҳои ифодагари узви бадани инсон дар қасоиди Манучеҳрии Домғонӣ (2015), “Баъзе калимаҳои камистеъмоли арабӣ дар қасоиди Манучеҳрии Домғонӣ” (2016), “Корбурди баъзе омонимҳо дар осори Манучеҳрии Домғонӣ” (2018),Корбурди вожаҳои сермаъно дар осори Манучеҳрии Домғонӣ” (2019), “Тақобули маъноӣ дар қасоиди Манучеҳрии Домғонӣ” (2022), Мутобиқати ҷузъҳои тақобули маъноӣ дар қасоиди Манучеҳрии Домғонӣ” (2022).

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2019-2020 раиси шурои кураторони факултети филологияи ДМТ, аз 25.01.2021 то ҳол ёвари ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад.

kimiyo.87@mail.ru

Муминова  Кимиё Маҳмадқуловна

ассистенти кафедраи таърихи забон ва типология

20-уми феврали соли 1987 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро  соли 2005 ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2010 хатм намудааст.

Аз соли 2017 то соли 2020 унвонҷӯйи кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ буд.  Аз 31-уми августи соли 2020 ба сифати ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ фаъолият дорад. Ба таълифи рисолаи номзадӣ машғул аст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: аз соли 2021 раиси шурои бонувони факултети филологияи ДМТ.

Муаллифи якчанд мақолаи илмӣ аст, аз ҷумла: “Вожаю истилоҳоти бофандагию дўзандагӣ дар осори Абуабдуллоҳи Рўдакӣ” // Забон – рукни тоат, №11 (2018), “Вожаи “гавҳар” дар достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганљавӣ” // Паёми ДМТ, №7 (2018),  “Луғоти марбут ба суруду мусиқӣ дар достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганљавӣ” // Паёми ДМТ, №5  2020, “Вожаю истилоҳоти соҳаи бофандагию дӯзандагӣ дар “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ // Забон – рукни тоат, №14 (2023).

abdukodir667@gmail.com

Ҷобиров Абдуқодир Билолович

н.и.ф., муаллими калони кафедраи таърихи забон ва типология

1-уми феврали соли 1991 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро соли 2009 ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2014 хатм кардааст. Аз моҳи январи соли 2015 то моҳи январи соли 2018 аспиранти шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДМТ буд. Аз моҳи феврали соли 2018 ба сифати ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ фаъолият дорад.

Соли 2019 рисолаи илмии хешро дар мавзуи “Вижагиҳои забонии китоби “Бахше аз тафсири куҳан”” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя намудааст.

Муаллифи якчанд мақолаи илмӣ аст, аз ҷумла: “Бархе аз вижагиҳои овоии китоби «Бахше аз тафсири куҳан” (2015); “Номи мафҳумҳои хешовандӣ дар китоби «Бахше аз тафсири куҳан» (2016); “Шарҳи чанд вожаи китоби «Бахше аз тафсири куҳан» (2017); “Корбурди пасвандҳои љамъбандӣ дар китоби «Бахше аз тафсири куҳан» (2018); “Вожагузинӣ дар тарҷума ва тафсирҳои порсии Қуръон” (асрҳои X-XI) (2018), “Баъзе вижагиҳои овоии “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” (2023).

Устодони кафедраи таърихи забон ва типологи