ЛИНГВОФОЛКЛОРИСТИКА ДАР МАҲФИЛИ «ФАРҲАНГИ МАРДУМ»

216

Маҳфили навбатии инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ «Фарҳанги мардум» ба масъалаи омўхтани забони матнҳои фолклорӣ бахшида шуд. Дар маҳфил донишҷўëни курси якум ва сеюми факултети филологияи ДМТ, ихтисоси «Фарҳанги ҷаҳони ва ватанӣ. Фолклор» иштирок доштанд.

Аввал устод фаҳмонданд, ки истилоҳи «лигвофолклористика» чиро меомўзад. Баъд донишҷўён бо навбат ба устод саволҳо доданд. Аз савол ҷавобҳо мълум шуд, ки лигвофолклористика ин фанни нави забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ буда, асосан забони асарҳои фолклориро меомўхтааст.

Рисолаи илмии назарии «Лингвофолклористика, Этнолингвистика ва фолклор», ки муаллиф он устод Равшан Раҳмонӣ мебошанд, аввалин асари илмии назарӣ оид ба забони жанрҳои фолклорӣ мебошад. Дар ин рисола ба ду масъалаи муҳими илми фолклоршиносӣ ва пайвастагии он бо забои халқӣ аҳамият дода шудааст. Аввал ба муҳим будани омўхтани забони жанрҳои фолклорӣ ва баъд ба забони ин ё он қавм, яъне этнолигвитика. Этнос қавм, мардум буда, лингвистика забони гурўҳи қавмӣ мебошад. Аз гуфтаҳои устод мълум шуд, ки барои таҳқиқи забони этноси хурд ё калон омўхтани маводи фолклорӣ нақши муҳим будааст.

Дар рафти маҳфил ғайр аз савол ҷавоб, донишҷўён пораҳое аз китобро хонданд ва устод бо мисолҳо шарҳ доданд. Аз баҳсҳо, савол ҷавоб ва гуфтаҳои устод маълум шуд, ки забони жанрҳои фолклорӣ барои шоирону нависандагон низ аҳамият доштааст. Дар ҳақиқат ҳамаи адибон ҳамеша ба маводи фолклорӣ ва гўишҳои халқӣ ва жанрҳои фолклорӣ ҳангоми навиштани асари худ истифода менамоянд. Ба кор бурдани жанрҳои фолклорӣ ҳамчун воситаи тасвир бадеӣ барои нависндагон ва шоирон арзишманд аст.

Маҳфил барои мо донишҷӯёни курси аввал, ки бори нахуст иштирок намудем омўзанда буд.

Сўҳроб Шоҳинзода Донишҷўи курси якуми Факултети филлогияи ДМТ