(Дар ҳошияи баргузории Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил)
Ҳақ ба ҷониби адиб ва донишманди немис И.Р.Бехер аст, ки мегӯяд: «Адабиёти воқеан миллӣ танҳо ба шарофати робитаҳои пурсамар бо адабиёти халқҳои дигар ба миён омада, камол меёбад». Воқеан, гузаштаи аҳли башар гувоҳи он аст, ки дар масири тайшуда, ҳеҷ...
Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занону бонувони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз вохӯрии навбатӣ бо донишҷӯдухтарони факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Дар ин мулоқот намояндагони бахши кор бо занону бонувон, роҳбарияти факултет, устодони собиқадор ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳанги...
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 - 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Муҳаммади...
Ахбор
ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШЕЪРИ МУОСИР: КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ГУЛНАЗАР ВА ШЕЪРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Ба ифтихори ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устоди суханвар ва шахсияти маъруф – Гулназар Келдӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Гулназар ва шеъри замони Истиқлол” баргузор гардид.
Маҳфили илмӣ бо суханони ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода...
Имрӯз (02.10.2025) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Забон-рукни муҳимми давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Қайд гардид, ки масъалаи ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба волоияти он аз умдатарин омилҳое...
Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаву пурғановати забонҳои дунё маҳсуб ёфта, мансуби хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ мебошад ва ин забон дар қаламрави ниҳоят паҳно дар гузашта чун забони расмӣ-коргузорӣ амал карда, бо шохаи муҳимми он, яъне забони адабии тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол осори зиёди гаронбаҳои илмиву адабӣ,...
Пойдориву бақои ҳар халқу миллат ва посдорандаи таърихи он забони вай аст. Маҳз забони ноби форсӣ-тоҷикӣ ва он арзишҳои маънавӣ то ба имрӯз моро чун як халқу миллат зинда нигоҳ доштааст. Бинобар ин забони модарӣ яке аз муқаддасоти аввалину пурарзиши миллӣ буда, ба ҳар як соҳибзабон шарт ва зарур аст, ки онро ба мисли ватан-модар азиз...
Имрӯз (30.09.2025) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш устодону муҳаққиқон, донишҷӯён ва ҳаводорони адабиёти классикӣ ҷамъ омада, доир ба зиндагӣ, осор ва нақши ин шахсияти маъруфи ҷаҳонӣ дар рушди фарҳангу маънавиёти башарӣ табодули афкор намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии декани...
Бахшида ба Рӯзи Мавлоно - 30 сентябр
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, маъруф ба Мавлоно ё Мавлои Рум, бузургтарин ориф ва шоири тоҷик-форс аст, ки дар қарни XIII зистааст. «Маснавии маънавӣ» яке аз барҷастатарин осори Мавлоност, ки дорои шева ва услуби хитобӣ-таълимӣ мебошад. Шеъри Мавлоно дар асри ӯ бо мухотабон иртиботе дошт. Яъне, тавассути худи...
Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ
Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли
адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи 22-юми сентябр дар саросари
ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар
муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда
мешавад.
Ба ин муносибат имрӯз (23.09.2025) дар Ганҷинаи
профессор Шарифҷон...


















