ПАЙВАНДҲОИ АДАБИЮ ФАРҲАНГӢ – РУКНИ МУҲИММИ ТАҲКИМИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

14

Ҳақ ба ҷониби адиб ва донишманди немис И.Р.Бехер аст, ки мегӯяд: «Адабиёти воқеан миллӣ танҳо ба шарофати робитаҳои пурсамар бо адабиёти халқҳои дигар ба миён омада, камол меёбад». Воқеан, гузаштаи аҳли башар гувоҳи он аст, ки дар масири тайшуда, ҳеҷ халқу миллатҳои дунё ҳам ҷудо ва дар танҳои рӯзгор надоштаанд. Вобаста ба ин ҳеҷ як адабиёт низ, беробита ба адабиёту фарҳанги халқҳои дигар ташаккул ва таҳаввул наёфтааст.

Маҳз ҳамин аст, ки адабиёти халқҳои ҷаҳон дар ҳама давру замон бо ҳам бастагӣ дошта дар марҳилаҳои мухталиф ин робитаҳо бо роҳу усулҳо гуногун ба вуқуъ пайвастаанд. Мусаллам аст, ки пайвандҳои адабӣ, қабл аз ҳама миёни халқҳои ҳамҷавор ва мардуме, ки аз ҷиҳати забон, урфу одат, дину эътиқод ва анъанаву оинҳо ба ҳам наздиканд падид омада, вобаста ба шароитҳои таърихию иҷтимоӣ ва фаъолияти тарафайн ривоҷ меёбад.

Адабиёти тоҷику форс аз замони ташаккулёбии худ ҳеҷ давре дар чаҳорчӯбаи миллӣ маҳдуд нашуда, ҳамеша беҳтарин анъанаю имконот ва дастоварду андӯхтаҳои адабу фарҳанг ва тамаддуни башариро аз бар карда ва аз онҳо эҷодкорона баҳра бардоштааст. Дар баробари ин адабиёти мо бо неруи тавонояш ба адабиётҳои дигар халқҳо низ ғанои маънавӣ бахшидааст.

Замони Шуравӣ дар баробари рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба болоравии ҳаёти маънавии халқу миллатҳо шароит фароҳам овард ва дар айни замон онҳоро ба ҳамдигар қарин сохт. Дар ҳамингуна шароити мусоид маданияти миллии халқҳои қаламрави он на фақат аз гузаштаи худ, балки аз сарвати маънавии халқҳои бародар ҳам ғизо мегирифт, ҳамзамон барои таҳкими иттиҳоду дӯстӣ саҳми чашмрас мегузошт. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърих (замони Иттиҳоди Шуравӣ – М.Қ.) зимни баргузории Даҳа, Ҳафта ва рӯзҳои фарҳангӣ, муносибатҳои эҷодии адибон ва тарҷуми босамари асарҳои бадеии адибон равобити адабӣ ва дӯстию бародарӣ миёни ду халқи бо ҳам наздику қарин тоҷикон ва қирғизҳо густариш ёфт.

Агар ба гузаштаи халқҳои тоҷику қирғиз назар кунем, равшан мебинем, ки дӯстиву ҳамзистӣ ва муносибату пайвандҳои адабии ин ҳалқҳо аз гузаштаи дур сарчашма мегиранд. Ин ҷиҳатро мо ҳануз дар асрҳои миёна замоне таъсири назми классикии тоҷик дар шаклгирию инкишофи назми оқин мушоҳида мекунем. Чизи дигаре, ки ин андешаро таҳким мебахшад, дар миёни тоҷикон маҳбубият доштани як қатор намунаҳои эҷодиёти гуфтории халқи қирғиз ба гунаи «Манас» мебошад. Дар марҳалаҳои баъдӣ, бавижа замони вусъати ҳаракати маорифпарварӣ ва амиқрафти худшиносии миллӣ пайвандҳои адабии халқҳои тоҷику қирғиз пурғунҷоишу гуногунмазмун гардид.

Бисёр масъалаҳои пайвандҳои бевоситаи адабиёти халқҳои тоҷику қирғиз дар асри ХХ характери амалӣ гирифт. Дар нимаи дуюми ин сада адабиёти классикӣ ва навини тоҷик дар Қирғизистон ва баръакс, назми оқину адабиёти муосири қирғиз дар Тоҷикистон бо вусъати тамом мавриди интишору таваҷҷуҳ қарор гирифт. Минбаъд на фақат осори Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Хайём, Носири Хусраву Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофизу Камол ва Ҷомию Дониш, ки дар гузашта миёни мардуми қирғиз шуҳрати беандоза доштанд, балки асарҳои С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Р.Ҷалил, М. Миршакар, Ф. Муҳаммадиев, Лоиқ, Гулрухсор ва дигар адибони тоҷик тариқи тарҷума ба забони қирғизӣ доираи васеи хонандагонро фаро гирифтаанд.

Тарҷумаи бадеӣ яке аз рукнҳои асосии пайвандҳои адабӣ буда, дар бештар маврид ба таъсири адабӣ табдил мешавад. Таҷрибаҳо собит кардаанд, ки осори тарҷумашаванда хоҳу нохоҳ ба тарҷумон ва ё коргоҳи эҷодии адиби мутарҷим таъсир мерасонад. Дар ин маврид тарҷумаи бадеӣ чун зуҳуроти муҳимми пайвандҳои адабӣ не, балки чун омили муҳимми инкишофи адабиёт эътибор пайдо мекунад. Тарҷумаи бадеӣ ва таъсири он нисбат ба дигар шаклҳои пайвандҳои адабӣ бештар аст. Маҳз тавассути тарҷумаи бадеӣ назари хонандаи як миллат ба ҳаёт, хислат, характер ва рӯҳияи мардуми дигар батадриҷ васеъ гардида, суръати ба ҳам наздик шудани адабу фарҳанги халқу миллатҳоро меафзояд. Дар натиҷа таъсири адабиётҳо ба маҷрои тозаю пурсамар дохил шуда, аз як тараф ба ҳам наздик шудани онҳоро таъмин намояд ва аз паҳлуи дигар, рангу бӯйи махсуси он адабиётҳоро нигоҳ медорад.

Дар садаи ХХ тарҷумаи бадеӣ ба зуҳур ва рушди навъҳои нави пайвандҳои адабӣ замина гузошт. Маҳз дар натиҷаи ташкили Ҳафтаи адабиёт ва рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон (солҳои 1961 ва 1976) ва Тоҷикистон дар Қирғизистон (солҳои 1962 ва 1976) осори ин ду адабиёт тавассути тарҷума қисми таркибии адабиётҳои миллии ин мардумон гардид. Дар натиҷа мардуми тоҷик ба забони модарии хеш романҳои Т. Сиддиқбекову асарҳои А. Тӯқумбоев, ашъори Қ. Маликову қариб тамоми насри Ч. Айтматов, осори Т. Молдо ва Т. Сотилганов ва адибону драматургони қирғизро мутолиа мекарданд.

Таъсири адабӣ ҷавҳари асосии пайвандҳои адабиро ифода карда, дар тамоми шаклу қонунҳои равобити адабӣ иштироки фаъолона дорад. Бинобар ин, ки таъсири адабиро аз равобити адабӣ ҷудо кардан ва дар айни замон тамоми системаи пайвандҳои адабиро аз таъсири адабӣ пиндоштан ҳам дуруст нест. Таъсири адабӣ навъҳо дорад ва дар ҳолатҳои гуногун бавуқуъ омада, ба объекти таъсир нақши мусбат ё манфӣ метавонад гузорад.

Таъсири эҷодиёти адибони бузург ба осори эҷодкорони дигар ё худ таъсири як адабиёт ба адабиёти дигар ба шароити таърихӣ ва иҷтимоӣ ба истеъдоду маҳорати таъсиргиранда иртибот дошта, ба шаклу воситаҳои гуногун ба амал меояд. Таъсири як адабиёт ба адабиёти дигар ҳамон вақт мушоҳида мешавад, ки адабиёти дар заминаи хеш қомат афрохта, ба қабули таҷрибаи нав омода бошад. Дар охири солҳои 20-ум ва 30-уми асри бист тарҷумаи асарҳои С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ ба забони қирғизӣ пайдо шуданд ва табиист, ки ба адибони қирғиз таъсири худро гузоштанд. Ба қавли донишманди бузурги рус В. Г. Белинский «Таъсири шоири бузурге ба шоирони баъдина на дар он аст, ки ашъори вай дар назми онҳо акс меёбад, балки аз он ҷиҳат сар мезанад, ки кувваҳои эҷодии дар вуҷуди онҳо бударо бедор карда, ба ҳаракат медарорад. Ин ҳол хуршедро монад, ки бо нурҳои худ заминро мунаввар сохта, қувваи худро ба он намегузаронад, балки қувваҳои мавҷудаи худи заминро бедор мекунад». Воқеан, адабиётҳои тоҷик ва қирғиз аз таъсири ҳамдигар баҳравар шудаанд. Мо таъсири амиқи лирикаи классикии тоҷикро дар инкишофи назм ва таъсири насрро дар мисоли осори устод Айнӣ ба насри қирғиз равшан мушоҳида мекунем.

Дар таҷрибаи пайвандҳои адабӣ ба назар мерасад, ки баъзан сабку услуби осори адибе ба эҷодиёти як гурӯҳи адибони кишвари дигар таъсир ва нақш гузошта, тафаккури бадеии онҳоро тағйир ва такон медиҳад. Дар ҳамин маврид эҷодиёти Ч. Айтматов яке аз намунаҳои беҳтарин ба шумор меравад. Ин нависанда ба андешаву тасвирҳои навоваронаю обуранги ба худ хос анъанаҳои адабиёти миллии қирғизро бой гардонд. Тозакориҳои эҷодии Ч. Айтматов ба тезӣ зоҳир шуд ва он ба як қатор асарҳои адабиёти дигар халқҳо, аз ҷумла ба адабиёти тоҷик ҳам таъсир гузошт.

Дар кишвари мо аз миёни осори адибони собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ асарҳои нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов бештар маҳбубият дошт. Хонандаи тоҷик асарҳои хурду бузурги ин нависандаро дар тарҷума ба забони тоҷикӣ аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида мутолиа мекарданд. Дар канори тарҷумаи асарҳои бадеӣ нигоштаҳои публитсистӣ ва пйесаву намоишномаҳои нависанда мисли “Фатҳи қуллаи Фудзияма” дастрас ва ба саҳнаҳо намоиш дода мешуд. Бешак, Чингиз Айтматов аз шумори бузургтарин адибони асри ХХ ва сермутолиатарин нависандагони ҷаҳонӣ аст.

Чингиз Айтматов дар асарҳояш рӯҳу равон, характер ва рангу бӯи зиндагии миллии халқашро нишон дод ва пайванди миллати қирғизро бо тамоми инсоният ва масоили иҷтимоию ахлоқии онро дар бастагӣ ба масъалаҳои умумиинсонӣ ба тасвири бадеӣ гирифт. Ин нависандаи соҳибҳунар мавзуъҳо ва масъалаҳои ҳаёти инсониро ғайримаъмул ва навоварона ба қалам дод. Ҳамин тозакориҳои Ч.Айтматов буд, ки асарҳояш ба зудӣ ба қалби мардуми кишварҳои ҷаҳон роҳ ёфтанд ва ба зиёда аз 150 забон тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ повестҳои «Ҷамила», «Роҳи коҳкашон», «Нахустин устод», «Чашми шутур», «Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман», «Рӯбарӯшавӣ», «Алвидоъ, Гулсарӣ!», «Киштии сафед» ва романҳои «Дӯроҳаи бӯронӣ», «Қиёмат» ва «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд»-и Чингиз Айтматов аз ҷониби Ф. Муҳаммадиев, Ҳ. Аҳрорӣ, Сорбон, Шамсӣ Собир, Бахтиёр Муртазоев, Низом Қосим, Истад Қосимзода ва Ҳикмат Раҳмат ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд.

Истиқлол дар пайвандҳои адабии мо бо халқҳои дигар марҳилаи ҷадидро оғоз бахшид, адабиёту санъат ва ҳунар аз нигоҳи мавзуву ғоя сифатан нав гардида ва бо такя ба анъанаи меросӣ иртиботу алоқаи худро ба адабу фарҳанги халқҳои дигар густариш дод. Баргузор кардани Рӯзҳо, Ҳафта ва Даҳаи адабиёту санъат, таҷлили ҷашнвораҳо, даъвати ҳамдигар ба конфронсҳои байналмилалӣ, ташкили намоиши ҳунар ва консерти ҳунармандони варзида, бавижа тарҷумаи осори адибони маъруф роҳандозӣ гардида барои ҳамдиливу рафоқати миёни халқҳо мусоидат намуд.

Муносибати мо – тоҷикон бо мардуми ба мо дӯсту бародар ва ҳамсояву ҳамсарҳад қирғизҳо дар ҳамаи соҳаҳо, ба гунаи сиёсату дипломатия, иқтисоду иҷтимоъ ва адабу фарҳанг уфуқҳои тоза пайдо кард. Ба шарофати ин дар қаламрави ду кишвар баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, ташкили конференсияҳои илмиву амалӣ, ҳамоишу симпозиумҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони илм, фарҳанг ва зиёиёни эҷодкор ба ҳукми анъана даромад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон гуфта буданд, ки «Сарзамини тоҷикон ҳамеша макони дӯстию рафоқат ва инсонпарварию покдилӣ буд. Ин хислатҳои волоро тамаддуни бой ва куҳнаи тоҷикон ба фарзандони миллат бахшидааст. Имрӯз, ки мо баъди ҳазор сол аз сари нав давлатдории худро пайдо кардем, боз садоқати худро ба ин анъанаҳои нек изҳор менамоем».

Дар се даҳсолаи аввали Истиқлоли давлатӣ ду ҳамсоякишвар дар соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва санъат ҳамкориҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Мувофиқи созиши миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкории фарҳангӣ моҳи майи соли 2004 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронида шуд.

Аз 11 то 13 ноябри соли 2009 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Рӯзҳои фарҳанги вилояти Боткенти Қирғизистон дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гаштанд, ки дар ҷараёни он мардуми тоҷик бо дастовардҳои Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат ошно шуданд.

26 июни соли 2012 дар Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бузургдошти нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов мизи мудаввар дар мавзуи «Эҷодиёти Чингиз Айтматов» баргузор гардид. Баъдан, иштирокдорони ҳамоиш филми мустанад дар бораи Чингиз Айтматовро тамошо карданд.

Соли 2013 Фестивали байналмилалии «Дидор» дар шаҳри Душанбе доир гашт ва дар он нуҳ филми киносозони Ҷумҳурии Қирғизистон манзури тамошобинон гардид. Ба ҳамин монанд чорабинии фарҳангӣ миёни ҳарду кишвар мунтазам баргузор мешаванд ва дар ин самт Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Қирғизистон» нақши муҳим доранд.

Мувофиқи созишҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8-ум то 13-уми июни соли 2015 дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Ҳамоиши оғозини он рӯзи 8-уми июн дар Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т.Сатилганов баргузор шуд. Дар идомаи тадбир устодони санъат, ҳунарпешаҳои халқӣ ва шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳҳои рақсӣ асарҳои анъанавии халқӣ ва ҳам классикии ҷаҳониро иҷро намуданд. Ҳамзамон филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Хонаи синамои ба номи Чингиз Айтматов манзури тамошобинони қирғиз шуд. Гузашта аз ин, чорабиниҳои дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор гардида, сокинони пойтахти Қирғизистонро ба санъату ҳунари халқи тоҷик, махсусияти урфу одат ва анъанаҳои он, ҳамзамон бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи фарҳанг ошно намуд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 20 ноябри соли 2016 доир шуд. Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи киносозон, Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар таҳкими пайвандҳои илмию адабии тоҷикону қирғизҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам ҷойгоҳи худро дорад. Дар се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ҳамоишу конфронсҳои зиёде баргузор гардиданд, ки дар онҳо донишмандону муҳаққиқони ин ду кишвар ширкат доштанд. Яке аз ҳамингуна ҳамоиш бо ибтикори кафедраи назария ва адабиѐти навини форси тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 14-уми декабри соли 2018 Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Чингиз Айтматов дар таҳаввули насри муосири тоҷик» дар факултети филологияи ДМТ баргузор шуд, ки дар кори он олимону устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳҳои Хуҷанду Бохтару Кӯлоб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз сафоратхонаҳои Россия, Қазоқистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Тадбири дигар 27-уми декабри соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он романи Чингиз Айтматов «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд» муаррифӣ шуд.

Мо, тоҷикон аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона дошта, дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ зиндагӣ дорем. Ҳамзистии дӯстона мерос аз ниёконамон буда, ба ҳама ҳалқу миллатҳо, дину мазҳабҳо бо эҳтиром муносибат дорем ва дӯстиву рафоқатро намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонем. Бори дигар дар оғози фасли баҳор, айёми рустану шукуфтанҳо, дар арафаи Наврӯз пойбарҷо будани ҳамин пиндори азалӣ зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон собит гардид. Маҳз қадами мубораки Пешвои муаззами миллат ба қаламрави ҳамсоякишвари Қирғизистон дар қалби садҳо ҳазор сокинони ин ду давлати ҳамсоя, ки дар тӯли таърих бародаронаву дӯстона зиндагонӣ кардаанд, шодиву сурури беандоза овард. Бо ташаббуси роҳбарияти олии ҳар ду кишвар баҳсҳои мавҷуда аз байн рафта, хираду фазилати азалӣ боло гирифт ва дустӣ ғолиб омад.

Имзои созишномаҳо ва боз шудани дарҳои бастаи марз ба рӯйи ҳамдигар, роҳандозии хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Бишкек, истиқрори бародаршаҳрии пойтахтҳои ҳар ду давлат ташаббуси созанда буда, на танҳо иродаи қавии сиёсиву дипломатии роҳбарони ду кишварро нишон медиҳад, балки барои таҳкими дӯстии абадӣ, эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду халқи бародар – тоҷику қирғиз заминаи мустаҳкам мегузорад. Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад, дар оянда зимни равобити устувор ва ҳамкориҳои созанда, бо эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ абадӣ хоҳад шуд.

Мо, аз натиҷаи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки пайке аз ояндаи дурахшон ва равобити судманди дуҷонибаи ин ду кишвари дӯст медиҳад, ифтихор дорем.

Ҷовидона бод дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз!

Муҳаммадизода Қ.М., дотсент,мудири кафедраи назария ва адабиётинивини форсии тоҷикии факултети филология