РӮЗИ ШЕЪРИ БОЗОР СОБИР ДАР ДМТ

46

Имрӯз (20.11.2024) дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология маҳфили “Рӯзи шеъри Бозор Собир” баргузор гардид.

Маҳфил бо иштироки кормандони Раёсати Донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва меҳмонон гузаронида шуд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С. ҳузури меҳмононро ба маҳфил хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Бозор Собир 61 сол муқаддам факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда, чанд муддат тарҷумон -мутахассиси собиқ Шуравӣ дар Афғонистон буд. Сипас мудирии шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳамзамон мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда кор кардааст.

Зимнан профессор Боймурод Шарифзода иброз доштанд, ки ашъори устод Бозор Собир ҳамавақт диққату таваҷҷуҳи адабиётшиносону мунаққидонро бо худ ҷалб карда буд, ки имрӯзҳо ҳам бисёри олимону ноқидон эҷодиёти ӯро қадр мекунанд ва ҳамеша баҳои баланд медиҳанд. Ҳамчун шоири забардасту мумтоз ном баровардани Бозор Собир ҳодисаи фавқуллода ва сунъӣ набуда, балки натиҷаи заҳмати бисёрсолаи шоир дар такомулу ташаккули пешаи интихобкардаи ӯст. Симои шоиронаи ӯ ҳамеша равшан, хосса ва дар миёни ҳамқаламони худ нотакрор аст.

Таъкид гардид, ки имрӯз аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ шуда ашъори шоири ватансароро барои халқи тоҷик, адабиёти тоҷик ва фарҳанги тоҷик муҳим арзёбӣ намудан.

Маҳфил бо шеъру сурудхонии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарпешаи театр ва синамо Ортиқи Қодир ва ҳунармандони шинохтаи кишвар, Саидқул Билолов ва Муҳаррама Шарифова ба охир расид.