РИОЯИ МЕЪЁРИ ЗАБОН − АМРИ НОГУЗИР!

282

Ҳанҷор ё худ меъёр дар мавридҳои гуногун барои он таъйин мегардад, ки ҳадду ҳудуд муайян бошад. Дар ҳама гуна ҳолат аз риояи меъёр “на сих месӯзад, на кабоб”. Дар баробари падидаҳои дигар барои забон низ меъёр муайян мегардад, яъне ҳар забон, хосса шакли адабии он, дорои меъёри муайян аст. Риояи меъёри забон омили солим мондану рушди забон мешавад.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои тавонмандест, ки ҳанӯз дар даврони бостон ва миёна дорои меъёрҳои муайяне дар бахшҳои гуногун буд. Аз ибтидои давраи нави ташаккул (асри IX милодӣ) низ меъёрҳои мушаххаси ин забон рӯйи кор омада буданд. Ин меъёрҳо дар талаффуз, корбурди луғат, вожасозӣ, ибораороӣ, ҷумлабандӣ риоя мегардиданд ва маҳз ҳамин амал боиси қавӣ ва ғанӣ гардидани забони тоҷикӣ дар муддати беш аз ҳазор соли охир гардидааст. Албатта, забони адабӣ дорои меъёрҳои таърихан ташаккулёфта аст, аммо гоҳе меъёрҳо дар бахшҳои ҷудогонаи забон дар фароянди рушди забон вобаста ба омилҳои гуногун метавонанд тағйир ёбанд. Ин падида, дар маҷмуъ, падидаи мусбат аст, ба инкишофи забон мусоидат мекунад ва шаҳодат аз он медиҳад, ки забон, воқеан, ҳодисаи ҷамъиятӣ аст, вобаста ба талаботи ҷомеа тағйир мепазираду рушд мекунад. Аз ҷониби дигар, риояи меъёрҳои муайяншудаи забон омили пешгирӣ аз харобшавии забон шуда метавонад. Беҳуда нест, ки ҳар забони қавӣ метавонад ҳатто иқтибосоти гуногунро ба меъёрҳои худ, чи аз нигоҳи овоӣ, чи аз нигоҳи дастур мутобиқ созад.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳоест, ки реша дар умқи таърих дорад. Се давраи рушду такомули он ҳудуди се ҳазор солро фаро мегирад. Табиист, ки дар ин муддат забони тоҷикӣ ба забонҳои зиёде таъсир гузоштаасту худ низ таъсир пазируфтааст. Натиҷа ин аст, ки дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ як гурӯҳи калонро вожагони иқтибосӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ ба ҷуз аз забонҳои эронӣ вожагони иқтибосӣ аз забонҳои ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ, туркиву муғулӣ, русӣ ва баъзе забонҳои муосири аврупоӣ вуҷуд доранд.

Масъалаи асосие, ки дар мавриди вожагони иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ бояд баррасӣ гардад, “қиёфаи овозии тоҷикӣ” пайдо кардани онҳост. Чунин аст, ки калимаи иқтибосшуда ҳатман ба табиати овоии забони нав мутобиқ мегардад. Масалан, вожагони иқтибосии арабӣ дар забони тоҷикӣ ба тағйироти забонӣ дучор гардида, аз асли худ дур рафтаанд: овозҳои хоси забон арабӣ, ки бо ҳарфҳои зол, сои мусаллас, сод, зод, итқӣ, изғӣ, ҳои ҳуттӣ ифода мегарданд, дар забони тоҷикӣ дар талаффуз бо муодили тоҷикиашон иваз гардиданд, ҳарчанд ки дар навишт нигоҳ дошта шуданд. Аз ҷониби дигар, ҷойи зада дар аксари вожагони иқтибосии арабӣ тағйир дода шуд ва ин тақозои меъёрҳои овоии забони тоҷикӣ буд. Дар забони тоҷикӣ зада дар овози садоноки ҳиҷои охири калима гузошта мешавад ва ҳамин қоида дар вожаҳои иқтибосии арабӣ низ татбиқ гардид. Бад-ин тариқ, “Муҳáммад”-и арабӣ ба тоҷикӣ “Муҳаммáд” талаффуз гардиду “муъáллим”-и арабӣ “муаллѝм”.

Маълум аст, ки аз охири садаи XIX фароянди ба забони тоҷикӣ ворид гардидани вожаҳои русӣ шуруъ гардид. Ин падида дар садаи XX башиддат неру гирифт ва вобаста ба омилҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии маълум, аз як ҷониб, вожаҳои зиёди русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос гардиданд, аз ҷониби дигар, вожаҳои забонҳои аврупоӣ ба воситаи забони русӣ ба забони мо иқтибос шуданд.

Дар таълифи асари илмӣ муаллиф гоҳе ба зарурат вожаю истилоҳоти иқтибосиро корбаст менамояд ва ба ин васила таркиби луғавии забон аз ҳисоби вожаи забони дигар такмил меёбад, яъне омили иқтибос гардидани вожа гоҳе ба ташаббуси эҷодкор пайваст аст. Вожаҳои зиёди арабӣ ба забони тоҷикӣ ба ин усул низ роҳ ёфтаанд, аммо дар мавриди иқтибос гардидани вожаҳо аз забони русӣ дар давраҳои аввал вазъи дигаре низ мушоҳида гардидааст. Пажӯҳишгарон таъкид менамоянд, ки дар ибтидо вожаҳои русӣ дар забони гуфторӣ ба кор бурда шудаанд ва баъдан тавассути осори адибон ба забони адабӣ низ ворид шудаанд. Аз ин ҷост, ки таъсири талаффузи забони зинда ва мутобиқшавӣ ба меъёрҳои талаффузи забони тоҷикӣ дар ин гуна вожаҳо ба назар мерасанд.

Иқтибос гардидани вожаҳои русӣ ба забони тоҷикӣ ва иқтибоси вожаҳои аврупоӣ тавассути забони русӣ ба забони тоҷикӣ аз даҳаи дуюми садаи XX авҷ мегирад. Иқтибоси чунин вожаҳо гоҳе аз рўйи зарурат сурат гирифта бошад, дар мавриди дигар бидуни ҳеҷ ниёзе ин ё он вожаи бегона ҷойгузини вожаи тоҷикӣ ва ё вожаи иқтибосии забони дигар, ки асрҳо дар забони тоҷикӣ мустаъмал буд, гардидааст. Магар зарурате вуҷуд дошт, ки ба ҷойи мизу курсӣ вожаҳои столу стул ва ё ба ҷойи сиёсат вожаи политика, ба ҷойи таҷриба вожаи практика ва амсоли ин истифода гардад?

Як падидаи дигари аҷиб ин аст, ки вожагони аз забонҳои аврупоӣ дар садаи XX ба забони тоҷикӣ иқтибосшуда на дар шакли асл ва на ба тарзи мутобиқ ба забони тоҷикӣ корбаст мегардиданд (воқеан, ин падида ҳанӯз идома дорад). Ин гурӯҳи вожагон аввал ба забони русӣ иқтибос гардидаву ба меъёрҳои овоии ин забон мутобиқ гардидаанд ва айнан дар ҳамин шакл ба забони тоҷикӣ гузаштаанд. Ба унвони намуна: дар забони англисӣ – constitution, дар забони русӣ – конституция ва дар забони тоҷикӣ низ – конститутсия; дар забони англисӣ – professor, дар забони русӣ – профессор ва дар забони тоҷикӣ – профессор. Муқоисаи танҳо ҳамин ду вожа кофист бифаҳмем, ки дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ онҳо талаффузи яксон доранд, зада дар забони тоҷикӣ низ ҳамон гуна гузошта мешавад, ки дар забони русист. Ҳол он ки, ҳадди ақал, мо бояд задаро дар охири ин вожаҳо мегузоштем ва талаффузи ин вожаҳо ба меъёри овоии забони тоҷикӣ мутобиқ мегардид.

Ҳар вожаи иқтибосшуда дар забон коркард бояд шавад, аз нигоҳи талаффуз ба меъёрҳои забон мутобиқ гардад. Ба таври дигар, забони вомгирифта вожаи иқтибосиро бояд ҳазм намояд.

Масалан, дар забони тоҷикӣ тағйири шакл намудани вожагони иқтибосии стакан ба истакон, шоколад ба шакалод, шётка ба шӯтка ва ё чӯтка, фаэтон ба фойтун, октябр ба уктобир бесабаб набуд. Ба ин васила вожаҳои иқтибосии мазкур ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқ шудаанд ва ин як падидаи маъмулӣ дар низоми овоии забон аст. Падидаи мазкур дар ҳар забони дигар низ мушоҳида мегардад. Масалан, сарфи назар аз он ки дар забони русӣ ҳамаи овозҳои фарогири вожаҳои зер мавҷуданд, номвожаҳои тоҷикии Норак, Бадахшон, Турсунзода бар гунаи Нурек, Бадахшан, Турсунзаде навишта ва хонда мешаванд. Дар сурати набудани овозе танҳо онро иваз намекунанд, балки қиёфаи овозии вожа куллан тағйир меёбад. Чунончи, Кӯлобро на Кулоб, балки Куляб, Хуҷандро на Худжанд, балки Ходжент, Хоруғро на Хоруг, балки Хорог менависанду талаффуз мекунанд, яъне вожаҳо ба меъёри овоии забони русӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Тавре ки маълум аст, мувофиқи талабот ва сиёсати замони шуравӣ вожаҳои русию аврупоӣ мебоист дар шакли овозию имлои русии онҳо ба кор бурда мешуданд. Ҳатто дар мавридҳои зиёд талаффуз ва мавқеи задаи аслии вожаҳо, ба он тарзе ки дар забони русӣ роиҷ буд, нигоҳ дошта мешуд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ як гурӯҳ вожаҳои иқтибосӣ бар хилофи меъёри забони тоҷикӣ талаффуз мешаванд. Масалан, тоҷикон вожаҳои картошка, август ва амсоли инро мутобиқ ба забони русӣ чунин талаффуз мекунанд: картóшка, áвгуст. Дар асл, мутобиқи меъёри овоии забони тоҷикӣ зада дар вожаҳои иқтибосии мазкур бояд дар ҳиҷои охир гузошта шавад ва чунин талаффуз гардад: картошкá, авгýст. Бояд гуфт, ки дар баъзе лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ вожаи “картошка” дар шакли “картишка”, “катишка”, “тушка” бо гузоштани зада дар ҳиҷои охир талаффуз мешавад. Кор ба ҷойе расидааст, ки зери таъсири ин гуна задагузорӣ гоҳе вожагони иқтибосии забони дигар ва ҳатто ин ё он вожаи аслии тоҷикиро низ нодуруст талаффуз мекунанд. Масалан, зуд-зуд мо шоҳиди он мешавем, ки вожаи “назариЯ”-ро (зада дар охир дорад) назАрия талаффуз мекунанду “меъЁр”-ро “мЕъёр”. Ҳатто ҳамин “вожа”-ро низ гоҳе вОжа талаффуз мекунанд. Оқибати манфии чунин тарзи иқтибосгириро профессор Ҳомид Маҷидов чунин арзёбӣ намудааст: “Чунин муносибат, албатта, ба системаҳои овозӣ, маъноӣ ва аксентологии вожаҳои худӣ бетаъсир намемонд. Дурусттараш, он ба забони тоҷикӣ таъсири манфӣ гузошта, боиси нотавонию харобии он мегардид. Ҳарчанд чунин таъсири забони русиро ба забонҳои миллӣ, аз ҷумла, ба тоҷикӣ сиёсатмадорони соҳаи забон аз ҳодисаҳои мусбат, нишонаи интернатсионалии он, наздикшавии халқҳову миллатҳои гуногун маънидод кардаанд, он ба ҷуз ботил гардонидани хосиятҳои милливу анъанаҳои қадимии забонамон чизи дигареро ба бор наовард”.

Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, хусусан дар забони васоити ахбори умум, имрӯзҳо навишт ва талаффузи дигаргунаи иқтибосоти русию аврупоӣ, ки ба меъёрҳои забони тоҷикӣ то андозае мутобиқ карда шудаанд, низ мушоҳида мешавад. Масалан, ба ҷойи вожаҳои Россия, Гёте, Франсия, Англия, парламент муодили онҳо дар шакли Русия, Ҳёте, Фаронса, Инглистон, порлумон истифода шуда истодааст. Агар ҳамаи вожаҳои иқтибосӣ ба меъёрҳои овоии забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шаванд, ихтилофҳо дар талаффуз аз байн хоҳанд рафт.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар осори намояндагони адабиёти садаи XIX ва ибтидои садаи XIX вожаҳои иқтибосии русию аврупоӣ як андоза ба меъёрҳои талаффузи забони тоҷикӣ мутобиқ истифода шудаанд. Ин вижагии истифодаи иқтибосоти русию аврупоиро дар асарҳои Мирзо Сироҷи Ҳаким, Аҳмади Дониш, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Тошхоҷа Асирии Хуҷандӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Абдуррауфи Фитрат, Садри Зиё, Садриддин Айнӣ ва дигарон мушоҳида намудан мумкин аст (ба монанди импиротур (император), губирнот ва кибирнот (губернатор), урус (рус), зокун (закон), ойруплон (аэроплан), калиска (коляска), нумур (номер), гинирол (генерал), газит (газета), тилгироф (телеграф), зовут (завод), дуктур (доктор), истанса (станция), вогун (вагон), уктобир (октябр), тилифун (телефон), громифун (граммофон), устал (стол), устул (стул) ва ғ.

Гурӯҳи дигари калимаҳое, ки ба тағйироти овоӣ дучор гардидаанд, исмҳои хоси шахс мебошанд. Баъзе номҳои арабӣ, мисли Муҳаммад ва Аҳмад дар забони арабӣ дар ҳиҷои дуюм (Муҳáммад) ва ҳиҷои якум (´Аҳмад) зада мегиранд, аммо талаффузи номҳои мазкур дар забони тоҷикӣ тағйир пазируфтааст. Мо дар талаффузи ин номҳо задаро дар ҳиҷои охир мегузорем (Муҳаммáд, Аҳмáд). Дар осори адибони садаи XIX низ ба тағйири номи ашхос дучор мегардем, аммо ин тағйирот на танҳо дар ҷойи зада, ҳамчунин дар шакли навишти ном аст:

Вақте ки аз Тошканд мураххас шуда дохили Самарқанд шудем, Абрамуф, ҳокими Самарқанд, ба мо мулоқот намуд (Аҳмади Дониш). Гӯё мушоринулайҳ яке аз сарманшаҳои балвои қатли Сублуф будааст (Мирзо Сироҷ).

Имрӯз дар талаффузи номи кишварҳо низ дар забони тоҷикӣ хато зиёд аст. Мо номи шаҳру кишварҳоро айнан ҳамон гуна менависему талаффуз мекунем, ки дар забони русӣ роиҷ аст.

Ҳамзабонони мо роҳи дигареро пеш гирифтаанд ва ин гуна ҷойномҳоро мутобиқ ба меъёри овоии забон кардаанд. Италияро Итолиё, Америкаро Амрико, Японияро Ҷопон, Данияро Денморк, Франсияро Фаронса менависанду талаффуз мекунанд. Агар мо ин гуна шаклҳоро пазируфтанӣ набошем, ҳадди ақал задаро бояд дар ҳиҷои охири ин ҷойномҳо гузорем ва талаффузи ин вожаҳоро андаке ба меъёри овоии забони тоҷикӣ мутобиқ гардонем.

Камолзода Х.М., дотсент, мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ