РУШДИ ЗАБОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

107

Истиқлол беҳтарин неъмат аст, зеро волотарин, арзишмандтарин ва пурқиматтарин дастоварди миллати тоҷик дар садсолаи охир ба ҳисоб меравад. Ба даст овардани Истиқлол як бурди бузургу беҳамто дар низоми давлатдорист, вале нигоҳ доштану мукаммалсозии он заҳмату масъулияту беқиёсро талаб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолоро ба даст овард, аммо мутаассифона, як сол нагузашта ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Зеро ки ҳамон давраҳо барои миллтаи мо як шахсияти фавқуллодаи сиёсӣ лозим буд, ки баъзе норасоиҳои аз замони Шуравӣ меросмондаро ба танзим дарорад. Хушбахтона, Худованд ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд. То имрӯз, яъне зиёда аз 30 соли Истиқлол бо сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳо ва паҳлуҳои муҳталифи фаъолияти Ҷумҳурии мо бо суръат рушду нумуъ кард, ки забон яке аз онҳо мебошад. «Инкишофи ботадриҷу муназзами ҳама ҷабҳаҳои забони муосири тоҷикро дар ин муддати начандон тулонии Истиқлол равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Забони тоҷикӣ акнун фақат забони кӯчаву бозор нест. Шаклҳои адабии он сол аз сол сайқал ёфта, нерӯманд ва тавоно мешаванд ва ба ҳама соҳаҳои ҳаёти мардум ворид мегарданд. Сабку услубҳои мухталиф, жанрҳои гуногуни нигориш ва гуфтор бо он фароҳам омадаанд ва мунтазам суфта мегарданд. Шакли шифоҳии забони адабӣ низ то рафт аз шакли хаттии он фарқ намуда ба нишонаву хосиятҳои назаррас соҳиб мешавад»[2, 2].

Имрӯз забони тоҷикӣ ба бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо дар ҳифзи асолати миллӣ мубаддал гардидааст. Аз ин сабаб, олимони соҳа низ барои таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи забонамон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Яке аз ҳамин масъалаҳо, ки ба тозагӣ ҳалли худро ёфт масъалаи меъёрҳои мустаъмали забони адабии муосири тоҷик мебошад.

Забоншиносони шинохта Р.Ғаффоров, С. Ҳошимов ва Б. Камолиддинов ҳанӯз 26-27 сол муқаддам дар нигоштаҳояшон қайд карда буданд, ки «…меъёри забони адабӣ ҳодисаи абадӣ ва тағйирнопазир нест. Мисли ҳар як чизу рӯйдоди дигар, ки тадриҷан тағйир меёбад, меъёри забони адабӣ низ бо гузашти замон оҳиста-оҳиста таҳаввул мебинад» [1, 27]. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ин мавзуъ дар замони Истиқлол ба яке аз мавзуъҳои ҳалталаб ва пурбаҳси забоншиносон табдил ёфта буд.

Хушбахтона дар натиҷаи тадқиқ ва заҳматҳои чандинсолаи худ профессор Ҳ. Маҷидов ба ин мавзуъ нуқта гузошт. Ин забоншиноси шинохта дар яке аз нигоштаҳояш истилоҳи меъёрро «доираи амалиёт, ҳад, ҳудуди зуҳуроти падида»[3, 45] маънидод намуда, меъёрҳои забони адабии муосири тоҷикро ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо намуд. Вай дар яке аз мақолаҳояш менависад, ки «…азбаски мафҳуми меъёри забон бо доираи истеъмоли воҳидҳои сатҳҳои ҷудогонаи он алоқамандии бевосита дорад, анвои онҳоро дар робита бо ҳамин воҳидҳо аз назар гузаронидан лозим мешавад. Аз ин нуқтаи назар, дар забони адабии муосири тоҷикӣ меъёрҳои истеъмолии савтию аксентологӣ, сарфию калимасозӣ, луғавию маъноӣ, фразеологӣ ва наҳвиро, ки ҳар яке аломату нишонаҳои хосро соҳибанд, ҷудо намудан мумкин аст».

Рушду нумуи соҳаи луғатнигорӣ низ дар замони истиқлол шоистаи ёдоварӣ ва таҳсин аст. Забоншиносони варзида рушди соҳаи луғатнигориро асосан ба се давра – 1. Даврони луғатсозии тоисломӣ; 2. Асрҳои Х–XV, ё ки луғатсозии минтақаи Хуросон ва 3. Асрҳои XVI–XIX ё ки луғатсозӣ дар сарзамини Ҳиндустон ҷудо карда буданд. Дар забони адабии муосири тоҷикӣ ду давраи дигари луғатнигории воқеан бузурги тоҷик – якум замони Шуравӣ ва дуюм замони Истиқлолро ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар ду давра бо махсусиятҳои худ аз ҳамдигар тафовут дошта, дар рушди забони тоҷикӣ нақши муҳимро касб кардаанд. Агар дар замони Шуравӣ тартиб дода шудани луғату фарҳангҳои энсиклопедӣ зиёд ба назар расанд, дар замони истиқлол баробари ба табъ расидани луғатҳои зиёди тарҷумавӣ бо забонҳои мухталифи дунё, ки талаби давру замони муосир маҳсуб меёбад, луғатҳои бузурги тафсирӣ ба вуҷуд омаданд. Мисол, яке аз шоҳкориҳои ин замон тартиб дода шудани «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» мебошад, ки он зиёда аз 80 000 калимаро дар бар гирифта дар ду ҷилд гирдоварӣ шудааст. Нашр гардидани ҷилдҳои якум ва дуюми «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» маҳз дар замони Истиқлол сурат гирифтааст. Электронӣ намудани баъзе луғатҳои тафсирӣ ва тарҷумавӣ низ метавонад, аз дастовардҳои муҳимму пурарзиши даврони Истиқлол бошад.

Дар замони Шуравӣ бо тақозои сиёсати давр номи шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо ошхонаву мағозаҳо ва садҳо ҷойҳои дигар бо забони ӯзбекиву русӣ номгузорӣ гардида буданд, ки баъзеи онҳо ҳатто душворталаффуз ва барои қиёфаи овозии забони тоҷикӣ носозгор буданд. Мисол, Ҷиргатол – Лахш, Ҷилликӯл – Дӯстӣ, Қизил байрақ – Аҷам ва ғайра. Фарҳанги миллии номгузории тоҷикӣ дар замони пеш аз Истиқлол бо ду по мелангид. Маҳз бо шарофати Истиқлол ин падидаҳо аз байн рафтанд ва ҷойи онҳоро номҳои тоҷикӣ ишғол намуданд. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани номгузорӣ дар кишвар аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» иборат аз ду ҷилд ба табъ расид ва он то имрӯз дар хидмати номгузорон ва идораҳои дахлдор мебошад.

Хулоса, баъди ба даст овардани Истиқлол дар забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар ҷомеа мавқеи бунёдӣ пайдо кард. Маҳз бо шарофати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 05 октябри соли 2009 қабул шудааст, забони миллии мо бо пуштибонии ҳуқуқии давлату ҷомеа аз ҳама сарчашмаҳои имконпазир дар рушду такомули хеш ба хотири иҷрои вазифаву масъулиятҳои забони давлатӣ бархурдор аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як соҳибзабонро зарур аст, ки ин омили бунёдиро чун дастоварди соҳибихтиёрии давлату миллат ва маҳсули сиёсати хирадмандонаву босуботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нодида нагирад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба инкишофу такмили низоми сохториву вожагонии забони давлатӣ мусоидат кардан ва тавоноии забони тоҷикиро бо корбурди сарвати мавҷудаи хаттиву забонӣ такмил додан қарз ва вазифаи шаҳрвандии соҳибзабонону мутахассисони соҳа мебошад.

АдабиётҒаффоров Б., Ҳошимов С., Камолиддинов Б. Услубшиносӣ. – Душанбе: Маориф, 1995. – 191 с.Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1. – Луғатшиносӣ. – Душанбе, 2007. – 243 с.Маҷидов Ҳ. Сеҳри сухани форси тоҷикӣ. – Душанбе, 2014. – 351 с.

Ҳайдаров Муҳаммадёр – муовини декани факултети филологияи ДМТ