Соли 2016 бори аввал дар таърихи кафедра семинари илмии назди кафедра таҳти унвони “Баҳори дониш” ба роҳ монда шуд, ки ҳар сол ҳадди ақалл чор ҷаласаи он доир мегардад. Дар нахустин семинари илмии кафедра маърӯзаи устоди марҳум, профессор Худоӣ Шарифзода “Хусусиятҳои бадеӣ-эстетикии достони “Сиёвуш” ба нақша гирифта шуда буд. Бинобар бемории устод, дар нишасти аввал маърӯзаи профессор Б. Мақсудов “Асосҳои илми кодикология ва таълими он” (22 майи 2016) шунида шуд. Маърӯзаи устод дар таърихи 22-юми ноябри ҳамон сол шунида шуд. Баъд, ба навбат, дар нишастҳои илмии дигари семинари илмӣ устодони зерин суханронӣ карданд:
Профессор Б. Мақсудов: “Натиҷаҳои таҳқиқи Фахруддини Ироқӣ ва осори ӯ дар Тоҷикистон”, “Бузургдошти Фахруддини Ироқӣ” (31 майи 2016), “профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ва мактаби илмии ӯ” (12 апрели 2017), “Баррасии китоби дарсии “Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то асри XIII)” (03.04.2018), “Сабки сухани Камоли Хуҷандӣ” (2019).
Профессор А. Абдусатторов: “Таърих ва назарияи адабиёти татбиқӣ” (моҳи ноябри 2017), “Сайидои Насафӣ ва маърифати замонии шеъри ӯ” (11-уми майи 2018).
Профессор М. Нарзиқул: “Китоби дуюм аз силсилаи шоҳномапажӯҳии профессор Худоӣ Шарифзода: муаррифӣ ва рӯнамоӣ” (3-юми апрели 2018), “Дотсент А. Юлдошев ва фаъолияти адабпажӯҳии ӯ” (19-уми октябри 2018), “Нигоҳе ба шахсият ва осори ғиноии Амир Хусрави Деҳлавӣ” (8-уми октябри 2019), “Вазъи омӯзиши дастнависҳои маҳфуз дар “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” (02.04.2021).
Профессор М. Солеҳов: “Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ва таҳаввули адабиётшиносии тоҷик” (12 апрели 2017). Дар ин масъала профессорон А. Маҳмадаминов ва У. Тоиров низ суханронӣ карданд.
Профессор М. Низомов: “Нақши ӯ дар синаву дар ёдҳост” (3-юми апрели 2018), “Рӯнамоии китоби “Сӯзи синаи Хусрав” (мунтахаби ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ)” (8-уми октябри 2020).
Дотсент А. Юлдошев: “Унсурҳои қолабгароӣ дар офариниши образи Ардашери Бобакон” (19-уми октябри 2018).
Дотсент Г. Нозимова: “Маърифати эстетикии шеъри Рӯдакӣ (озмуни қироати шеър ва маънӣ)” (2019).
Н.и.ф., м.к. А. Авғонов: “Шеъри маснӯъ ва омилҳои рушди он” (феврали 2016), “Чопи сангӣ: таърих ва мухтассоти он” (2019).
Баъзе ҷаласаҳои семинари илмии “Баҳори дониш” моҳияти таърихӣ дошта, ба муносибати бузургдошти шахсиятҳои адабӣ, илмӣ ва устодони кафедра доир гардиданд, аз ҷумла:
Дар ҷаласаи илмие, ки дар таърихи 31.05.2016 таҳти унвони “Бузургдошти Фахриддини Ироқӣ” баргузор гардид, дар зимн таҷлили 60-солагии профессори кафедра Б. Мақсудов дар назар буд. Ин нишасти илмӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бо иштироки васеи баъзе донишмандон аз мактабҳои олӣ ва марказҳои илмии шаҳри Душанбе доир шуд. Мавзуи аслии баҳс “Натиҷаҳои таҳқиқи аҳвол ва осори Фахриддини Ироқӣ” буд, ки дар ин хусус гузориши ироқишиноси тоҷик, профессори кафедра Б. Мақсудов шунида шуд. Профессор Абдушукури Абдусаттор таҳти унвони “Инсон, муҳаққиқ ва омӯзгор” перомуни фаъолияти илмӣ ва омӯзгории соҳибҷашн суҳбат кард. Доир ба мавзуи баҳс назари ҳамкорон, меҳмонон ва шогирдон ҳам шунида шуд.
Як ҷаласаи семинари илмӣ, ки таҳти унвони “Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ва таҳаввули адабиётшиносии тоҷик” дар таърихи 11.04.2017 баргузор гардид, ба 110-солагии умри пурбаракати нахустин мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ихтисос ёфта буд.
Баъзе аз ҷаласаҳои семинари илмии “Баҳори дониш” дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, бо иштироки доираи васеи донишмандони ватанию хориҷӣ ва соири алоқамандон баргузор мегардад. Барои мисол, семинари илмие, ки дар таърихи 02.04.2021 дар мавзуи “Эҳёи дигари “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”” доир гардид, Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х., Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Раҳмонзода А. А., Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода М. С., Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, деканҳои донишгоҳ, ҳайати профессорон ва донишмандони матншинос иштирок ва суханронӣ карданд. Гузоришҳои илмии нишасти мазкур аз ҷониби устодони кафедра ироа гардид: “Саҳми профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар таъсис ва такмили хазинаи китобҳои Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” (Сухангӯ: д.и.ф., дотсент М. Солеҳов), “Дастхатҳои қадими маҳфуз дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” (Сухангӯ: д.и.ф., профессор Мақсудов Б.), “Нусхаҳои хаттии марбут ба адабиёти асрҳои XVI-XIX дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” (Сухангӯ: д.и.ф., профессор А. Абдусатторов), “Вазъи омӯзиши дастнависҳои маҳфуз дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” (Сухангӯ: д.и.ф., профессор М. Нарзиқул). Нишасти илмӣ бо қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён ва музокираи бархе аз аҳли нишаст ҷамъбаст гардид.
Дар семинари илмие, ки дар таърихи 08.10.2019, дар толори собиқ Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода (ҳоло “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”) баргузор гардид, сафири муҳтарами Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ, аташаи фарҳангии сафорати мазкур доктор Абдусамеъ иштирок ва суханронӣ карданд. Ин нишасти илмӣ ба муносибати бузургдошти Амир Хусрави Деҳлавӣ ва рӯнамоии китоби “Сӯзи синаи Хусрав”, ки фарогири мунтахаби ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад, ташкил шуда буд.
Сӯзи синаи Хусрав (мунтахаби ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ). Муқаддима ва таҳияи Мисбоҳиддини Нарзиқул. – Душанбе: Эр-граф, 2019. – 188 с.