СУХАН АЗ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

158

Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад, барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.

Ин нукта дар ҳамоиши факултети филологияи ДМТ аз љониби мутахассис мавриди баррасӣ қарор гирифт. 31.10.2023 ба ифтихори солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Ганҷинаи ба номи професссор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филологияи ДМТ чорабинӣ дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқ намудани Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ декани фукултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ баромад намуд.

Баъдан вакил, Раиси Комиссссияи дастур ва такмили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқ намудани Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.

“Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Агар мо ба таърихи ниёгонамон назар кунем, эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар мадди аввал гузошта шудааст.

Мисоли равшани онро мо дар давлатдории Сомониён мушоҳида карданамон мумкин аст ва баъдан, пас аз кашмакашҳои зиёди таърихӣ халқи тоҷик тавонист, тавассути фарзандони фарзонаи миллати худ соҳиби давлату Конститутсияи худ шавад”- гуфта шуд дар чорабинӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдаш буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст.