ТАҶРИБАОМӮЗИИ ШЕВАШИНОСӢ

364

Шевашиносӣ ё диалектология як қисми забоншиносист, ки лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллии забонро меомӯзад. Шевашиносӣ ду навъ мешавад: тасвирӣ ва таърихӣ. Шевашиносии тасвирӣ манзараи имрӯзаи лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллиро меомӯзад. Шевашиносии таърихӣ бошад басо мураккаб аст: бояд нишон диҳад, ки ягон ҷиҳати низоми нутқи шевагӣ дар тули асрҳо чӣ гуна тағйир ёфтааст, кадом ҳодисаҳо ба чӣ ваҷҳ зуҳур кардаанд, сабаби барҳам хурдани ҳодисаҳои дигар дар шароити муайяни таърихӣ аз чӣ иборат аст.

Ин нуктаро ба мо номзади илмҳои филология, дотсенти факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ Саъдуллозода Умедҷон, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи донишҷӯёни таҷрибаомӯзи таълимӣ –шевашиносӣ муайян шудааст, ироа дошт.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳнамоии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. гурӯҳи донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети мазкур барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ-шевашиносӣ аз 29.06.2022 то 06.07.2022 ба деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор сафарбар гардиданд.

Устодони факултет Камолзода Хуршед, Саъдуллозода Умедҷон ва Ҷобиров Абдуқодир донишҷӯёни мазкурро роҳбарӣ намуда, донишҷӯён миёни аҳолии деҳа ба омӯзиши забони лаҳҷа машғул шуданд ва дар самти шевашиносӣ маводи гуногуни илмиро гирдоварӣ намуданд.

(Аксҳо аз рафти таҷрибаомӯзӣ: омодагиҳо, таҳлилҳо, суҳбатҳо ва ғ.)