ВАТАН САРЧАШМАЕ ДАР ПОЙИ МОДАР…

324

Ватан ҳарфест, ки ҷон офарад, ҷон,

Канори ишқ имон офарад ҷон.

Ватан дар хуни дилҳо мезанад давр

Ба хуни дил гулистон офарад, ҷон.

Дар воқеъ Ватан ҳарфест, ки зиндагӣ аз он бару бум пайдо мекунад. Фасли хазонрезаш аз рӯҳи озод ишораи ҳастӣ менамояду сармои зимистонаш дар ҷилои тобандаи хуршед ба дилҳо нуру покӣ ато мекунад. Баҳораш бо муждаи эҳёи дигарбораи умр нафасҳоро ба зиндагӣ гарм медораду ҳарорати ҷонбахши тобистонаш дилҳоро муфарраҳ месозад. Мисли он ки зиндагӣ дар чорсӯйи аносири табиии умр рӯҳи инсониро сайқал ба он медиҳад, ки дар фазои орзуҳо бо хокаш армон шиканад, бо бодаш биомезад, бо обаш равонро рӯшан дорад ва бо оташаш ҳиммату бузургӣ пайдо кунад. Ҳамин хоки Ватан аст, ки ниҳоли умри моро мепарварад, насими боди зиндагибахши диёр ба ин ниҳолак ҳусни шукуфтан зам мекунад, оби чашмасорон бару буми ин ниҳолро шодоб мегардонад ва оташи нерӯбахши муҳаббат дар оғӯши хуршедии Ватан ниҳоли вуҷуди моро сарсабз нигоҳ медорад.

Дар ҳаёти инсон ду марҳилае мавҷуд аст, ки фаҳму дарки ин мафҳуми гувороро бо ҳама назокаташ дар ӯ бедор менамояд.

Яке овони кӯдакӣ ва дигаре айёми камолот.

Аммо ин ду марҳила якранг нестанд. Агар дар марҳилаи аввал ин эҳсос дар домани модар фароз ёбад, пас дар марҳилаи дувумӣ бидуни ҳеҷ шакку шубҳае эҳтиёҷоти ботинии шахс, сабаби авҷ гирифтан ва дарёфтани шохисаҳои ватандӯстӣ мегардад.

Марҳилаи аввал бо содагиву ширинӣ дар ҳусни маҳзари модар вусъат пайдо мекунад ва аз бузургтарин шинохт дар хурдтарин ҷисм маънидод мегардад. Вақте ки тифл ба дунёи рӯшан чашм во мекунад, аввалин дидаҳояш дар дидагони модар муҷалло мешавад ва бо оҳанги ширадори ӯ дар бораи падидаҳои олами вуҷуд мешунавад. Ин лаҳза барои модар ҳам ҳассостарин лаҳзаи умр мебошад. Аз ин рӯ, модар кӯшиш мекунад, ки дар шарҳи камтарин ҷузъиёту падидаҳои ҳаётӣ ҳама донишу маҳорату фаросати худро ба кор барад, то барои тифлаш ошноӣ бо олами атроф мондагор сурат гирад. Ана ҳамин талоши модарона дар марҳилаи дувум низ бетаъсир намемонад. Чунки, вақте инсон ба камол мерасад, вуҷуди ӯро ниёзҳое, ки қаблан барояш бегона буданд, мефишорад ва дар пайи пайдо кардану бароварда сохтани эҳтиёҷоти ботинии худ мехоҳад тамоми ҳастиашро мадюн намояд.

Бо мурури замон ӯ мефаҳмад, ки аслан дар ин қазия чизи бегонае барояш воқеъ нашудааст, баракс, ӯ якнавохт худро ба ҷустуҷӯи даврони кӯдакӣ мезанад, то ба ҳадде, ки муштоқии модар мисли тифлиаш ба як шавқу шӯр зеҳнашро гаравгон мегирад. Оҳиста-оҳиста фарзанди камолёфта, низ ба монанди тифлаки хурдакаке ба навозишҳои гарми модар, ба лабханди маънидораш, ба ғамхориҳои пайваставу дили бедораш, ки ҳар лаҳзаи умрро аз нигоҳубин ва пуштибонии ӯ дареғ надошта, бо ин амалаш ташхиси неку бади рӯзгорро ба фарзанд омӯхта буд, муҳтоҷ мегардад.

Мутаассифона, инсонҳо на ҳама вақт инро дарк мекунанд ва ё ҳангоме дарк мекунанд, ки аллакай ин ганҷ аз кафашон берун рафтааст.

Аммо матлаби мо аз ин нигоштаҳо, аслан, ҳувияту асолати ватандориро ба масобаи сарчашмаи рӯҳафзое, ки аз мақдами модарон азамату бузургӣ меёбад, ба қалам додан аст.

Ватану модар аз рӯйи бори маъноияшон уфуқҳои алоҳидаро мемонанд, аммо аз рӯйи макони ҷойгиршавӣ ва самти ҳаракаташон, чунон ки аз вуҷуди якдигар берун шудаанд, боз ба ҳам рафта мерасанд. Аз ин рӯ, модар дар зиндагии фарзандон ва ҷомеа фонӯсеро мемонад, ки равшаниаш равшании аҳли башар аст, бедориаш пойдории миллат аст ва гармиаш осоиштагиву суботи Ватан аст. Пас, метавон бе дудилагӣ унвони аввалин муаллимро ба модар дод.

Муаллим кист?

Муаллим нафарест, ки моро ростқавлию дурусткорӣ, меҳру шавқат, инсондӯстӣ, фурӯтаниву шикебоӣ барин сифатҳои некро меомӯзад. Пас наздиктарин шахс барои ҳар як инсон, ки аз ӯ ҳатто ҷонашро дареғ намедораду сарчашмаи худшиносӣ аз домани ӯ оғоз мегирад, модар аст ва ғамхории ӯ дар нисбати фарзанд ба ҳаддест, ки новобаста ба имкон ва нокифоягии дониш аз тарбияи фарзанд чашм намепӯшад. Ин аснод гувоҳи он аст, ки модарон ҳамон сарчашмаи рӯзафзуну пешрафт дар ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба шумор мераванд.

Имрӯз мо дар ҷаҳоне ба сар мебарем, ки ҳар як миллати пурзӯр ва абарқудрат барои дифоъ аз фарҳанг ва асолати миллии хеш, мавҷудияти бисёр аз давлатҳои ҷаҳонро дар ояндаи наздик зери суол мебаранд.

Тоҷикистони маҳбуби мо бо таърихи беш аз ҳазорсолаи худ дар харитаи ҷаҳон ҷойгоҳи устувор дорад ва шояд ин имтиёз хотирболидагии мардуми моро дар нисбат ба таҳдиди хатарҳои ҷойдошта ҷавобгӯ бошад. Неруи ақлониву ҷисмонии миллати куҳанбунёди тоҷик, аз минбару майдонҳои бузурги ҷаҳон борҳо инро исбот кардаву боз ҳам карда истодааст. Тоҷикистонро бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳон эътироф кардаву бо оғӯши кушода ва армуғони дӯстӣ ҳамеша истиқбол менамоянд, ки парафшон гардидани парчами давлатдории тоҷикон дар ҷаҳони муосир, боз ҳам шукӯҳи бештари давлати тоҷиконро дар арсаи давлатдории ҷаҳон ба намоиш гузоштааст.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир, ҳар як давлат новобаста ба қудрату афзалияташ мувоҷеҳи мушкилҳоест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд. Албатта, дар чунин вазъи ҷаҳонӣ давлати мо ҳам истисно нест.

Бекорӣ ва афзудани муҳоҷирон дар бозори кории хориҷ омилест, ки бевосита эҳтиёҷи боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва махсусан маърифати ҳуқуқии ҷомеаро ба миён меорад ва дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 низ аз он далолат мекунад. Баъзан, омилҳои боло бурдани вазъи моддии оила бисёр аз оилаҳои тоҷикро ниёзманд ба кору зиндагӣ дар хориҷи мамлакат кардааст. Аз дурнамои сиёсати дохилии кишвар, ки аз Паёми Президенти мамлакат садо дод, мардуми мо шояд дар зарфи камтар аз як даҳсолаи дигар дари ҳамсояҳои бародарро барои корпурсӣ бикӯбанду халос. Аз як ҷониб дар ояндаи наздик, дигар ҳар як давлати ҷаҳон бори зиндагии мардуми худро мекашад ва имкони таъминоти моддии дигаронро аз даст медиҳад, аз ҷониби дигар, барои сохтану пурқудрат кардани вазъи молии давлат Тоҷикистон ба меҳнати аҳлонаи аҳолӣ ниёз дорад.

Ана дар ин гуна вазъият мо метавонем, қудрати ақливу зеҳниии Ватани азизамон Тоҷикистонро афзӯда, ҳаёти пурсамареро барои ҳар як фарди ҷомеа таъмин намоем. Дар ин маврид зарур мешуморем, боз як нуктаи муҳимми суханронии Пешвои миллатро аз Паём хотиррасон намоем, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад”.

Иқдоми саривақтии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин мушкил дастгирии ҳамаҷониба мехоҳад. Ин масъалаест, ки имрӯзу фардои дурахшони Ватан ба он алоқаманд аст. Чунки танҳо аз самараи дилхоҳи мактабу маориф пешрафту инкишофи доимии давлат вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, бигзор, дигар ҳар як ҷавоне, ки худро лоиқи ҷоизаҳои давлатӣ медонад, мисли давлатҳои мутараққии ҷаҳон натиҷаи ихтирооти худро дар саноату пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимми аҳолии халқ ба намоиш гузорад ва ҷомеа ин кашфиёти онҳоро баҳогузорӣ намояд. Чунон ки Пешвои миллат таъкид намуданд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Тоҷикистони маҳбуби мо, чунон ки ҳамеша Пешвои миллат таъкид менамоянд, тамоми захираву имконотро дорад ва агар имрӯз ҳар як дастоварди илмии мо барои пешрафт ва беҳбудии аҳолии халқ равона гардад, албатта мамлакати мо аз дигар кишварҳои хориҷӣ аз рӯйи имконоти сайёҳиву иқтидори ақливу зеҳнӣ ва меҳнатӣ болотар меистад.Фақат мо бояд инро дар амал татбиқ намоем.

Омӯхтан ва фақат омӯхтану таҷриба касб кардан дар ин роҳ метавонад моро ба қуллаи мурод расонад. Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ, дар баррасии ин масъала диққати ҷиддӣ равон намуда, барои татбиқи он дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсус қабул ва гурӯҳи салоҳиятнок таъсис дода, қайд намуданд, ки: “Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад”.

Диққати махсуси Президенти мамлакат ба ҷавонон равона гардида, бо нигаронӣ аз фаъолияти имрӯзи соҳаи маориф ва бо даъват ба илмандӯзӣ аз ҳар як ҷавони худогоҳ, соҳибилму ихтисосманд гардидан ва аз худ кардани пешаву ҳунареро тақозо намуданд. Дар муносибат ба ин мавзуъ, зарур мешуморем, як ҳикояеро аз “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт”-и Муҳаммад Авфӣ, ки чашми бинои ҳар як ҷавони соҳибдил хоҳад гашт, биёрем:

Ҳикоят: “Чун Гуштосп ба Рум афтод ва дар Қустантания ҳеҷ аз дунявӣ надошт ва ҳиммати баландаш ризо намедод, ки дасти суол пеши касе дароз кардӣ.

Чунон иттифоқ афтода буд, ки дар вақти сабӣ (тифлӣ) дар сарои падари худ оҳангаре дида буд, ки кордҳо ва теғҳо ва рикобҳо сохтӣ, ӯ ба ҳавас ҳар вақт биёмади пеши эшон бинишастӣ, магар дар толеи ӯ ин санъат афтода буд ва хотири ӯ бад-он мусомаҳат намуда.

Чун дармонд ва ҳеҷ ҳилате надошт, ба наздики оҳангарон рафт ва гуфт: “Ман ин санъат медонам”.

Ӯро ба муздурӣ гирифтанд ва рӯзе чанд, ки он ҷо буд, аз он қути рӯз ҳосил мекард ва ба кас муҳтоҷ набуд. Чун ба вилояти худ омад ва бар тахти подшоҳӣ нишаст, фармуд, то ҷумла муҳташамон фарзандони худро ҳирфат даромӯхтанд ва дар Аҷам ин расми мустамир шуд ва ҳеҷ муҳташаме набудӣ, ки пеша надонистӣ, агарчи бад-он муҳтоҷ набудӣ ва гӯянд: “Ал-ҳирфа амон мин-ал-фақр”.

Байт:

Пеша омӯз, эй писар, ки туро,

Пеша бошад амон зи дарвешӣ.”

Манзур аз овардани ин ҳикоят, таъкиди дарёфтани моҳияти вақт аст ва имрӯз новобаста аз шароити моддиву маишӣ, ҳар як ҷавони худогоҳ бояд ин шиорро сармашқи худ қарор дода, барои ояндаи дурахшони Ватани аҷдодиамон камари ҳиммат бандад ва барои расидан ба ин ҳадаф ва соҳиби хиради воло гардидан, тамоми нерӯи худро баҳри донишандӯзӣ сафарбар намояд. Аз ин рӯ, дар ин роҳи бузурги давлатдорӣ падару модарон бояд ҳамдаму ҳамнафасу роҳнамои фарзандон бошанд ва то ба як маҷрои дуруст даромадан, аз фаъолият ва ҳар амалу рафтори онҳо огоҳ бошанд ва бо талқин аз накӯтарин хислатҳои инсонӣ дар ниҳоди онҳо сифатҳои ватандӯстиро, ки дар худ тадбиру ояндасозӣ барин мафҳумҳоро дошта бошад, парвариш намоянд.

Таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб шудан ва омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун, ҳамоно боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад, ки дар гузашта Гуштосп низ моҳияти онро ҳангоми дар Рум афтиданаш дарк карда буд.

Моҳияти асосии Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту суботи мамлакат маънидод мегардад. Имрӯз Тоҷикистон Ватани орзуҳои ҳар як тоҷик қарор гирифтааст. Шукӯҳу болидагии Ватани азизамон – Тоҷикистон аз сарҷамъӣ, аз ҳисси баланди ватандӯстӣ сарчашма мегирад ва ин сарчашма дар хидматҳои шоёни модарона таҷассуми худро пайдо мекунад. Имрӯз танҳо модари тоҷик метавонад фарзанди худро дар рӯҳияи худшиносӣ, қадр кардани арзишҳои миллӣ ва шинохти унсурҳои давлатдорӣ тарбия намояд ва бо ин рисолаташ дар пурҷило гаштани ситораҳои парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон нақши абадӣ мегузорад. Чунон ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ бо таҳлилҳои бисёрҷанба нақши бонувонро дар шукуфоии мамлакат баланд арзёбӣ намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Модар ҳамон сарчашмаест, ки бо сухан, бо ҳар амалу ҳаракат, бо дунёи меҳр, бо дили кушода, бо нигоҳи накӯ ва гармии вуҷуд аввалин падидаҳои ошноӣ бо ҳар чизеро дар ботини фарзанд тарбия мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз танҳо ва танҳо дар қудрати модарон ислоҳи ботадбири ҷомеаи мутамаддинро метавон пайдо кард ва ба нерӯи азалии онҳо умед баст. Барои ҳар як модари тоҷик тарбияи фарзанди худогоҳ, ватандӯст ва боҳунар шараф ва вазифаи имониву ҷонӣ ба шумор меравад.

Тоҷикон аз азал мардуми соҳибтамаддун буда, модари тоҷик ҳамчу пуштибони ин фарҳангу тамаддун дар ҷаҳон ҷойгоҳи махсусро дошт. Ҳамин модари тоҷик буд, ки ҳамеша барои нигоҳ доштани фарзанд аз ҳар гуна омилҳои хатарзо ҷоннисорӣ мекард, то фарзанди ӯ бо дарку фаҳми асолати фарҳангии худ ва бо дифоъ аз арзишҳои маънавӣ сарсабз шавад ва таърих низ ҳувияти миллиро дар зери фишори ҳар гуна ҳуҷуму ҳаводиси қарнҳо нишон дода тавонад. Таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон оинаи рӯшане дар худнигарии ҳар як тоҷик ҳамеша тобанда аст ва мазҳари шинохту талқину рӯйкарди онро маҳз модарон бар дӯш доранд. Аз ин рӯ, вобаста ба таҳдидҳои фарҳангию фаромиллии ҷаҳони муосир модарони тоҷик бояд аз ҳарвақта дида, эҳсоси ин бори масъулиятро бар дӯш дошта бошанд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба таърихи тамаддуни бойи ниёкон тарбия намоянд.

Аминҷон Амлоев,дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДСРТ

Гулрухсор Нозимова,дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ