ЗИ ДОНИШ ГАШТ ҲАР ГАНҶЕ КУШУДА

154

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Илму фарҳанг мафҳумҳое ҳастанд, ки қудрату бузургии давлату миллат бар он асос ёфтааст. Дар ҷомеае, ки ба илму фарҳанг таваҷҷуҳ карда мешавад, он ҷомеа дар сангинтарин мароҳили эҷоди хатарҳои ҷаҳони муосир метавонад аз худ пуштибонӣ намояд. Миллати бузурги тоҷик бо гузаштаи бою ғанӣ дар дидаи таърих ҳамчун миллати озодаву тамаддунофар шинохта шудааст ва ин асолати бузурги фарҳангии миллати тоҷик бо ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ боз ҳам мафҳуми васеътареро касб карда, чун нигине дар ангуштарии ҷаҳон ҳамеша мавқеи зиёбахшандагиро дорад. Яъне истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик мисоли шуълаи офтобе буд, ки дар ҳама самт рӯшаниаш мавҷиби ҳосилу самараи хосси эҳёи замони нави давлатдории тоҷикон гардид. Дар таҳким бахшидани рӯҳи миллии давлати соҳибистиқлоли тоҷик роҳу равишҳои наве барои тавсеа додани муносибатҳои фарҳангӣ имконпазир гардид, ки албатта, саҳми олимону донишмандон ва аҳли маорифи кишвар дар он назаррас буд. Махсусан, охирин вохӯрие, ки Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва аҳли зиёи кишвар баргузор намуд, аз мавҷудият ва ташаккули давлати миллӣ дарак дода, қадами устуворе дар таҳким бахшидани асолати фарҳангии мо арзёбӣ мегардад.

Ҳар як вохӯрии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё ҳадафмандона буда, ҷиҳати ошкор кардан ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, ба рушди соҳаи ҳаётан муҳимми ҷомеа – мактабу маориф нигаронида шудааст.

Тарзи тафаккури олимона, таҳлилҳои бисёрсоҳа ва дурнамои сиёсати давлатӣ бо нигаҳдошти унсурҳои зотии милливу фарҳангӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарки амиқи масъалаҳои ҷойдоштаро дар самти илму маориф пеш овард. Дар суханронии хеш Пешвои миллат, аҳли илму зиёи мамлакатро табақае маънидод намуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон чун ҳамешагӣ оинаи ҷилодиҳандаи ҳунару хираду дониши азалии тоҷиконро бар дӯш доранд ва вазифаи муқаддаси онҳо пуштибонӣ аз ин фарҳангу тамаддун аст.

Пӯшида нест, ки дар тӯли сиву ду соли давраи соҳибистиқлолии кишвар олимону аҳли маориф низ шебу фарозҳои зиёдеро ҳамроҳ бо давраи шаклгирии давлати миллӣ пушти сар намуданд. Бояд гуфт, ки масоили дар ҷаҳони муосир ҷойдошта барои аҳли илму маориф вазифаҳои наверо пеш меорад ва имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як таҳқиқу пажӯҳишро дар муносибат ба ниёзҳои ҷаҳони муосир, ки тавонад дар коргоҳи идории масъалаҳои иҷтимоии давлат натиҷаи дилхоҳ ба бор орад, ба роҳ монда дар татбиқи он ҳадафмандона кӯшид ва дар ин самт барои беҳдошти соҳаи маорифи мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Чунон ки ин нукта дар суханронии Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон ба таъкид матраҳ гардид: “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”.

Дар партави созандаи ин суханронӣ, аз таҳлилҳои ҷиддиву олимонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон, ки дар натиҷаи омӯзиши амиқи соҳа ба даст омадааст, ҳақиқати бебаҳсеро аз бурду бохти илми тоҷик ва соҳаи маориф метавон ба мушоҳида гирифт. Мусаллам аст, ки чеҳраи асосии ҳар як давлати абарқудрат дар муносибати фарҳангӣ шинохта ва баҳогузорӣ карда мешавад ва дар ҷаҳони муосир бисёр омилҳое ҷой доранд, ки барои аз байн бурдани як фарҳанг ҳамеша дунболи фитнаангезӣ ҳастанд. Пас рисолати авваливу азалии мо – аҳли илму маориф нигоҳ доштани фарҳангу асолати миллӣ мебошад, ки дар худ нишонаҳо ва арзишҳои умумии давлат ва мардуми фарҳангсолори тоҷикро инъикос карда тавонад.

Аммо, вақте сухан дар бораи мафҳуми умумии фарҳанг меравад, арз намоем, ки коршиносон фарҳангро яке аз ҷузъҳои моддӣ ва ғайримодии фаъолияти ҷамъиятии инсонҳо донистаанд, ки дар гузашта арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ барои зинда мондани онҳо дар шароити таҷзияи як ҷисм ба ҷисми дигар ва мавриди умум қарор ёфтани он ва нигоҳдошти сарҳад вуҷуд доштааст. Пас, дуруст аст, ки барои фарҳанг сарҳаде муайян шудааст, ки нигаҳдошти он аз соҳибони фарҳанг масъулияти амиқро тақозо менамоянд. Ба ибораи дигар назири ҳаёти маънавии ҷомеа дар назарияҳои илмӣ, худшиносӣ, асари санъат ва фолклор, дар маҷмуъ фарҳангро ташкил медиҳад. Агар ба ин масъала жарфтар нигарем, моҳият ва мубрамияти мавзуъро дурусттар хоҳем пай бурд, чунки аввалин падидаҳои фарҳангӣ аз лиҳози шаклу сурат, ҳанӯз аз хонадон дар тавлиди тифл аз худ дарак медиҳад. Масалан, агар духтарча ба дунё ояд бо ороишҳои духтарона ҳама омадани ӯро интизор мешаванд, писарча бошад бо ороишҳои писарона ӯро пешвоз мегиранд ва ин шинохтҳо аз лиҳози психологӣ ирсӣ ҳастанд ва яке аз заминаҳои бурузи фарҳангро дар бар мегиранд.

Хондану дониш пайдо кардан ҳам аз фарҳанги хосси ҷамъиятист, ки дар ташаккули зеҳнии инсон устувор гардидааст ва ин унсурҳои фарҳанги хонаводагист, ки оҳиста-оҳиста дар шакл гирифтани фарҳанги миллӣ фаъол мегардад. Гузашта аз ин, ҷузъи аслии фарҳанги мо забон, тарзи тафаккур, муносибат, маниши миллӣ, арзишҳои маънавӣ, расму оин, таърихи сукунат ва ғ. ба шумор меравад, ки дар маҷмуъ фарҳанги башарӣ аз он шакл мегирад.

Дар инкишоф ёфтани муносибатҳои фарҳангии ҳар як ҷомеаи пешрафта, оила нақши калидӣ дорад. Оила ҷузъи муҳимми давлат буда, сарчашмаи асосии ҳама гуна фарҳангу маънавиёт мебошад.

Аз ин рӯ, дар нигаҳдошти арзишҳои фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, бояд оилаҳо муваззаф гарданд. Аз ин ҷост, ки фарҳангро ганҷинаи маънавии халқу миллат маънидод кардаанд.

Мо – тоҷикон фарҳанге дорем, ки ниёзҳои маънавии ҷомеаи башарро бароварда месозад, вале ҷои таассуф аст, ки баъзан мо дунболи фарҳанги бегона асолати миллии хешро зери суол мебарем. Тавре гуфта шуд, имрӯз мо дар ҷаҳоне ба сар мебарем, ки зиёдии фарҳангҳо хавфи аз байн рафтани бисёр аз фарҳангҳоро ба миён овардааст.Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз роҳи илму дониш масъаларо ба мизони ақл баркашем ва роҳҳои ҳалли онро бо ҳам ҷустуҷӯ намоем. Чунки миллати боилму фарҳанг забон, таърих, асолату худшиносӣ ва арзишҳои фаврҳангии хешро тавассути неруи созандаи илму дониш дифо менамояд.

Қаринаҳои милливу фарҳангии миллати хирадсолори тоҷик дар дили қарнҳо, ба бузургии шохаву шаҷараи маърифатпарвари ин хонадон гувоҳ аст. Аз ин рӯ, мо медонем, ки дар ҷаҳони муосир нигоҳ доштани ин асолати миллӣ чӣ маъно дорад. Президенти мамлакат, қариб дар ҳама суханрониҳои хеш аз мақоми азалӣ доштани мактабу маориф дар пешрафти ҷомеаи мутамаддин изҳори назар мекунанд ва барои соҳибилм гаштани насли нав ҳамеша тадбирҳо меҷӯянд, то миллати бошарафи тоҷик дар адвори таърих ҳифзи ном кунад. Аз ҷумла дар вохӯрии навбатии худ бо аҳли илму маорифи кишвар Пешвои миллат гуфтанд: “Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд”. Агар ба ин таъкиди Пешвои миллат мӯшикофона назар дӯзем, метавонем фалсафаи ҳастиро дар тағйири шакл кардани ашёву вуҷуд дарёбем ва таъбири ин маънӣ дар пешорӯйи мо суолҳои дапрҳампечидаеро пеш меорад. Яъне мо киро ба мактаб медиҳем, кӣ фардо пушти мизи донишҷӯйи қарор мегирад ва кӣ аз пайи илм меравад?! Ин суолҳое ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир бисёр нигаронкунанда буда, аз оила сар карда, то боғчаву мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо масъалагузории амиқро мехоҳад ва барои ҳаллу баррасӣ аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулиятро талаб мекунад. Албатта, ҷавонони боилму дониш ва закӣ дар миёни насли нав зиёд ҳастанд, лекин мо барои ҷалби ҳамаҷонибаи насли нав ба донишандӯзӣ бояд роҳу воситаҳоеро пайдо намоем, ки ҳалли масъалаи ҷойдоштаро имконпазир намояд. Таърих собит намудааст, ки новобаста аз вазъи замон, адабиёт ҳеҷ гоҳ маҷрои худро гум намекунад ва чун кафили подошҳои неку бади инсонӣ ҳамеша дар гуфтугӯи тамаддунҳо қарор дорад. Аммо имрӯз мо дар ҷаҳоне қарор дорем, ки имконияти васеи дастрасӣ ба захираҳои маънавӣ ва фазои кушоди иттилоот дар ҳар самте кори моро барои пеш бурдани илм осон мекунад ва ин омил тақозо менамояд, ҳар як соҳа дар рушди ҳамаҷонибаи саноату технологияи кишвар инқилоби фикрӣ дошта бошад, то Тоҷикистони азизи моро ба марҳилаи рушди устувор расонад. Чунон ки Пешвои миллат ботаъкид гуфтанд, “илм замонасозӣ мехоҳад”.

Аз рӯйи таҷрибаҳо метавон гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон бисёр ҷавонону наврасоне ҳастанд, ки қобилияти хуби фитрӣ доранд ва метавонанд бо донишу малака дар пеш бурдани соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа нақши худро гузоранд. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки теъдоди зиёди чунин ҷавонон, бинобар сабаби вазъи номусоиди рӯзгор, донишу малакаи худро қурбони ба даст овардани рӯзӣ намуда, хонданро дар ҷойи дувум қарор медиҳанд.

Мутахассисони соҳа бояд чунин ҷавононро кашф карда, аз онҳо мутахассисони баландихтисосу ҷавобгӯ ба меъёрҳои илми ҷаҳони муосирро тарбия намоянд, ки, махсусан, Президенти мамлакат ба он ишора намуданд. Ба ин гуна ҷавонон аз ҳар ҷиҳат имтиёз дода шавад ва зери назари сохторҳо ва муассисаҳои корфармо ё манфиатдор ҷараёни таҳсилоти онҳо ба роҳ монда шавад ва бигзор аз онҳо беҳтарин мутахассисон тарбия ёбад. Бо ин давлат қудрати зеҳнии хешро меафзояд ва мутахассиси кордону бо донишҳои нави ҷаҳонӣ ҷавобгӯро барои татбиқи лоиҳаҳои ватанӣ омода месозад. Чунки ҳамон гунае болотар ишора намудем, ҷавононе ҳастанд, ки бо вуҷуди доштани истеъдоди фитрӣ дар ҳар касбу коре, шароити таҳсил карданро дар макотиби олӣ надоранд, ва таъкиди Пешвои миллат низ: “Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад”, аз ин нукта дарак медиҳад.

Ҷавононе, ки донишу малака ва қобилияти фитрии ҳар кореро дар ҷомеа дошта бошанд, хеле зиёданд. Агар чунин ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кашф карда шаванду минбаъд зери таваҷҷуҳ қарор гиранд, бо боварӣ метавон гуфт, ки аз онҳо мутахассисони кордони соҳа барои рушди устувори ҷомеаи тоҷик тарбия хоҳанд ёфт. Чунин муносибат, ҳатто дар сатҳу сифати таҳсилот низ метавонист таъсири мусбат расонад ва минбаъд рушду равнақи илми тоҷик дар ҳама соҳа аз ҳисоби мутахассисони асил ба роҳ монда мешуд. Ана ҳамин тавр мо метавонем дар замонасозии илм гоми устувор гузорем. Баъд аз ин мо метавонем дар амалӣ намудани ҳадафи олии Пешвои миллат камари ҳиммат баста, таъкиди ӯро дар мавриди алоқаманд намудани фаъолияти паркҳои технологӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ дар амал татбиқ намоем.

Роҳи илм саҳлу осон нест ва на ҳар кас дар ин мазраъ хӯшаи умед ба даст оварда метавонад. Шебу фарозҳои роҳи илм таҳаммулу истодагариро мехоҳад, то ниҳоле сабзаду ҳосили ширин диҳад, аммо ҳеҷ заҳмат дар ин ҷода беподош намемонад ва барои нафаре, ки ба касбу ихтисоси худаш садоқат меварзад, ба ҳама ранҷу заҳматҳои ин роҳи пурпечутоб нигоҳ накарда, лаззати маънавии онро бештар мечашад. Чунки илм инсонро ба мазҳари худшиносӣ мебарад, то ҳадде ки, дар деги муҳаббат ҷӯш бизанад ва ҳамеша дунболи идеяву ихтирооти нав бошад. Аз ин рӯ, илм қурбониву азхудгузаштанҳоро мехоҳад. Баъзан маошатон пурра пайи амалӣ карданӣ ягон ихтирооти хуб харҷ мегардад, аммо бо як бурда нон қаноат мекунеду онро ба ҷои ҳалвои тар медонед ва барои фардои дурахшон мекӯшед. Ному шони Ватанро мабдаи кор қарор медиҳеду роҳҳои равнақи илми тоҷикро меҷӯед.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо аз дурӯғу риё ва хурофотҳое, ки моро пайгир аст, дурӣ ҷӯем. Ҳақиқатро бо чашми адолат ҷӯем.

Ба ҳама баробар нигоҳ кунем. Тоҷиқистон як сарзамин аст, фарзандони ӯ аз қитъаҳои гуногун нестанд, ки онҳоро ба авлавият додан дар илму дониш аз ҳам ҷудо кунем. Майдони илм фарох аст ва ҳар нафаре аз диду зовияи хеш онро менигарад ва баҳо медиҳад. Мо ҳамон вақт илми тоҷикро пеш мебарем, ки ваҳдату ягонагиро мароми хеш қарор диҳем, зеҳни мо ҳамеша андармони ободии Тоҷикистони азиз бошад ва он гаҳ метавонем содиқона ба халқу Ватан ва илми тоҷик хидмати мондагор намоем.

Гулрухсор Нозимова дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик