Факултети филология

Хуш омадед ба сайти факултети филология
Эълон
Сарварони факулта

 

 

 

 

 

 

 

 

Муќаддасоти миллї

Бахшида ба муносибати 65 солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

beach_banner_l.gif

Ташрифи сарвари давлат ба Донишгоҳ ба муносибати 60 солагӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Наврўзии  ДМТ 2011

 

Лаҳзаҳо

 

                                           ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ

                                                 1. Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

1.1.Таърихи таъсис. Факултети филология таърихи шуҳратёр ва пурифтихор дорад. Ташкили факултети филология дар сохтори Донишгоҳ тақозои ҳаёт   маҳсуб меёфт, зеро барои муассисаҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, матбуоту расонаҳои ахбори умум мутахассисони соҳибмаълумот хеле зарур буд. Ин аст, ки ҳамзамон бо Донишгоҳ (1948) факултети  таъриху филология таъсис меёбад.

Соли 1966 шуъбаи филология аз факултети таъриху филология ҷудо шуда, факултети филология ташкил меёбад ва ба фаъолият шуруъ менамояд. Факултети филология дар муддати 65 сол дар тарбияи мутахассисони боистеъдоду варзидаи соҳаи филология саҳми ниҳоят назаррас дорад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии факултет олимони машҳури соҳаи филология А. Мирзоев, А. А. Семенов, М.С. Андреев, Ш. Ҳусейнзода, Д. Тоҷиев, Ҳ. Каримов, В. Асрорӣ, С. Ш. Табаров,  Б. Ниёзмуҳаммадов ба шогирдон дарс гуфта, дар тарбияи олимони ҷавони факултет ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Дар тӯли ин солҳо ҳайати муаллимону профессорон аз ҳисоби хатмкардаҳои худи факултет мукаммал гардид. Агар дар ибтидои соли 1948  дар шуъба ҳамагӣ 25-30 нафар донишҷӯ таҳсил мекарда бошад, ҳоло дар шуъбаҳои гуногуни он зиёда аз 1000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба донишҷӯёни факултет дар айни замон дар маҷмуъ 70 нафар устоди варзидаи собиқадору ҷавон дарс мегӯянд.

Як зумра чеҳраҳои маълуму машҳури илму фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла, академики АИ ҶТ М. Диноршоев, аъзои вобастаи АИ ҶТ А. Маниёзов, Х. Отахонова, М. Н. Қосимова, Д. Саймуддинов, Ҷ. Назриев,  профессорон Х. Шарифов, Р. Мусулмониён, А. Сатторзода, Х. Асозода, А. Раҳмонов, С. Амирқулов, Б. Камолиддинов, Т.Н. Хаскашев, Ҳ. Маҷидов, Д. Хоҷаев, У. Тоиров, М. Имомов, И. К. Усмонов, Р. С. Комилов, М. Муллоаҳмадов, Қ. Восеъ, А. Кӯчаров, А. Маҳмадаминов, Р. Раҳмонӣ, Б. Мақсудов, Ш. Исрофилниё, М. Нарзиқул  дастпарварони ҳамин боргоҳи маърифату адабанд.  Хушбахтона, аксари ин донишмандон ҳоло дар факултет ба шогирдон дарс гуфта, ба аспиранту унвонҷӯён роҳбарӣ менамоянд.

1.2.Бунёдгузорони факултет. Таъсису оғози фаъолияти кохи бегазанди илму маърифат – факултети филология, ба номи олимони муътабари соҳа  А. Мирзоев, Баҳром Сирус, А. А. Семенов, М. С. Андреев, Ш. Ҳусейнзода, С. Ш. Табаров, Д. Тоҷиев, Б. Ниёзмуҳаммадов, Ҷ. Арзуманов, М. Фозилов ва бисёр дигарон сахт алоқаманд мебошад. Ин донишмандони фарзона барои ба маҷрои муътадил равона гаштани ҷараёни таълим дар факултет ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи филология, васеъ гардидани сохтори факултет ва муҳайё намудани базаи таълимӣ корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд.

Солҳои 50–60 асри ХХ дар рушди минбаъдаи факултет олимони варзида, профессорон - Д. Т. Тоҷиев, В. М. Асрорӣ, Ш. Ҳусейнзода, С. Табаров саҳми хеле арзанда гузоштанд.  Маҳз ҳамин устодон аз ҳисоби шогирдони хушзавқу хушсалиқа устодони ҷавонро барои факултет ба камол расонданд, ки баъдан онҳо идомабахши кору фаъолияти эшон гаштанд. Ин буд, ки як зумра ҷавонони хушсалиқа чун М. Муҳаммадиев, М. Н. Қосимова, С. Ҳалимов, С. Имронов, Х. Шарифов, Х. Асозода сафи устодони факултетро пурра намуда, барои боз ҳам рушду инкишоф додани он саҳми арзанда гузоштанд.

1.3.Сарварони факултет. Факултетро бисёр чеҳраҳои машҳур, донишмандони маъруф сарварӣ кардаанд. Нахустин декани факултети филология, ки он вақт факултет номи таъриху филологияро дошт, Мануилов таъин мешавад. Баъдтар номзади илми ҳуқуқ, дотсент Гранберг В.Г. ба ин вазифа пазируфта мешавад.  Пас аз он ки факултети ҳуқуқшиносӣ ба факултети таъриху филология муттаҳид мешавад, декани факултети таъриху филология, олими забоншинос Арзуманов С. Ҷ. таъин мегардад. Дар солҳои баъдӣ олимони машҳури соҳаи таъриху филология – Бухоризода А.Л., Тоҷиев Д.Т., Каримов Т. Р, Неъматзода Т., Бобохонов М. ва минбаъд дар факултети филология Қосимова М. Н., Асрорӣ В. М., Давлатов М. И.К. Усмонов, Х. Шарифов, Х. Асозода, М. Имомов, Б. Шарифов, Д. Хоҷаев вазифаи декании факултетро ба уҳда доштанд. Аз соли 2008 то инҷониб М. Саломов сарварии ин махзани илму адабро ба дӯш дорад. Албатта, ҳар кадоме аз ин сарварон барои рушду нумӯи факултет, мустаҳкам гардидани базаи илмӣ, таълимӣ ва мутахассисони он саҳм гузоштанд. Масалан, соли 1966 бо ташаббус ва дастгирии собиқ ректори донишгоҳ шодравон С. А. Раҷабов ва декани факултет М. Н. Қосимова (ҳоло доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор) нахустин шуъбаи журналистика дар сохтори факултет таъсис дода мешавад. Ногуфта намонад, ки ин шуъба бисёр рӯзноманигорони хушсалиқаро барои воситаҳои ахбори умум ба камол расонид ва баъдан дар заминаи ҳамин шуъба факултети мустақили рӯзноманигорӣ таъсис ёфт.

 Дар ин солҳо робитаю ҳамкории факултет ба марказҳои илмию таълимии Маскаву Санкт – Петербург, Тбилиси, Боку, Тошканд хеле густариш меёбад. Донишмандони маъруфу машҳури ин марказҳо аз қабили М. Н. Боголюбов, А.Н. Болдирев, В. С. Расторгуева, А. З.  Розенфелд, В .А. Лившитс, И. О. Оранский, Л. Г. Гертсенберг, С. Н. Соколов, Ҷ. Гиюнашвили, А. Шафоӣ, В. Б. Иванов ба аспирантону унвонҷӯён роҳбарӣ ва ба донишҷӯёни факултет курсу семинарҳои махсус хондаанд.

Дар замони истиқлолият факултети филология ба ҳайси тарғибгари забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мавқеи хосе пайдо кард. Дар тӯли ин солҳо барои омода намудани мутахассисони соҳибмаълумот ихтисосҳои фарҳангшиносӣ ва муносибати байнифарҳангӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, забоншиносӣ ва таъминоти ҳуҷҷатии идора ва тарҷумони бадеӣ ифтитоҳ ёфт. Аксари хатмкардагони ин ихтисосҳо ба ҳайси тарҷумон, кормандони бахшҳои гуногуни идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ кору фаъолият доранд.

                                                         1.4. Соҳаи фаъолият

Донишҷӯён аз соли дуюми таҳсил мувофиқи завқу хоҳишашон ба ихтисосҳои кафедраҳои тахассусӣ: забони муосири тоҷикӣ, таърихи забон ва типология, назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, таърихи адабиёти тоҷик ҷудо шуда, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон кори курсӣ, маърӯзаи илмӣ, реферат ва рисолаи дипломӣ менависанд, таҷрибаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ мегузаранд.

Дар факултет барои таълими босамару натиҷадеҳ кабинети муҷаҳҳази «Махзани адаби профессор Худойназар Асозода», «Маркази фарҳангии ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода», дарсхонаҳои ба номи профессор Д. Тоҷиев, Т. Хаскашев ва утоқи Эрон дар ихтиёри донишҷӯён қарор дошта, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, вохӯрию суҳбатҳои донишҷӯёну устодон бо арбобони илму фарҳанг, чеҳраҳои маъруфи ҷумҳурӣ дар ин кабинету марказҳо мутассил баргузор мегарданд.

Дар факултет корҳои илмӣ–тадқиқотӣ пайваста ба раванди таълим ҷараён мегирад. Устодони факултет дар панҷ кафедра аз рӯи самтҳои мушаххаси илмӣ кори тадқиқотӣ мебаранд. Масоили тадқиқшавандаи устодон характери илмӣ–назарӣ, илмӣ–амалӣ ва илмӣ–методӣ доранд. Натиҷаи корҳои илмии устодон дар шакли рисолаҳои илмӣ (рисолаи номзадию докторӣ), илмӣ–методӣ (дастури таълимӣ, китоби дарсӣ) омода мешаванд.

Дар факултет ҳамасола аз тариқи таҳсили аспирантураю докторантура устодони ҷавону лаёқатманд рисолаҳои номзадию докторӣ навишта дифоъ менамоянд ва сафи устодони унвондорро пурра мегардонанд.

Устодони факултет дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Махсусан чеҳраҳои барҷастаю намоёни илми филология: аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон М. Н. Қосимова, С.Ш. Табаров, М. Имомов, профессорон Х. Шарифов, Х. Асозода, Р. Раҳмонов, А. Маҳмадаминов, У. Тоиров, А. Абдусатторов, Б. Мақсудов, М. Нарзиқул, Ш. Исрофилниё, Ҳ. Маҷидов, Д.Хоҷаев, М. Саломов, З. Мухтров ва дигарон на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз марзи он низ маълуму машҳуранд.

Дар факултет маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва фаннии «Забоншиноси ҷавон», «Сипанди сухан», «Нақди адабӣ», «Адибони ҷавон» ва «Адабиётшиносӣ» амал мекунанд, ки дар онҳо шогирдон таҳти роҳбарии устодони варзида бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ ва намунаи ашъори назмию насрии худ баромад менамоянд.

Маҳфилҳои илмӣ дар тарбияи илмӣ ва касбии шогирдон саҳми муҳим доранд. Устодони варзидаи факултет шогирдонро аз тариқи ҳамин маҳфилҳо ба кори илмӣ ҷалб менамоянд. Шогирдони факултет, ки дар ин маҳфилҳо маҳорату малакаи илмии худро сайқал медиҳанд, дар озмунҳои фаннӣ дар ҷумҳурӣ тайи чанд соли охир  ҷойи аввалро ишғол менамоянд.

Адибони номдори муосири тоҷик - Шоирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир,  Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Сайдалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Нависандаҳои халқии ҷумҳурӣ Юсуф Акобиров, Саттор Турсун, Сорбон, Аъзам Сидқӣ, Муҳиддин Хоҷаев ва дигарон дастпарварони маҳфили «Адибони ҷавон»-и факултет буда, аввалин чакидаҳои хомаи онҳо дар ҳамин маҳфил муҳокима ва манзури хонандагон гардидаанд. Ин маҳфил анъанаи наҷиб дошт. Дар муҳокима ва баррасии шеъру ҳикояи навқаламони маҳфил адибони баркамол устод М. Турсунзода, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, Ф. Муҳаммадиев, С. Ғанӣ, Б. Ғанӣ ва дигарон иштирок мекарданд. Баъдтар ин анъанаи устодонро адибони ҷавону хушистеъдод Бозор Собир,  Гулрухсор  Сафиева, Саттор Турсун, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ, ки парвардаи маҳфили «Адибони ҷавон» буданд, идома дода, тез – тез меҳмони ин маҳфил мешуданд. Ҳарчанд ки чандин сол ин анъана гусаста гардид, ҳоло аз нав эҳё шуда истодааст. Маҳфил таҳти роҳбарии олиму адиби шинохта Рустами Ваҳҳоб хуб фаъолият дорад.

Аз ҳайати устодони факултет се нафар узви вобастаи АИ Тоҷикистон, 8 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 12 нафар профессор ва 4 нафар узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мебошанд.

  Дар факултет корҳои ташкилию тарбиявӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳар як устод маҳсуб меёбад. Устодони факултет ин корро,  аз як тараф, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ анҷом диҳанд, аз сӯи дигар, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ: иттифоқи касаба, шӯрои кураторону духтарон ва созмони ҷавонон амалӣ мегардонанд.

Дар факултет тибқи квотаи Президентӣ як гурӯҳ донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аксари онҳо бо баҳои хубу аъло хонда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.

1.5. Нишондиҳандаҳои асосии факултет дар панҷ соли охир

Дастовардҳо дар панҷ соли охир баёнгари ин аст, ки устодони факултет бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кору фаъолият намуда, дар ҳамаи бахшҳо ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуданд.

Сол то сол сатҳи азхудкунии барномаи таълим аз ҷониби донишҷӯёни факултет боло рафта, иштироки онҳо дар дарсҳо, маҳфилу озмунҳо хеле хуб шудааст. Дар соли 2002 – 2006 аз ҷумлаи устодону аспирантони факултет 1 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

 Таълифоти устодони факултет низ назаррас аст.

 

11. Сохтори факултет

Дар сохтори факултет ҳоло 5 кафедра мавҷуд аст, ки дар онҳо устодони варзида, муҳаққиқони шинохтаи ҷумҳурӣ ба таълими шогирдон ва таҳқиқи масъалаҳои муҳимми илми филология машғуланд. Аз ин кафедраҳо 4 тахассусӣ ва як кафера умумидонишгоҳӣ мебошад, ки ба таълими фанни забони тоҷикӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ муваззаф аст. Факултет дорои шуъбаҳои забону адабиёти тоҷик, забоншинос– ҳуҷҷатнигор, забоншинос–мутарҷим мебошад, ки дар онҳо барои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Дар сохтори факултет Маркази омӯзиши забонҳо бо роҳбарии дотсент Д. Ҳомидов амал мекунад, ки дар муддати панҷ сол даҳҳо нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо машғул гардида, соҳиби сертифакати донандаи забони тоҷикӣ гардиданд. Ин марказ дар тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда доранд.

Факултети филология пешомадҳои умедбахше дорад, зеро он яке аз манбаъҳои асосии тайёркунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи филология дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз қаламравӣ он аст.

Дар оянда бояд базаи таълимии ду шуъбаи навтаъсис: забоншинос– ҳуҷҷатнигор ва забоншинос–мутарҷим мустаҳкам гардад. Дар сохтори факултет таъсиси як шуъбаи нав–мероси хаттӣ  низ дар назар аст.

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён) Утоқи Эрон  Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright @ 2012-2013.   Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66,                                      сайт: www.yor.siteedit.org  email: yorsafarov@yahoo.com yorjon@mail.ru