ДАР СУҲБАТИ СОҲИБДИЛ

190

Рушди равобити ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон дар самти таҳкими робитаҳои фарҳангию илмӣ, таълимию таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи пешкадам аз ҷумлаи мавзуҳое буданд, ки зимни вохӯрии адабиётшинос ва мунаққиди маъруф, доктори улуми филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон,сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо устодону кормандони факултети филология мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Адабиётшиноси муҳтарам бо ҳузури декани факултети филологияи донишгоҳ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар толори Шурои олимони факултети филологияи тоҷик дар робита ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон суханронӣ намуд.

Дар оғоз академик Раҳмонзода А.А. оид ба мактаби илмии устодони ин боргоҳи илму адаб ёд намуда, саҳми онҳоро дар рушди илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ аз силсилаи иқдомоти тайи солҳои охир пешгирифтаи раёсати кишварҳои ба ҳам дӯсти қарини Тоҷикистон ва Узбекистон ёдовар шуда, таъкид шуд, ки ин муносибатҳои дӯстона моро муътақид месозанд, ки минбаъд ҳам дар роҳи устувору вусъат бахшидани дӯстиву ҳамсоягии нек талош намоем.

Зимнан гуфта шуд, ки тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон омода мебошанд ва умед дорем, ки олимони мо барои тақвият бахшидани муносибатҳои дипломатӣ, хусусан ҳамкориҳои адабӣ ташаббуси созандаеро рӯйи кор мегиред.

Нашри мақолаҳои илмии муштарак, тақвияти ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ, табиию риёзӣ ва дақиқ, таҳияи китобҳои дарсӣ барои ихтисосҳои забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон, омӯзиши дастхатҳои нодири бузургони илму адаб, ки дар маъхазҳои Ҷумҳурии Узбекистон нигоҳдорӣ мешаванд, омода намудани мутахассисони касбӣ дар марказҳои илмӣ-техникии Узбекистон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар робита ба корномаи ду нобиғаи адабиёт – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филмномаи тарбиявӣ-таърихии муштарак омода гашта истодааст, ки дар самти тарбияи донишҳои инсондӯстонаву фарҳангпарваронаи ҷавонон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар самти рушди ҳамкориҳои илмию таълимии ду кишвар судманд буд.