ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВО

33

Шоми рӯзи гузашта дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” наворе пахш гардид, ки аз баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сурия хабар медод. Маълум гардид, ки 25-уми апрел 47 нафар аз 13 оила, ки 32 нафар занону духтарон ва 15 нафар писарбачагон буданд, ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Ба иттилои манбаъ амали башардӯстонаи мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ин ҳамватанони мо аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки барои расидан ба рӯзу рӯзгори беҳ тақрибан бовар намекарданд, ҳарчанд, ба гуфтаи яке аз онҳо, умеду интизориҳое аз ҳукумати мо, хосса аз Пешвои миллат доштаанд. Як иқдоми наҷиб эшонро ба зиндагӣ дилгарм, ба инсону инсонгарӣ хушбин, ба сарвари кишвари хеш эътиқодманд намуд.

Бояд гуфт, ки ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода қадами аввал нест. Аз соли 2019 то имрӯз аз манотиқи ҷангзадаи кишварҳои Ироқу Сурия аллакай беш аз 300 нафар ҳамватанони мо, ки байни обу оташ монда буданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд ва ҳоло зиндагии осоишта доранд. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амали роҳбарияти кишвари мо таҷрибаи мусбат арзёбӣ гардидааст ва месазад, ки дигарон аз он пайравӣ кунанд.

Ҷанбаи дигари масъалаи мазкур он аст, ки таъкид мешавад: ба ҳаёти осоиштаву муқаррарӣ баргардонидани ин гурӯҳи ҳамватанони мо, бо ҷойи кор таъмин намудани калонсолону ба таҳсил фаро гирифтани наврасон зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад. Пас, маълум мегардад, ки ҳадафи роҳбари кишвар танҳо аз баргардонидани шаҳрвандону ба тақдир ҳавола намудани ояндаи онҳо иборат нест. Ҳадаф ин аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд зиндагии ободу осоишта дошта бошад.

Таъкид бояд намуд, ки замони бетарафӣ нест. Бо дарназардошти вазъи на он қадар мусоид дар ҷомеаи ҷаҳонӣ месазад, ки ҳар фард, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз неъматҳои замони Истиқлол дар амалӣ гардидани сиёсати ватандӯстонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат фаъолона саҳмгузорӣ намояд.

Камолзода Х.М.,мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ