ИҚДОМИ ДУРАНДЕШОНА ВА АМНИЯТҶӮЁНАИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

36

Тавре аз хабару гузориши расонаҳо маълум шуд, 25 апрели соли 2024 бо ташаббуси навбатии Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Ин шаҳрвандон 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) мебошанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони гумроҳшуда ва бо ҳаёти осишта раҳнамун кардани онҳо дар аз хиради азалии Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Мардуми сарбаланди кишвар хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз замони ба арсаи сиёсат қадам ниҳодан ҳамеша дар андешаи ободии Ватан ва осиштагиву сулҳу амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон соҳибистиқлол ҳастанд.

Бо амалисози тадбирҳои мушаххас тӯли солҳои 2019-2023 дар се марҳила бештар аз 300 нафар занону кӯдакони тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Бори аввал соли 2019 нахустин гурӯҳи 89-нафараи кӯдакони осебпазирро, ки аз 1 то 18-сола буданд, аз Ироқ ба Ватан баргардонид. Бори дуюм, 26-уми июли соли 2022 гурӯҳи дигаришаҳрвандони Тоҷикистон – иборат аз 146 зану кӯдак аз Сурия оварда шуданд.м Моҳи майи соли гузашта бошад, гурӯҳи сеюми занону кӯдакони иборат аз 104 нафар ба ватан баргардонида шуданд.

Занону кӯдакони бозпас овардашуда пас аз офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила бармегарданд..

Барқарорсози саломатӣ, баҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Иқдоми дурандешона ва амниятҷӯёнаи навбатии Пешвои миллат боз як бори дигар хайрхоҳу дар андешаи мардуми кишвари худ будани он касро собит намуда, дар ҳимояи давлат будани шаҳрвандони Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Мирзоёров Фирдавс,устоди факултети филологияи ДМТ