ФОНУСИ НАВЕ ДАР ДАРЁИ ЗАМОН…

55

(Ифтитоҳи соли дувуми сабқати нави китобхонӣ бо унвони“Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”)

Бузургворе китобро ба фонусе ташбеҳ додааст, ки дар баҳру дарёҳо барои ҳаракати дурусти дарёнавардон мегузоранд… Китоб ҳам чунин рисолат дорад, зеро бидуни дониш раҳи дурустро дар зиндагӣ дарёфтан имкон надорад…

Хабари оғоз шудани озмуни нави китобхонӣ хеле хушнудам кард. Аслан ин озмун, яъне сабқати “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, азбаски соли дувум, баъди чанд рӯзи баҳисоб оғоз мешавад, нав нест, барои банда нав аст, зеро аз чӣ гуна баргузор шуданаш соли гузашта огаҳии комил надоштам. Бад-ин маъно, ки на дар ҳайати комисиюни озмун будам ва на дар ҳайати доварон. Ду рӯз пеш (дақиқтараш – рӯзи панҷшанбе, 19-уми сентябр) моро ба Китобхонаи миллӣ, ба ҷаласаи ифтитоҳии ин озмун даъват карданд ва худро дар рӯйхати доварони озмун (дар гурӯҳи дувум) дарёфтам.

Ҷаласаи ахир, яъне қабл аз шуруъи озмун, бо муқаддима ва мулоҳизаҳои доктор Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа оғоз шуд.

Ин кас ҳамчун раиси кулли озмун аз масъалаҳои муҳимми марбут ба ташкили ин тадбир, арзишдовариҳо, тартиби муайян кардани ғолибон, тарзу усули ҷо ба ҷо кардани довталабон ва масъулияти ҳакамон муфассал изҳори назар карданд.

– Бояд таҷрибаҳои хуби дигар озмунҳои кишвар, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва ғайра дар ин озмун татбиқ шавад, зеро аз нигоҳи ҳам сохтор ва ҳам аҳаммият ин озмун мураккабтар аст, – зикр карданд ҷаноби Абдуллозода.

Аз гузориши Сайфиддин Камолзода, муовини раиси Китобхонаи миллӣ, Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар ва Муҳаммаддовуди Саломиён, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумъахон Файзализода, раиси Китобхонаи миллӣ маълум шуд, ки то кунун 270 кас (аз макотиби миёна ва олии кишвар) ба даври ниҳоӣ омадаанд ва онҳо дар се гурӯҳ аз таассурот ва дониши андӯхтаашон гузориш хоҳанд дод.

Ҳамон тавре ки масъулин гуфтанд, хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯёни макотиби олӣ ҷудо-ҷудо пурсида хоҳанд шуд ва сабаби се ҳайати доварон интихоб кардан ҳамин будааст. Дар маҷмуъ, низомномаи озмун аз дигар асноди озмунҳои дигар тафовути ҷиддӣ надорад, талабот якхела ва монанди дигар сабқатҳои китобхонист: доштани дониши мукаммал ва қобилияти дуруст ва зебову фаҳмо ифода кардани фикр, яъне ҳунари суханварӣ доштан…

Ҷаласа бидуни баҳс нагузашт. Яке аз он масъалаҳои муҳим, ки бояд ба натиҷаҳои хуб ва боадолати озмун бирасонад, мисли озмуни “Фурӯғ…”, вақти пурсупоси довталабон буд.

Дар низомнома то 10 дақиқа вақт барои ҳар довталаб муайян шудааст ва банда пешниҳод кардам, ки вақти пурсишу посухҳо набояд маҳдуд бошад. Банда дар тули панҷ соли яке аз доварони озмуни “Фурӯғ…” буданам, чунин таҷриба ҳосил кардаам, ки сабаби аслии ҳама шикояту норизоиҳо ҳамин масъалаи вақт аст: камаш як соат вақт лозим аст, ки довталаб ҳама гуфтаниҳояшро бигӯяд ва барои доварон маълум шавад, ки то чӣ андоза он довталаб фаҳму дарку дониш дорад…

Албатта, барои он довталабе, ки ба фарзи мисол, 25-30 асар хондааст ва қобилияти дуруст баён кардани бардоштҳояшро надорад, 10-15 дақиқа ҳам кофист, аммо оне, ки беш аз 200 китоб хондааст ва мехоҳад ҳама донишу таассуроташро ба таври комил ба намоиш гузорад, ним соат ҳам кам аст… Аммо, азбаски вақти ин озмун аз 24-ум то 27-уми ҳамин моҳ (ва бо сар задани бархе масоили баҳсӣ – як рӯзи дигар) муайян шудааст, қарор шуд, ки то 20 дақиқа вақт барои пурсупоси ҳар хонандаи китоб ҷудо шавад.

Маълум, ки асарҳои Сарвари давлат қариб ҳама муаммову масъала ва мавзуоти таъриху ҳикмат, ҷомеашиносиву забону адабиёти миллӣ, сиёсату фарҳангро фаро гирифтаанд ва ба тамомӣ онҳоро фаро гирифтан барои як хонандаи мактаб ва ё як донишҷӯ бисёр мушкил аст. Аз ин рӯ, ҳар касе мувофиқ ба тавоноии фикриву зеҳнӣ ва қобилияти фардиаш ба ин озмун хоҳад омад ва ҳар асареро, ки хондааст, дар дафтараш сабт хоҳад кард.

Шояд сабаби ба ҳайати доварон ворид кардани як идда донишмандони таъриху филология, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва рӯзноманигорӣ ҳамин гуногунмавзуъ будани асарҳои Сарвари давлат бошад.

Озмуни мазкур рӯзи 24-уми сентябр шуруъ хоҳад шуд ва барои банда ширкат дар чунин сабқати муҳим таҷрибаи аввал хоҳад шуд. Суҳбат аз асарҳое муҳташам, мисли “Чеҳраҳои мондагор” (ки баъди нашри аввал бо зикри 25 шахсият нашри дувум бо иловаи панҷ чеҳраи дигар манзури мардум шуд ва бовар дорам, ки боз идома хоҳад ёфт), ё “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ва дигар осоре, ки ба забону адабиёт ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ ихтисос доранд, бовар дорам, басо фараҳбор хоҳад буд, зеро ҳар асаре, ки аз муаррифии фарҳангу адаб аст, ба такмили худи фарҳанги инсон (дар ҳар зинаи камол, ки бошад) мусоидат хоҳад кард…

Фикр мекунам, ки барои солҳои оянда озмуни мутолиаи осори Сарвари давлатро, ки мавзуоти гуногунро дар бар мегиранд, ба чанд шуъба, масалан, таърих, ҷомеашиносӣ, забону адабиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ҷудо кардан ва довталабонро алоҳида-алоҳида аз рӯйи ҳамин шуъбаҳо ба сабқат даъват кардан пешниҳоди ҷолиб хоҳад буд. Яъне ҳар касе, ки ба ин ё он соҳаи дониш майлу рағбат дорад, дар ҳамон гурӯҳ ё шуъба сабқат хоҳад кард ва дар маҷмуъ чунин тақсимбандӣ ҳам тарзи ташкил ва ҳам ширкати хоҳишмандонро ба ин озмун осонтар ва ҷолибтар хоҳад кард.

Ин як пешниҳоде буд, ки гумонам, пазируфтанаш ба афзудани шавқу завқи дӯстони китоб боис хоҳад шуд.

Ҳафиз РАҲМОН,

21.09.2024