МАСОИЛИ НАЗАРӢ ВА АМАЛИИ ЛУҒАТШИНОСИИ ТОҶИК ДАР ПАЖУҲИШИ ҲУСНИГУЛ ТАЛБАКОВА

151

Агар умр вафо мекард, имрӯзҳо номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони ҳалиму хоксор Ҳуснигул Талбакова 80-умин солгарди худро бо мо ҷашн мегирифтанд.

Ҳуснигул Талбакова аз зумраи он олимоне буданд, ки умри пурбаракати худро дар таълим ва пажуҳиши забоншиносӣ сарф кардаанд. Пажужиш ва таҳқиқоти устод Ҳуснигул Талбакова паҳлуҳои гуногуни илми забоншиносиро фаро гирифта, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Махсусан, фаъолияти илмии Ҳуснигул Талбакова дар луғатнигории тоҷик, ки ба ин бахш дилбастагии зиёд доштанд, самари бештар дорад ва асару мақолаҳои ҷолибро дар ин бахш рӯйи кор овардаанд.

Агар забоншинос Раззоқ Ғаффоров бо асари таҳқиқоотии “Забон ва услуби Раҳим Ҷалил” услуби нигориши ин нависандаро ошкор карда бошад, пажуҳишҳои Ҳуснигул Талбакова низ идомадиҳандаи иқдомҳои Р. Ғаффоров ба шумор мераванд. Зеро устод роҷеъ ба асари “Маъвои дил” мақолаҳои мукаммалу пурмуҳтаво навишта, пекаши ҳаводорони илми забоншиносӣ кардааст. Мақолаҳо паҳлуҳои гуногуни забоншиносиро фаро гирифта, унвонашон ба таври зайл аст: “Истеъмоли калимаҳои ифодакунандаи касбу ҳунар дар “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил”(1973), “Фразеологизмҳои пешоянддор дар «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил” (1974), “Истеъмоли калимаҳои халқӣ-гуфтугӯйии феълӣ дар «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил”(1976), “Тавсифи калимаҳо дар «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил”(1976). Дар ниҳоят, Ҳуснигул Талбакова рисолаи номзадиашро зери унвони “Хусусиятҳои лексикию фразеологии повести “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил”(1978) таҳия ва дифоъ мекунад.

Минбаъд пажуҳиши муаллима рӯйи мутазодҳо (антонимҳо) сурат мегирад ва дар ин бахш низ мақолаҳои судманд навишта, пешкаши шогирдону алоқамандон кардааст. Мақолаҳое, ки дар ин самт навишта шудаанд, зери унвонҳои “Антонимҳо дар ғазалҳои револютсионии Абулқосим Лоҳутӣ”, (1987) “Антонимҳои феъл дар забони тоҷикӣ” (1999), “Антонимҳо (мутазодҳо)-и исмии аслӣ” (2001), “Антонимҳои зарф дар забон” (2013) мебошанд. Эшон аз забоншиносони тоҷик аввалин пажуҳишгари риштаи луғатнигорӣ ҳастанд, ки антонимҳои забони тоҷикиро гирд оварда, луғати муфассали ин гурӯҳи бузурги луғавиро таҳия намуда, бо номи “Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик” (2000) манзури хонандагон гардониданд.

Ҳуснигул Талбакова пажуҳиши мутазодҳоро идома дода, баътар (соли 2010) китоберо зери унвони “Антонимҳои номӣ яке аз воситаҳои муҳимми забони тасвир” иншо намуданд. Китоби мазкур аз қисматҳои зерин иборат аст: “Антонимҳои исмӣ”, “Антонимҳои исмии сохта”, “Антонимҳои исмии матнӣ”, “Антонимҳои сифатӣ”,“Антонимҳои сифатии аслӣ”, “Антонимҳои сифатии ҳамреша”, “Антонимҳои сифатии мураккаб”, “Вожаҳои антонимӣ ва муносибати онҳо бо калимаҳои сермаъно”, “Антонимҳо ва муносибати онҳо бо муродифот” (9, 3-66) ва дар замимаи китоб луғати мухтасари антонимҳои исмӣ ва антонимҳои сифатиро овардааст. Ёдовар бояд шуд, ки мақолаҳои номбаршуда арзиши баланди илмӣ доранд.

Як бахши муҳимми пажуҳиши муаллимаро таҳлилу баррасии ибораҳои фразеологӣ ташкил медиҳад. Ҳуснигул Талбакова ҳанӯз аз овони аспирантӣ (1973) ба ин қисмати забон дилбастагӣ зоҳир мекунад ва чанде аз асару мақолаҳоеро, ки дар ин бахш таълиф гардидаанд, аз назар мегузаронад ва дуруст пай мебарад, ки омили асосии таҳаввули маънои калимаҳо васеъ гардидани доираи маънои онҳо ва сабабҳои сермаъно гардидани калимаҳо маҷоз аст ва маҳз ба туфайли маҷоз мо фикрамонро рангорангу образнок, ширину бонамак ва нишонрас ифода менамоем.

Маҷозонидани калимаҳо, ки бо роҳҳои гуногун сурат мегирад, инчунин дар бой намудани таркиби луғавии забонамон нақши калон мебозад ва ба чунин хулоса меояд: “Доир ба ибораҳои фразеологии забони тоҷикӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд. Дар ҳамаи ин асару мақолаҳо дар бораи маъноҳои ибораҳо, хусусияти маҷозӣ доштани онҳо, устувор буданашон ва ғайра сухан меравад.

Аммо дар бораи таркиби морфологии ибораҳои фразеологӣ ягон кори махсус ба табъ нарасидааст» (10, 20). Баъди ҷамъоварии маводи даркорӣ мақолаҳояшро дар марҳилаҳои гуногун бо номҳои зерин ба чоп мерасонад: «Воҳидҳои фразеологии антонимӣ” (1990), “Синонимика ва вариантҳои шевагии фразеологизмҳо” (1993), “Муродифоти воҳидҳои фразеологӣ дар «Шоҳнома» ва муқоисаи онҳо бо фразеологизмҳои забони муосир” (1999), “Гунаҳои воҳидҳои фразеологй дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ” (2001), “Мавқеи рангҳо дар ташаккули воҳидҳои фразеологӣ” (2001), ““Кашидан” ҳамчун ҷузъи воҳидҳои фразеологӣ” (2001), “Мавқеи об дар ташаккули воҳидҳои фразеологӣ” (2003), “Рақамҳо ҳамчун ҷузъи воҳидҳои фразеологӣ” (2007), “Вожаҳои муқаддас – обу оташ дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ ва зарбулмасалу мақолҳо” (2013). Мақолаҳои мазкур ва дигар навиштаҳои устод, ба мисли: “Мавқеи вулгаризмҳо дар ташаккули воҳидҳои фразеологӣ”(1990), “Вожаи об ва мавқеи истеъмоли он дар забони Тоҷикӣ” (2003), “Усули таҳлили луғавӣ (лексикӣ)-и вожаҳо” (2005) дар шакли мунтахаб соли 2013 бахшида ба 70-солагии Ҳуснигул Талбакова дар китоби “Дурахши Маънӣ” (10, 10-130) ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар солҳои 1990-1995 устод Ҳуснигул Талбакова ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо эҳсос мекунад, ки донишӯён ва толибилмон аз нарасидани дастуре дар заминаи луғатшиносӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Аз ин рӯ, пеши худ мақсад мегузорад, ки бо ҳаммуаллифии дотсент Мардон Муҳаммадиев китоберо доир ба ин соҳаи забоншиносӣ омода намоянд. Бо кӯшишу заҳмати ин ду тан забоншиноси дилсӯз мавод барои китоби таълимӣ пурра омода мегардад ва соли 1997 дар ҳаҷми 191 саҳифа зери унвони “Лексикаи забони адабии тоҷик” рӯйи чоп меояд. Китоби “Лексикаи забони адабии тоҷик” бо пешгуфтори забоншиноси варзида, марди хирадманд, мудири кафедраи забони муосири тоҷик, профессор Толиб Хаскашев бо номи “Маҳорати забондонӣ ва пешаи забоншиносӣ” дар ҳаҷми 4 саҳифа пешниҳод гардидааст. Китоб аз 6 боб иборат буда, бобҳо ба таври зайл тақсим шудаанд: боби якум “Лексикология ва мавзуи баҳси он”(иборат 6 фасл), боби дуюм “Лексикаи забони ҳозираи тоҷик аз ҷиҳати ифоданокӣ” (бо 5 фасл), боби сеюм “Лексикаи иқтибосӣ” (дар 4 фасл), боби чорум “Лексикаи забони ҳозираи тоҷик аз ҷиҳати истеъмол” (бо 6 фасл), боби панҷум “Луғатнигорӣ” (бо 2 фасл) ва боби шашум “Воҳидҳои фразеологӣ” (бо 6 фасл).

Баъди нашр китоби мазкур аз ҷониби забоншиносон баҳои баланд мегирад. Китоби мазкур ба сифати дастури таълимӣ барои донишҷӯён, унвонҷуёну магистрон ва ҳаводорони илми забоншиносӣ воситаи беҳтарини омӯзишӣ буда метавонад.

Ҳуснигул Талбакова пайваста ба усули таҳлили луғавии вожаҳо диққати бештар медод ва таваҷҷуҳи шогирдонро низ ба ин намуди таҳлил ҷалб мекард. Дар ҷараёни таълим устод Ҳунигул Талбакова бо шавқу рағбати тамом бо шогирдон дарс мегуфт. Дар таълимоти Ҳуснигул Талбакова пайхас намудан осон буд, ки муродифҳоро дар силсилаи категорияҳои луғавию маъноӣ метавон сарсилсила шуморид. Зеро ки ягон категорияи луғавӣ-маъноӣ дар забон ба мисли синонимҳо ба ин андоза мавқеи калон ва вазифаҳои гуногуни услубиро надорад. Ба туфайли муродифҳо шахс аз манзараи умумии забон, аз бойигариву роҳи тайкарда ва фасоҳату салосати он бархӯрдор мешавад. Маҳз тавассути муродифҳо фикр, мафҳуму ҳодисаҳоро бо тарзу усули мувофиқу дилхоҳ ифода карда метавонем. Аз калимаҳои муродифӣ нависанда ё гӯянда то чӣ андоза уҳдабароёна ва устокорона истифода мекунад, ба забондонӣ ва истеъдоди ӯ вобаста аст. Муродифҳо асосан ба асарҳои бадеӣ хос мебошанд, аммо истеъмоли онҳо дар дигар жанрҳо ба ҳунари нависанда иртибот дорад.

Ҳуснигул Талбакова ҳамвора ба калима ва усули таҳлили он байни шогирдон баҳсу мунозираҳо ташкил менамуд. Натиҷаи чунин заҳмату алоқамандиаш ба ин бахши забон буд, ки дастури таълимие барои донишҷӯён зери унвони “Усули таҳлили луғавӣ ва фразеологии вожаҳо” (2006)-ро таълиф мекунад. Дар ин дастур вожаҳо ва воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ аз ҷиҳати маънои луғавӣ, фразеологӣ, доираю дараҷаи истеъмол, обу ранги бадеӣ таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Инчунин хусусиятҳои сермаъноӣ, муродифӣ, зидмаъноӣ, ҳамгуншавии калимаҳо ва воҳидҳои фразеологӣ шарҳу тавзеҳ дода шудааст ва фарогири қисматҳои зерин мебошад: “Усули таҳлили луғавии вожаҳо”, “Усули таҳлили вожаҳои омонимӣ”, “Таҳлили муродифҳо”, “Усули таҳлили вожаҳои антонимӣ”, “Таҳлили вожаҳо аз ҷиҳати баромад ва дараҷаи истеъмол”, “Тарзи таҳлили вожаҳои фразеологӣ”, “Муродифҳои фразеологӣ”, “Вожаҳои фразеологии антонимӣ”, “Гунаҳои воҳидҳои фразеологӣ”. Инчунин дар идома барои мавзуъҳои зикршуда супоришҳо дода шудааст. Маҷмуи машқҳо, ки 121 номгӯйро дар бар мегиранд, барои аз бар кардани роҳу равиши таҳли луғавию маъноии вожаҳо ва ибораҳои фразеологӣ бо беҳтарин ваҷҳ аз осори адибони хушсалиқа намунаҳо оварда шудааст. Аз ин рӯ, ин дастур барои донишомӯзон аз ҷолибтарин дастурҳои омӯзишӣ ба шумор мерад. Месазад, ки дастури “Усули таҳлили луғавӣ ва фразеологии вожаҳо” бор-бор нашр гардад, то ҷавонони илмдӯст битавонанд, аз он истифода кунанд.

Хулоса, асару мақолаҳои гаронбаҳои Ҳуснигул Талбакова барои муҳаққиқону пажуҳандагони забони тоҷикӣ самтҳои асосии таҳлилу баррасии хусусиятҳои луғавию маъноии забони тоҷикиро нишон медиҳанд ва месазад, ки китоби рӯйимизии муҳаққиқони ҷавон бошанд. Осори илмии гирдовардашуда бешак хусусиятҳои нодир ва паҳлуҳои гуногуни забонамонро баррасӣ менамоянд ва ин донишманд бар он муваффақ шудааст, ки вижагиҳои басо ҷолиб ва аз нигоҳи таърихиву забонӣ муҳимми забони тоҷикиро бо услуби шево ва дастрасу равон баён намояд. Бинобар ин бе ҳеҷ шакку тардид метавон гуфт, ки мақому манзалат ва саҳми ин устоди нодирагуфтору нозукбин ва вологуҳар дар рушди илми забоншиносии тоҷик нотакрор ва ибратомӯзу шоистаи таҳсин аст.

Мо, шогирдон дуогӯйи онем, ки руҳашон шоду манзили охираташон обод бошад.

Назрулло КАРИМОВ – н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ