ВАҲДАТ – БЕҲТАРИН НЕЪМАТ БА МИЛЛАТ

144

Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Аслан мафҳуми Ваҳдат ё Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби истиқлоли давлатӣ ва махсусан имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 аҳаммияти хосса пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде зарур аст, ки метавон гуфт бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба камоли саодат даст ёбад.

Бузургтарин хатаре, ки барои як миллат ва як давлат таҳдид мекунад, ин набудани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ мебошад. Дар аҳди қадим қудратҳои ғарбӣ мафҳуми “Тафриқа андозу ҳукумат кун”- ро асоси фаъолияти худ қарор дода, бо ба роҳ андохтани тафриқа ва парокандагӣ дар байни миллатҳо ва давлатҳои шарқӣ онҳоро ба сарҳади нестӣ ва азҳампошӣ кашида худ бар онҳо ҳукумат мекарданд. Ин хатар ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ҳанӯз ҳам қудратҳо ва кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ба андохтани ихтилоф ва зиддият дар байни дигар миллатҳо ва давлатҳои як андоза заиф ва дар ҳоли рушд, онҳоро ба гирдобиноамнӣ ва ихтилоф кашида, худ хостаҳои худро пиёда кунанд. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият, ҳамеша моро аз хатари ихтилофу парокандагӣ ҳушдор дода, миллати тоҷикро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват менамоянд.

Ваҳдати миллӣ як шиори хушку холӣ набуда, балки реша дар ормонҳои давлат ва миллати тоҷик дорад. Албатта дар як ҷомеаи демократӣ, ки мардуми он дорои ақидаҳои мухталиф ва гуногунандешӣ мебошанд, метавонад қишрҳои мухталифи он ҷомеаи дар ҳама умур ваҳдати назар надошта бошанд, аммо хушбахтона миллати тоҷик дар масъалаи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот комилан бо давлати худ мувофиқ буда, барои ҳифз ва пос доштани ин неъматҳои арзишманд бо пайравӣ аз Пешвои миллати худ тавонистааст Ваҳдату сулҳу суботро ҳифз намояд.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣбартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намоем. Аз ин рӯ, мо ин тамоюли некро идома дода, аз он пуштибонӣ мекунем, ки то дастовардҳои истиқлолият боз ҳам мустаҳкам шаванд ва моро ба қуллаи мурод расонад. Албатта роҳи сулҳ осон нест, вале он ногузир аст.

Бояд дарк намуд, ки ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, мардумро сарҷамъ кард. Маҳз ваҳдат тавонист, ки мо ҷавононро зери дарахти худ сарҷамъ кунад ва бояд дарк намуд, ки ваҳдатро илму дониш таҳким мебахшад, ҳар қадар насли имрӯз маърифатноку босавод шаванд, ҳамон қадар пояи Ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад ва ба ин васила ояндаи неки давлатро хуб интизор шудан мумкин аст.

Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имконпазир шуда, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо ба даст меояд. Имрӯз миллати мо дарк намуд, ки танҳо тавассути ваҳдати миллӣ рушди минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию техникии кишварро таъмин кардан мумкин аст. Маҳз суботу осоиши кишвар аст, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар пайваста афзоиш меёбад. Ба ин маънӣ шоири сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст.

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Беҳтарин неъмате, ки мо тоҷикон дар қарни 20 соҳиб гаштем, ин соҳиб шудан ба сулҳи деринтизор буд. Ҳамин тариқ сулҳи Тоҷикистон сулҳи воқеӣ ва ҳақиқист, ки ин миллати худшинос ба дарки ҳувияти хеш расид.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки комидил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ваҳдати миллии мо пас аз тай намудани роҳи мушкил ва монеаҳои зиёд ба қуллаи мурод ва саодат расидааст ва моро лозим аст, ки барои аз ҳар газанде эмин мондани он тамоми саъю талоши худро сарф кунем ва нагузорем, ки ин Ваҳдате, ки бо мушкилоти зиёд ба даст омадааст, халал ёбад.

Ғаффорзода Шоҳрух Ҳабибулло – доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ