НАҚШИ ЗАБОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

56

Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии судманд доир гардид. Чорабинӣ аз ду бахш иборад буд. Дар бахши аввал декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳайати устодону кормандони факултет ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, сипас дар робита ба самтҳои фаъолияти факултет гузориши мухтасар манзур намуд. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати пешбурди корҳои минбаъда дастурҳо мушаххас дод.

Дар бахши дуюм, ки пайванди ба рушди забони тоҷикӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла солҳои Ваҳдати миллӣ дошт, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханрони намуда, иброз дошт, ки саҳми устодони факултет дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди забони тоҷикӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ назаррас аст. Зикр намуд, ки забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Дар ин ҷода саҳми олимони соҳа беназир аст.

Профессор Шаҳбоз Кабиров аз ҷумлаи олимони соҳаи забоншиносии мамлакат мебошад, ки дар ин ҷода фаъолияти пурсамар намуда, таълифоти мондагоре эҷод намудааст.

Дар индомаи чорабини шоира Меҳриниссо, академикон Муҳаммадюсуф Имомзода, Аламхон Кӯчарзода, профессор Давлатбек Хоҷаев ва дотсент Анварӣ С. дар робита ба ҷанбаҳои гуногуни Ваҳдати миллӣ ва рушди самтҳои мухталифи илми забоншиносӣ дар мисоли фаъолияти профессор Шаҳбоз Кабиров, ки имрӯзҳо дар арафаи таҷлили ҳашдодумин баҳори умр қарор доранд, ибрози андеша намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки маҳз, бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешонгаштаи мо сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла илму таълим дастовардҳо дида шуд ва Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон машҳур гардид.