РАМЗИ ИТТИҲОД

124

Оё кишвареро медонед, ки истиқлол дораду рамзҳои давлатӣ надорад? Оё кишваре ҳаст, ки муқаддасоти милливу давлатӣ надошта бошад? Не, албатта!

Инсон аз ибтидо берун аз ҷомеа набуд. Ҳар касе берун монд, ҷисману руҳан нобуд гардид. Ҳамчунин, инсон аз ибтидо дар ҷомеа ба нерӯи сарҷамъкунанда ниёз дошт. Ҳамин ниёз ба нерӯи тавонои беруна буд, ки баҳри худ худоҳои тахайюлиеро офариду парастиш кард, чи оташ буду чи об, чи меҳр буду чи моҳ ва чи санг буду чи ҳаявон. Ҳамин гуна, ҳарчанд рушд мекард, боз ҳам ба нерӯе ниёз дошту дорад. Боварҳо ба зиндагии инсон ончунон ворид гардидаву асар доранд, ки гоҳе бидуни онҳо зистан имконнопазир ба назар меояд. Боварҳо гоҳе омили падид омадани ҷузъиёте дар рӯзгор гардидаанд.

Тадриҷан, инсон дар олами моддӣ барои худ ашёе таҳия намуд ва ба он эътиқод намуду пуштибони худ низ хонд. Нишонаву рамзҳое падид омаданд, ки мардум зери сояи он эҳсоси иттиҳод менамуданд. Он рамзҳо бо гузашти рӯзгор дар байни ақвоми гуногун василаи иртибот низ гардиданд. Чунончи, аз нишону рамзе, ки дар ихтиёри гурӯҳе буд, дарк мегардид, ки чӣ ҳадаф доранд: сулҳ мехоҳанд ё ҷанг. Аз ҷумлаи чунин рамзҳо парчам аст.

Парчам василаест барои интиқоли маълумоти хосса ба ҷомеа.

Баҳри ин амал на танҳо аз рангҳои гуногун, инчунин, аз тасвирҳову навиштаҷот дар парчам низ истифода мегардад. Пас, зери ҳар рангу нақше дар парчам рамзеву маъное нуҳуфтааст.

Парчам аз ибтидо рамзи нерӯву тавонмандӣ ва пойдориву устуворӣ будааст. Сарозер гардидани парчам дар майдони ҷанг боиси руҳафтодагиву дилшикастагӣ ва пароканда гардидани лашкаре мегардид, аз ин хотир барафрошта нигаҳ доштани он аз муҳимтарин вазифаҳо буд. Дар ҳама гуна лашкар парчамбардорони хоссае аз ҷумлаи ҷавонмардони нерӯманд интихоб гардида, гурӯҳе аз сарбозон дар ҳимоя намудани онҳо муваззаф мегардиданд.

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, қадимтарин парчаме, ки имрӯз истифода мегардад, ба кишвари Дания мансуб аст, ки соли 1219 таъйид гардидааст, аммо даврони пайдоиши парчам дар шакли сода хеле қадимтар аз он будааст. Дар ибтидо ба нӯги чӯбдасте пӯсти ҳайвонот ва ё парҳои парандагонро мебастаанд ва сарбозону ҳатто шикоргарон аз он парчамҳои ибтидоии сода истифода мекардаанд, то мансубияти худро ба гурӯҳе нишон бидиҳанд. Аз ҷумла, аз сангнавиштаҳои тамаддуни Мисри Бостон, ки ҳудуди панҷ ҳазор сол умр доранд, тасвирҳое ба даст омадаанд, ки сарбозон дар даст парчамгунаҳое доранд.

Дар тамаддуни мардуми ориётабор низ истифодаи нишону рамзҳои хоссае, ки мардумро ба ҳам меоварданд, аз ҷумла парчам, таърихи дурудароз дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки сухан аз пайдоиши парчаму тасвири он дар тамаддуни бостонии мо аз “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ оғоз мегардад. Ҳамон Дирафши Ковиён аввалин парчам будааст, ки бори аввал дар иттиҳоди мардум бар зидди зулму золимӣ нақши хеле муҳим бозидааст.

Мутобиқи устураҳо Кова пораи пешдомани пӯстиро ба сари найза басту барафрошт ва мардумро ба мубориза хонду сӯйи Фаридун роҳ пеш гирифт. Лаҳзаи пазируфта гардидани Кова аз ҷониби Фаридун ва амали ӯ бо он “парчам”-и Коваро Фирдавсӣ чунин тасвир мекунад:

Чу он пӯст бар найза-бар дид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум…

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш

Ҳамехондаш “Ковиёнӣ дурафш”.

Ҳарчанд қиссаи пайдоиши Дирафши Ковиён устураист, аммо мавҷудияти он ба сифати рамзи давлатдорӣ дар таърих собит гардидааст. Ба ахбори таърихномаҳо, Ковиёнӣ дирафш то замони суқути сулолаи Сосониён вуҷуд дошт ва дар ин даврон арзишаш ниҳоят гарон буд. Сабаб ин аст, ки он парчамро бо сангҳои гаронбаҳо оро дода буданд. Бадбахтона, ба дасти аъроб афтод ва ба яғмо рафт.

Зикри мухтасари ин қисса бад-он хотир буд, то таъкид гардад, ки аз аҳди қадим дар таъриху тамаддуни тоҷикон парчам мавқеи муҳим ва сарнавиштсоз дошт. Хеле боиси ифтихор аст, ки имрӯз низ мо ин гуна абзоре барои сарҷамъиву иттиҳод дорем.

Яке аз аввалин тадбирҳо, ки дар замони соҳибистиқлолӣ андешида шуду дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон тасдиқ гардид, қабули Парчами кишвар буд. Ин амр, то андозае, мавқеи як кишвари тоза баистиқлолрасидаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намуд, аз зуҳури кишвари мустақиле бо номи Тоҷикистон дарак дод. Рамзҳои давлатӣ, ҳамчунин, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ ба шумор мераванд. Баҳри арҷ гузоштан ба ин гуна муқаддасот, аз ҷумла Парчами Тоҷикистон, 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр “Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон” эълон гардид.

Акнун ҳамасола ин рӯз дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Парчами миллӣ рамзи давлатдориву истиқлоли кишвар, рамзи ваҳдат ва иттиҳоди сокинони Тоҷикистон аст. Ин Парчам кулли шаҳрвандони кишвари моро ба ҳам меорад, чун мо ҳамагон “Ба зери Парчами ӯ саф кашидаем” ва ин саф кашидани мо маънои онро дорад, ки ҳар лаҳза дар ҳифзи он омодаем. Агар дар дифои ин Парчам омодаем, пас, дар ҳифзи Тоҷикистони азиз омодаем. Ба қавли шоир Беҳрӯзи Забеҳулло:

Бигзор сари ману ту барбод равад,

Аммо нашавад паст сари Парчами мо!

Камолзода Хуршед, мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ, дотсент.