РУШДИ ИЛМИ АДАБИЁТШИНОСӢ ВА НАҚДИ АДАБИИ ТОҶИК

271

Илми сухансанҷиву ҷомеашиносӣ – нақди адабӣ, адабиётшиносӣ, пажӯҳиши адабиёт, назарияи адабиёт, забон ва ҳусни баён, бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, масоили худшиносӣ ва давлати миллӣ яке аз арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аст. Дар робита ба самтҳои мухталифи ин мавзуҳо имрӯз (14.05.2024) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети мазкур конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш декани факултекти филология, профессор Сироҷиддини Эмомоалӣ зикр намуд, ки осори тадқиқотии адабиётшиносони номвар, аз ҷумла профессор Абдушукур Абдусатторов дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик беназир мебошад.

Зимнан устодони факултети мазкур дар робита ба самтҳои мухталифи илми адабиётшиносӣ суханронӣ намуда, саҳми профессор Абдушукури Абдусатторро дар ин ҷода назаррас арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология, дотсент Рустам Наботӣ сухан намуда, зикр кард, ки “профессор Абдушукури Абдусаттор яке аз донишмандони пуркор ва маъруф дар самти адабиётшиносии тоҷик буда, дар рушду таҳаввули он саҳми сазовор гузоштааст.

Эшонро миёни фарҳангиён ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ҳамчун адабиётшиносу мунаққид, шоир ва тарҷумони муваффақ мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Мавсуф умри пурбаракати хешро ба пажӯҳишу таҳқиқи осори пурбори адабиёти тоҷику форс ва араб бахшидааст ва ҳамзамон, ба таҳлилу баррасӣ ва нақди адабиёти муосиру тарҷумаи осори илмӣ ва, ҳамчунин, эҷоди назм машғул буд. Ӯ аз зумраи устодони заҳматкаше буд, ки доираи фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ ва адабиаш гуногунпаҳлу ва фарох буда, дар ин самт аз таҷрибаву собиқаи кории тулонӣ бархурдор буд”.

Дар идомаи кори конференсия меҳмонону ҳамкорон оид ба фаъолияти илмии гуногунпаҳлуи шодравон, профессор Абдушукури Абдусаттор ва рушди фаъолияти илмӣ-адабиётшиносӣ суханронӣ карданд.

Ҳамин тавр, конференсия дар ду бахш: “Адабиёти тоҷик” ва “Адабиёти араб ва забоншиносӣ” идома намуд, ки дар он беш аз 40 маъруза мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.