САДА – МЕРОСИ АРЗИШМАНДИ НИЁГОН

171

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад. Он дар оғози шомгоҳи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешуд.

Бино ба тадқиқоти олимони мардумшинос ва мутахассисони фолклор таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ буда, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он «ҷашни Сада» дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти ҷовидонагии Хуршедро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва месазад, ки он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда шавад.

Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».

Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд.

Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

(Фирдавсӣ)

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст. Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо ба Истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз Меҳргон ва Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо бо шукҳу ҷамол ҷашн гирифта мешавад. Мо шукргузорӣ мекунем, ки ин ҷашни қадимаи мардуми мо дар ватани азизамон, дар фазои амнияту дӯсти таҷлил мегардад.

Кимиёхон Муминова,раиси бахши занон ва духтарони факултети филологияи ДМТ