Имрӯз (24.11.2020) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи тоҷик семинари илмӣ –назариявӣ баргузор гардид. Нишастро декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз намуда, оид ба муқаддастоди миллӣ – Парчами давлатӣ ва ҳифзи он суханронӣ намуд.
Баъдан доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносии назарӣ ва амалии ДСРТ Д.М. Искандарова дар бораи «Рӯнамоии пайкараи забони тоҷикӣ» маълумоти муфассал доданд. Семинар бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои гуногун ҷамъбаст гардид.