(Бардошт аз нигоштаҳои Ҳафиз Раҳмон аз ҷараёни озмуни “Фурӯғ…”)
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба сифати муқаддимаи гуфтор қарор додани ин таъбири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи хосро дар пай дорад. Чун Роҳбари давлат китобро “як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст” номидааст, пас имрўз њар як фарди ҷомеа ба маротиб бояд аз он ифтихор намояд, ки дар кишвари азизамон озмуни китобхонӣ- “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси хиратмандонаи Перезиденти кишвар роҳандозӣ шудааст. Воқеан ҳам, китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Китоб ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Китоб хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғӯшаш аст.
Тайи рӯзҳои охир аз ҷониби устоди Донишгоҳи миллӣ, адабиётшиноси шинохта, рӯзноманигори соҳибқалам ва яке аз мубалиғони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғ…” Ҳафиз Раҳмон атрофи баргузории давраҳои ин озмун андешаҳои ҷолиб ва пешниҳоди судманд сурат мегирад. Воқеан ҳам инъикоси ҷараёни озмуни мазкур дар самти татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо муҳим мебошад.
Аз нигоштаҳо– пешниҳоду мулоҳизаҳо, панду андарзои устод метавон хулоса кард, ки китоб падидаест тавассути он инсон аз бадахлоқиву анҷоми корҳои зишт, муҳтоҷӣ ва ғаму дард озод мегардад. Китоб ба ҳайси маслиҳатгари беминнат қодир аст, ки ба инсон зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад.
Иҳромӣ Т.