АЗ ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ «700 СОЛ БО ҲОФИЗ» ТО СУҲБАТУ МАШВАРАТҲОИ ОЛИМОНИ КИШВАР ДАР ИН ЗАМИНА

2

Ин конференсия ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ (қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса), яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии форсӣ баргузор шуда, аҳаммияти ҷаҳонии мероси адабии ӯро боз ҳам бештар намоён сохт. Иштироки намояндагони кишварҳо, аз ҷумла олимон ва адибони Тоҷикистон нишон аз арҷгузории ҷаҳонӣ ба фарҳанги муштараки форсизабонон ва нақши муассири Ҳофиз дар рушду густариши он мебошад.

Пас аз конфронсия олимони тоҷик ҷиҳати баррасии ҷанбаҳои гуногуни осори Ҳофиз ва таъсири онҳо ба адабиёти ҷаҳон, ҳамчунин роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои байналмилалӣ машварат пардохтанд.