ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ АДАБУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК

31

Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имсол дар бахши аввал субҳгоҳон устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёдкарди фазилатҳои неки шоир руҳи ӯро шод карданд.

Дар бахши дувум дар толори ба номи Ш.Ҳусейнзода 45-умин маҳфили «Турсунзодахонӣ» доир шуд. Нахуст декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳу дӯстӣ, нависандаи равшанзамир, машъалдори роҳи озодиву истиқлол, парчамбардори матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асараш «Чеҳраҳои мондагор» овардаанд, ки «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мо аст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст».

Мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети мазкур Муҳаммадизода Қ.М. зимни суханронӣ таъкид намуд, ки устод Мирзо Турсунзода тавонист миллати тоҷикро чун халқи сулҳпарвару ба дӯстиву рафоқат устувор ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Баъдан номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи мазкур Қаландаров Н. маърӯза намуда, иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода шоири саршиноси тоҷик мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳон буда, паёмаш ба кишвари худаш маҳдуд нагашта, арзиши ҷаҳонӣ дорад. Зикр шуд, ки тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Ҳамоиш бо қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултет анҷом ёфт.