ДАР ШИНОХТИ ДОКТОР ВА ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲ ТАБАРОВ С.Ш..

22

Бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 дар муассиаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети филологияи Донишгоҳ дар соли ҷорӣ чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.