Дар суҳбати сафир. РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ АДАБӢ

267

         Имрӯз (19.08.2022) бо дастгирии ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ва ташаббуси декани факултети филологияи донишгоҳ Сироҷиддини Э. вохӯрии чанде аз устодони факултетҳои филологияи тоҷик, журналистика ва забонҳои Осиё ва Аврупо бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз баргузор гардид.

Сафири муҳтарам бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ дар толори Шурои олимони факултети филологияи тоҷик дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳо суханронӣ намуданд.

Дар оғоз академик Раҳмонзода А.А. оид ба мактаби илмии устодони ин боргоҳи илму адаб ёд намуда, саҳми онҳоро дар рушди илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ аз силсилаи иқдомоти тайи солҳои охир пешгирифтаи раёсати кишварҳои ба ҳам дӯсти қарини Тоҷикистон ва Узбекистон ёдовар шуда, таъкид шуд, ки ин муносибатҳои дӯстона моро муътақид месозанд, ки минбаъд ҳам дар роҳи устувору вусъат бахшидани дӯстиву ҳамсоягии нек талош намоем.

Зимнан гуфта шуд, ки тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон омода мебошанд ва умед дорем, ки олимони мо барои тақвият бахшидани муносибатҳои дипломатӣ, хусусан ҳамкориҳои адабӣ ташаббуси созандаеро рӯйи кор мегиред.

Нашри мақолаҳои илмии муштарак, тақвияти ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ, табиию риёзӣ ва дақиқ, таҳияи китобҳои дарсӣ барои ихтисосҳои забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон, омӯзиши дастхатҳои нодири бузургони илму адаб, ки дар маъхазҳои Ҷумҳурии Узбекистон нигоҳдорӣ мешаванд, омода намудани мутахассисони касбӣ дар марказҳои илмӣ-техникии Узбекистон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ бо академик Раҳмонзода А.А. дар самти ҳамкориҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику узбек, эҳтироми якдигар ва густариши муносибатҳои илмию таълимӣ судманд буд. Дар интиҳо муҳтарам сафир аз Толори фарҳангии профессор Шарифзода Х., Маркази айнишиносӣ ва Ганҷинаи адабии профессор Ш.Ҳусейнзода боздид намуда, иқдомҳои роҳбарияти донишгоҳро дар самти таъмину тармими марказҳои илмию таълимии донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуд.