ҲИФЗИ ЗАБОН – ВАЗИФАИ АҲЛИ ҶОМЕА

379

«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст». Ин нуктаро имрӯз (02.10.2021) декани факултети филологияи ДМТ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ зимни баргузории семинари илмӣ ироа намуд.

Семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси факултети мазкур дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» доир гардид.

Дар кори семинар намояндаи бахши илми донишгоҳ, сардори ахбори илмӣ-техникӣ Абдуллозода Равшан, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ профессор С. Назарзода, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология А. Мирбобоев, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик Г.Шукуров оид ба масъалаҳои имло ва садонокҳои забони тоҷикӣ, нақши забони тоҷикӣ дар ташаккули забонҳои адабии мардуми Осиё, таҳлили лингвопрагматикии одоби муҳоварат дар забони адабии муосири тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Гирдгардонандаи маҳфил мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷик, дотсент Дӯстзода Ҳ. зикр намуд, ки ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки вазифаи аҳли ҷомеа мебошад, зеро забон василаи муоширати одамон буда, танҳо ҷамъият қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.

Дар хотима донишҷӯён дар васфи забони тоҷикӣ пораҳои шеърӣ қироат намуданд.