ИШТИРОКИ УСТОДОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

247

Адабиёт дар масири таърих марҳилаҳои гуногунро тай намуд. Дар он мавзуъҳое мавриди таҳлил қарор кирифт, ки ба манфиати давлату миллат ва рушду камоли инсонӣ, яъне ахлоқию маънавӣ бахшида шудаанд. Мавзуъҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва доштани ҳувияти миллӣ дар меҳвари асосии осори назмию насрии адибони ин марҳилаҳо ҷой гирифт. Дӯст доштану ҳифз кардани сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷикон яке аз вазифаҳои адабиёти тарбиявию маънавии ин давр қарор гирифт, ки мисоли равшан он эҷодиёти адабиётшиноси шинохта Тӯрақул Зеҳнӣ шуда метавонад.

Ба хотири бузургдошти адабиётшиноси шинохта Тӯрақул Зеҳнӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳти унвони «Тӯрақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забон, адабиёту фарҳанги тоҷик» конференсияи илмии байналмилалӣ доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур аз сохторҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишмандону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд. Ҳайати намояндагии Донишгоҳи миллӣ бо роҳбарии декани факултети филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар ҷараёни конференсияи мазкур иштирок намуда, дар робита ба ҷойгоҳи адабиётшинос Тӯрақул Зеҳнӣ дар таърихи забону адаби миллӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Т.Зеҳнӣ фаъолияти эҷодиашро ҳамчун шоир оғоз кардааст (1919—1920). Ашъори ҳаҷвӣ, мақолаҳои танқидиаш бо тахаллусҳои «Сомонӣ», «Рустам», «Мушфиқӣ», «Мулло» дар маҷҷалла ва рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб», «Дониш-биниш», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» чоп шудаанд. Зимнан таъкид шуд, ки зиёда аз 300 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва советии тоҷик роҷеъ ба илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ёдовар мешавем, ки адабиётшинос Т.Зеҳнӣ яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна: «Омӯзиш» (1928, бо ҳамқаламии В.Маҳмудӣ), «Сарфи забони тоҷикӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, 1930, 1933, бо ҳамқаламии Б.Ҳоҷизода ва Л.Бузургзода), «Сарф» (бо ҳуруфи лотинӣ, 1935 бо ҳамқаламии Ҳамид Бақозода), «Таронаҳои бачагон» (1927), инчунин, муаллифи китобҳои «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ» (1963) ва нашри такмилёфтаи он «Санъати сухан» (1970, 1979), соли 1992 чопи 3-юм бо иловаи «Қофия», «Чанд сухани судманд» (1984) аз ҳаёти Нақибхон Туғрал, С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Шоҳназар Соҳибов ва яке аз мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Гулу сунбул» (1963), «Суханварони сайқали рӯи замин» (бо хамқаламии Садри Саъдиев, 1973), «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» (1987) мебошад.

Дар ин сафари хотирмон ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла аз Хона-музейи устод С.Айнӣ низ боздид ба амал оварда, суҳбатҳои самимиӣ ва маҳфилҳои судманд бо намояндагони илму адаби шаҳри Самарқанд анҷом доданд.