Имрӯз (22.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Нишастро декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз намуда, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият дод, ки тоҷикон чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд дар даврони нави таърихӣ, бо истифода аз озодиву истиқлолияти миллӣ муқаддасоти миллии худро ҷилову намои тоза бахшида, бо ифтихор болои сар бардоранд. Дар қатори муқаддасоти миллии тоҷикон дар даврони нави эҳё аз ҷониби мардум, шояд бештар аз ҳама, Парчами миллии ин халқи соҳибтамаддун муҷаллотару болотар парафшон гардид. Ин арҷгузории баланд ва самимона ба Парчами миллӣ аз ҷониби халқи тоҷик беҳуда нест. Ва боз ҳам хушбахтона, мо мебинем, ки имрӯз дар сафи пеши парчамбардони миллати мо бештар наврасону ҷавонон қадам мезананд. Ин худ гувоҳи он аст, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ дар хуни мардуми мо ҷой гардидаву бо гузашти асрҳо ва ҳатто дар рӯзгорони таҳмили сиёсатҳои бегонагон дар ин сарзамин маҳфузу поянда мондааст.
Сипас Сафаргул Ҳалимова, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Парчами давлатии мо ҳамон ливои ковиёниест, ки ҳазоронсолаҳо аз ҷониби халқи мо ҳифз гашт. Агарчи борҳо ин сарзамин аз ҷониби душманони аҷнабӣ ба хуни халқи шуҷоъу шарифи мо омехта гардид, ин Парчами муқаддас, ин ливои шаъну шарафи тоҷикон маҳфуз монд, зеро он дар шараёнҳои хуни халқи мо, дар ҷону виҷдону имони мо ҳифз мешуд. Имрӯз Парчами миллии мо ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориву ватанпарварӣ ва ягонагиву ҳамдигарфаҳмиро дар вуҷуди мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати ватанро дар сириштамон фурӯзон месозад. Ҳамин аст, ки дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони шукуфону ободи мо Парчами миллӣ дар баландтарин авҷҳои ифтихору ватандорӣ парфишон аст.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи Парчами давлатӣ қироат карда шуд.