ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲОМИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

49

Неъмате беҳтар зи озодиву истиқлол нест,

Бе чунин неъмат касе осудаю хушҳол нест.

Дар таърихи давлатдории халқи тоҷик санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти замон арзиши таърихияшон ҳамвора меафзояд. Яке аз ин падидаҳои муҳимми таърихӣ, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин мардуми куҳанбунёд тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Истиқлол ба мо фаҳму дарки гиромӣ доштани ватану ватандорӣ, давлатдорию давлатсозиро таҳким бахшид. Имрӯз кору пайкори бардавоми созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи нигоҳ доштан ва тақвият додани истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамзамон таъмини ҳаёти озодонаи ҳар фард ва бахту саодати воқеии ҷомеа мароми ҳар фарди солимақл мебошад.

9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва ҳамчун кишвари озоду мустақил дар саросари дунё шинохтаву эътироф гардид. Мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард ва дар ин кишвари дар таърих борҳо азияткашида соли 1992 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки ба сари мардуми тоҷик хонавайрониву сарсонӣ ва саргардониҳои зиёде овард. Сабаби асосии сар задани бесарусомониҳои дохилӣ аслан набудани шахсияти сиёсии воқеӣ буд. Сад шукр, ки дар чунин лаҳзаҳои басо ҳассоси таърихӣ шахсияте бо нерӯ ва иродаи қавӣ дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун армуғон ба сарнавишти мардуми Тоҷикистон эҳдо шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат маҷрои сиёсиро ба эътидол овард:

Комиле гар хок гирад, зар кунад,

Ноқис ар зар бурд, хокистар кунад.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII, ки аз 16.11.1992 то 02.12.1992 дар Хуҷандшаҳри бостонӣ, дар «Қасри Арбоб» давом кард, халқи тоҷикро аз ин буҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Гӯйё раҳбари сиёсии тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадан ба майдони сиёсат такрор ба такрор мегуфт:

На по гуфтам, на сар гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам…

Вазъи сиёсии кишвар бо сарварии раиси Шурои Олии ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оҳиста-оҳиста рӯ ба эътидол овард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари омадан ба арсаи сиёсат се рисолати комили таърихиро ба ҷо овард. Пеш аз ҳама, давлатсозии миллӣ, ташаккули шуури миллӣ ва дар ҳамин замина таъмини ваҳдати миллӣ, ки ин падидаҳо то ин муддат таманнои миллӣ буд. Моҳи ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бар асари мулоқоту вохӯриҳои пайдарпайи Сарвари давлат ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳҳои мухолифини тоҷик 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи оштии миллии тоҷикон барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми марти соли 2001 дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд: «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, амалӣ гаштани шартҳои он, ки маҳз ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асили халқамон ба мо муяссар шуд, ба тариқи демократӣ, бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва кулли мардуми кишвар баргузор шудани интихоботи Президент ва парламенти касбии депутатӣ дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ иқдомоти ниҳоят ҷиддӣ гардиданд».

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо тавонистем пояҳои асосии давлатдориамонро мустаҳкам намуда, пайи беҳдошти арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон камари ҳиммат бубандем. Соҳибистиқлолӣ ба мо, пеш аз ҳама, дарки худшиносии миллӣ, пос доштану муаррифӣ намудани арзишҳои миллӣ ва имконияти интихоби дурусти роҳи минбаъдаи инкишофи давлатро дод. Мо дар ин замина ҳамчун миллати дорои таҷрибаи ғании давлатсозӣ ба бунёди рукнҳои муҳимтарини давлату ҳукумат оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ тавонистем Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Замони соҳибистиқлолӣ дар радифи масъалаҳои зиёди печидаву сарбастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заруратеро пеш овард, ки ба мактабу маориф, илму фарҳанг ва арзишҳои миллӣ эътибори вижа дода шавад ва ин самтҳо аз соҳаҳои афзалиятнок муаррифӣ шуданд. Таҷдиди назар ба мероси маънавӣ шуд, ки намунаи комили он омӯзиши рӯзгор ва осори Саноӣ, Аттор ва Ҷалолиддини Балхӣ барин симоҳои эҷодист. Дар аҳди шуравӣ ҳатто Ҷалолиддини Балхӣ барин симои беқиёси эҷодӣ, ки имрӯз сокинони Аврупою Амрико рӯ ба омӯзишу таҳқиқи фарогири осори безаволи ин мутафаккир овардаанд, дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ набуд. Соҳибистиқлолӣ ин мушкилоти маънавиро барҳам зад.

Ниёзи дигари замони соҳибистиқлолӣ густариш додану боло бурдани худшиносиву худогоҳии миллӣ тариқи созмон додани конфронсу ҳамоиш ва симпозиумҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ буд. Воқеан, дар ин самт Роҳбари сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мантиқан қавӣ дошта, шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву адабро ба ворисонашон муаррифӣ намуд ва бад ин восита дар ташаккул ёфтани худшиносиву худогоҳӣ ва густариши ҳофизаи таърихии тоҷикон саҳми бориз гузошт.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардид, ки он бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, обод кардани мақбараву оромгоҳҳои онҳоро пешбинӣ менамуд. Дар мамлакат 680-солагӣ (1995) ва 700-солагии (2015) олим ва маърифатпарвари бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагӣ (1996) ва 700-солагии (2020) шоир ва мутафаккири барҷаста Камоли Хуҷандӣ, 90-солагии шарқшиноси номӣ, ходими барҷастаи ҳизбӣ ва давлатӣ Бобоҷон Ғафуров (1998), 1100-солагии таъсиси давлатдории Сомониён (1999), 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (2001), 125-солагӣ (2003) ва 140-солагии (2018) аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, 90-солагӣ (2001), 100-солагӣ (2011) ва 110-солагии (2021) шоир ва мунодии сулҳу дӯстии халқҳо, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 100-солагӣ (2011) ва 110-солагии (2021) Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 15-солагӣ (2006), 20-солагӣ (2011), 25-солагӣ (2016) ва 30-солагии (2021) Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ (2014), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 400-солагии Сайидои Насафӣ (2018) тантанавор ҷашн гирифта шуданд. 23-юми феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ ба Соли нави миллии тоҷикон – Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мардуми фарҳангсолори тоҷик дар қатори ҷашни “Наврӯз” ҷашнҳои “Тиргон”, “Меҳргон” ва “Сада”-ро низ таҷлил менамоянд. Оши палав низ ба ҳайси таоми суннатии тоҷикон як навъ унсури фарҳангсоз ва муттаҳидкунандаи мардум буда, дар шакли номинатсияи алоҳида аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия гашта, ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодии башарият пешниҳод шуд. Вай дар санаи 1-уми декабри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, расман дар феҳристи мазкур сабт карда шуд. Бо ин хидматҳои мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамон холигоҳи маънавиро, ки ба ҷурми сиёсати собиқ ҳукумати шуравӣ пайдо шуда буд, комил гардонад.

Забону адабиёти оламшумули мо дар давраи нав боз ҳам такмил меёбад ва он бо ғояҳои тозаю нав дар замони Истиқлоли кишвари азизамон ташаккул ва рушд мекунад. Омӯзишу таҳлили ин осори бебаҳо ба дӯши он нафаронест, ки забону адабиёт ва фарҳанги миллии хешро гиромӣ дошта, ҳифз мекунанд. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан зуҳури шахсияти сиёсии миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои миллӣ ҳамаҷониба амалӣ гардиданд. Чунончӣ, баргузор намудани симпозиму конференсия- ҳои байналмилалӣ таҳти унвони “Бобоҷон Ғафуров–бузургтарин муҳаққиқ ва муаррихи халқи тоҷик” бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров (2023) ва дар ҳамин замина аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нашру дастрас намудани тамоми аҳли ҷомеа бо китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”, “800-сол бо Мавлоно” бахшида ба 800-солагии шоир ва орифи бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2024, Қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Париж), “700-сол бо Ҳофиз” (2025, Қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Париж) ва чопу дастрас намудани асари “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” аз ҷумлаи дигар иқдомҳои Роҳбари давлат дар ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ мебошад.

Замони соҳибистиқлолиро ба маънои томаш даврони эҳёи илму фарҳанг метавон гуфт, ки бо ному осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабти бевосита дорад. Рисолати таърихии дар ин ҷода баҷоовардаи Сарвари давлатро ҳам дар осори таълифнамуда ва ҳам дар асарҳои ба фаъолияти серсоҳаи ин чеҳраи дунёи сиёсат бахшидашуда метавон мушоҳида кард. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих” (1996), “Аз Ориён то Сомониён” (иборат аз ду китоб: китоби якум соли 1999, китоби дуюм соли 2002), “Ориён” (2007), “Забони миллат – ҳастии миллат” (иборат аз ду китоб: китоби якум соли 2016, китоби дуюм соли 2020), “Чеҳраҳои мондагор” (иборат аз ду нашр; нашри якум соли 2016 бо фарогирии 25 чеҳра, нашри дуюм соли 2023 бо фарогирии 30 чеҳра) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бедор намуани худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ ва дифои арзишҳои миллӣ бозгӯ мекунанд.

Яке аз умдатарин иқдомҳои ҳукумати миллӣ роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монандӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (2019), “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” (2019), “Илм – фурӯғи маърифат” (2021), “Тоҷикон дар оинаи таърих” (2024) ва “Шоҳномахонӣ” (2026) ба шумор мераванд, ки баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама:

– худшиносии миллӣ ва тақвияти тоза пайдо кардани он;

– ифтихор аз ватану ватандорӣ;

– омӯзиши мероси ниёгон ва оммавӣ гардонидани он;

– огаҳӣ пайдо намудан аз техника ва технологияи муосир;

– зиёда аз ин, ҳамоно боло бурдани маънавиёти миллат ва ҷомеа аст.

Муҳим он аст, ки озмунҳои мазкур бевосита бо ташаббус ва иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шудаанд, ки баҳри болоравии ҳамаҷонибаи илму фарҳанги миллӣ комилан мусоидат мекунанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки давлат ва ҳукумати миллӣ ба илмҳои муосир ҳамчун соҳаи тафаккурсози миллат ғамхориҳои пайваста менамояд.

Ҳукумати соҳибистиқлоли миллӣ барои омодасозии мутахассисони соҳибунвон пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд. Аз ҷумла, таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодани Шуроҳои диссертатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни равияи илмҳои филологӣ, гуманитариву ҷамъиятӣ, табииву риёзӣ ва техникӣ аз ҷиддитарин иқдомоти ғамхоронаи давлату ҳукумат дар як муддати кутоҳи таърихӣ аст, ки баҳри болоравии ҳамаҷонибаи соҳа комилан мусоидат мекунад. Инчунин, дар назди ҳар кадоме аз ин донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳо таъсис додани маҷаллаҳои илмии дар қайди КОА буда, худ далели дастгирии мутахассисони соҳа ва риштаҳои гуногуни илми тоҷик аст.

Ҷомеаҳо ва давлатҳои гуногун, сарфи назар аз сохти кишвардорӣ ва самтҳои рушдашон, дар асоси низоми арзишҳои муайян пешрафт мекунанд. Сарчашмаи тамоми арзишҳо арзишҳои инсонист, ки ба ташаккули дигар арзишҳо – арзишҳои ахлоқию маънавӣ, динӣ ва зебоишиносӣ боис мегарданд.

Барои ҳамаҷониба дарк шудани маъно ва муҳтавои арзишҳо аз иттилооти фаровони на танҳо илмҳои адабиётшиносӣ, балки дигар соҳаҳои улуми инсонгароӣ, аз ҷумла ҳикмату равоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ огоҳ будан шарт ва зарур аст. Яъне танҳо дар чаҳорчӯби ҳуқуқ баррасӣ шудани ин масъала манфиати камтар дорад.

Дар низоми арзишҳо арзишҳои ахлоқию маънавӣ дар мавқеи аввал қарор дорад ва мақулаҳои бунёдии он некӣ ва бадист. Эҳсоси масъулияти инсон дар назди хештан ва ҷомеа пояи асосии ин арзиш аст.

Навъи дувуми арзишҳо аз эътиқодоти инсон ба дин вобастагӣ дорад, ки сутунҳои он озодӣ, меҳру шафқат ва ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошад. Принсипҳои асосии ин навъи арзиш инҳоянд: боадолат будан, нисбат ба ҳақиқат устуворӣ нишон додан; зуҳури шафқату раҳм нисбат ба одамон; олиҳимматӣ ба атрофиён; таҳаммулпазирӣ ва хоксорӣ; нисбат ба тобеони худ масъулиятшинос будан; далериву ҷасоратмандӣ.

Дар зинаи савуми арзишҳо арзишҳои эстетикӣ қарор мегиранд, ки асоси онро мафҳумҳои зебоӣ ва улвият ташкил медиҳанд. Барои ташаккули шахсият ва дар ниҳоди инсон тақвият додани арзишҳои зебоишинохтӣ адабиёту фарҳанг нақши бунёдӣ доранд.

Дар ин миён гурӯҳи дигари арзишҳое ҳаст, ки аҳаммияти бунёдӣ доранд ва сарчашмаи пайдоиш ва густариш ёфтанашон фарҳанги миллист. Ҳар гаҳ сухан аз фарҳанг равад, беихтиёр байти машҳури устод Рӯдакӣ аз зеҳни мо хутур мекунад:

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Яъне аз назари устод Рӯдакӣ фарҳанг ганҷинаи ҳар миллат ва ҳар фард аст. Каси огоҳ аз ин ганҷи бебаҳо соҳибэҳтиром аст, зеро шахси фарҳангӣ будан маънои соҳиби илму донишу фаросату маърифат буданро дорад ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба расму оин ва суннатҳои неки ниёгон паҳлуи дигари фазилатҳои инсонист. Шарҳи аз ҳама одиву оммафаҳми фарҳанг низ ҳамин аст: адаб, тарбият, дониш, илм, маърифат, маҷмӯи одоб ва расму оин. Дар ибтидо фарҳанг бо назардошти решаи лотинии ин вожа ба маънои кишту кор, парвариш ва сохтан истифода мешуд. Дар луғати араб фарҳанг бо калимаи “ас-сақофа” баён шуда, маънои пирӯзӣ, тезҳушӣ ва ҳунарро дорад. Дигар аносири фарҳанг, қабл аз ҳама, забон, ахлоқ, дин, асотир ва каломи ҳунарист.

Бешак, миллати моро, бино ба таърихи қадим доштанаш, дар шумори миллатҳои фарҳангофар ном мебаранд ва эътироф мекунад. Арзишҳое, аз қабили дӯст доштани нафси худ ва ҳифзи он, донистани қадри падару модар, некӣ ба ҷумлаи занон, лутфу меҳрубонӣ ба ҳамсоягон, азиз доштани хешу табор, дӯст доштани миллату ватан ва ғайра дар фарҳанги мо мавқеи барҷаста доранд.

Агар, фаразан, фарҳангро ба дарахт шабоҳат бидиҳем, пас адабиёти бадеӣ як шохаи пурбори он аст. Маҷмӯи арзишҳо ва ҳама аносири фарҳанг дар адабиёт инъикос мешавад ва шарҳу тафсир меёбад. Худи адабиёт ҳам аз решаи арабии адаб буда, ба маънои дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат мекунад. Адабиёт дар мафҳуми васеи он маҷмӯи осори хаттию шифоҳии қавме, халқе, миллате буда, дар фаҳмиши маҳдуди он инъикоси бадеии ҳаёт аст ва ин тарзи тасвири зиндагӣ ба воситаи образҳо ба тасвир овардани ҳаёт мебошад. Яъне адабиёт дар фаҳмиши истилоҳии он як навъи ҳунар буда, ба воситаи образҳо тасвир намудани ҳаёт ва дунё, инъикоси образноки ҳаёт буда, дар он кулли ҷузъиёти зиндагии воқеӣ образу тимсолҳо ва намунаҳо тасвир карда мешавад.

Дар боло ишора шуд, ки навъи аз ҳама пурқимати арзишҳое, ки барои худшиносиву худогоҳии миллӣ зарурат доранд, бешубҳа, арзишҳои миллӣ ҳастанд.

Ҳангоме ки ба саҳифаи таърихи гузаштаи насли башар назар мекунем, шоҳиди он мегардем, ки аксарияти қавму миллатҳои дунё дорои таърих, фарҳанг, забон, маданият, расму оин, урфу одат, анъана, муқаддасот ва дигар арзишҳои миллии ба худ хос мебошанд. Ҳарчанд ки бо гузашти замон ва дигар шудани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеа қисме аз ин қавму миллатҳо қисман ин арзишҳои бунёдиро аз даст дода бошанд ҳам, хушбахтона, бархе аз онҳо дар натиҷаи ҷонбозиҳои фарзандони сарсупурдаи худ ҳифзу нигаҳдорӣ шудаанд.

Халқи тоҷик низ, аз ҷумлаи он миллатҳои кӯҳанбунёду соҳибтамаддуне мебошад, ки дорои таърихи пурғановати ибратомӯз, фарҳанги ҷаҳонӣ, расму оин, урфу одатҳои аҷдодӣ ва анъанаю арзишҳои миллии омӯзанда буда, бо гузашти замон ва дигар шудани вазъи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа онҳо бо диди наву назари нек аз насл ба насл гузашта, мавриди таваҷҷуҳ ва баҳрабардории аҳли сухан қарор гирифтаанд.

Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ идомадиҳандаи ҳамин арзишҳои миллати тоҷикро дар симо ва шахсияти арсаи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ эҳсос намуданд.

Қабои хусравӣ дар бар наояд ҳар касеро хуш,

Сари ҳар носазоеро назебад тоҷи султонӣ.

Салоҳи мулк агар хоҳӣ биёмӯз эй шаҳи олам,

Тариқи подшоҳиро зи Исмоили Сомонӣ.

Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон соли хотирмон мебошад. Дар ин сол бо ташабуси Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, илму адабӣ ва робитаҳои дӯстӣ саҳифаҳои нав кушода шуд.

Аввалин шартномаҳое, ки дар соли 2018 байни Тоҷикистон ва Узбекистон имзо шуданд ва муносибатҳоро беҳтар карданд, яке аз муҳимтаринҳояш Созишномаи шарикии стратегӣ мебошад.

Дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаҳои 9-ум ва 10-уми марти соли 2018 иттифоқ афтода буд, ҳангоми мулоқотҳо чанд созишномаи муҳим ба имзо расид, ки муҳимтаринашон инҳо буданд:

· Созишнома дар бораи бераводидӣ барои шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз.

· Барқарор сохтани фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва роҳҳои нақлиётӣ байни кишварҳо.

· Ҳамкориҳо дар соҳаи алоқаи автомобилӣ ва ҳавоӣ.

Дӯст ояд гарм дар оғуш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани санадҳои дӯстиву ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи давлативу ҳукуматӣ миёни ҳар ду ҷониб, Пешвои ммиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, ки дар хусуси сиёсти пешгирифтааш оид ба сиёсати “дарҳои кушод” асоси воқеъӣ дорад. Ин нуктаро метавон дар мавриди ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД низ ишора кард.

31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонӣ ва зебоманзари Хуҷанди вилояти Суғд мулоқоти муҳими сеҷониба баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок доштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «кишварҳо ва халқҳои моро риштаҳои мустаҳками дӯстии дарозмуддат, ҳамсоягии нек ва рӯшди муштарак ба ҳам мепайвандад».

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Роҳбари давлати тоҷикон ҳамчунин афзуд, ки: «Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистону Узбекистон, ки дар принсипҳои неки ҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем».

31-уми март миёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон Созишнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатӣ ҳамроҳ бо Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои се кишвари Осиёи Марказӣ – Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев имзо шуд.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Пас аз пош хӯрдани собиқ Ҳукумати Шуравӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқ барои пойдорӣ ва робита миёни ин кишварҳо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шуд.

Моҳи октябри соли 2025 аниқтараш аз санаи 8-уми октябр то 12-уми октябр мизбони ин чорабинии сиёсӣ кишвари Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҷониби Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ Саммити “Осиёи Марказӣ-Русия” ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ буд.

Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити “Осиёи Марказӣ-Русия” ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ Президенти Ҷумҳурии Озорбойҷон муҳтарам Илҳои Алиев ва сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба Шоми дӯстӣ сари дастархони тоҷикӣ даъват шуда буданд.

Корҳои шоиста, дастовардҳои беназир, сулҳу суботи сартосарӣ ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки дар миёни халқи тоҷик ва миллатҳои дигар баробари унвонҳои расмиаш унвонҳои ифтихории Президенти мардумӣ, Ҷаноби Олӣ, фарзанди номдори миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва амсоли инҳоро соҳиб гардад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар сиёсатмадорони бузурги олам унвони “Пешвои асри XXI”– ро мушарраф шуданашон, инчунин ҳомии арзишҳои миллӣ ва пайвандгари қалбҳо низ мебошад.

Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ