Имрӯз (18.03.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода таҳти унвони «Абдушукури Абдусаттор – пажӯҳишгар, шоир, мутарҷим ва таҳиягари осори адабӣ» семинари илмии кафедра – «Баҳори дониш» баргузор гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт. Зикр шуд, ки нақши Абдушукури Абдусаттор дар рушди адабиёти тоҷик, бахусус нашри осори шоирони аҳди Сомониён, мунтахаботи Сӯзании Самарқандӣ, мухтасари осори илмии Забеҳуллоҳи Сафо, баргузидаи рубоиёти шоирони форсу тоҷик назаррас аст.
Сипас Академики АМИТ Имомзода М.С. оид ба таҳқиқи адабӣ, забондонӣ ва сухансанҷии профессор А.Абдусаттор суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки адабиётшинос Абдушукури Абдусаттор яке аз пажӯҳишгарон ва мунаққиду донишвари тоҷик буд, ки зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ – оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик иншо намудаанд.
Баъдан профессорон М. Нарзиқул, Мақсудзода Б., М. Солеҳов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Г. Низомова оид ба ҳаёту фаъолияти илмию эҷоӣ, осори профессор А.Абдусаттор суханронӣ карда, аҳамияти ашъор ва осору гуфтори онро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.