КИТОБИ ТОЗАНАШР

79

Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҳамсоли пойтахти ҷумҳурии азизамон – шаҳри Душанбе мебошад ва то охири умри бобаракаташ ба Ватан ва мардуми кишвар хизмати холисона намудааст. Худ мегўяд: “Ҷумҳурияти навзоди азизаму пойтахти навбунёди маъвои ҳаётам гўё бандаро дар соли 1924 барои мувофиқи ақлу хирадам хидмат намудан ба худашон ба халқу миллатам ба олами равшан ба дунё оварданд. Камина ҳам кўшиш намудам, ки ин вазифаи фарзандии хешро дар назди Ватанам – Тоҷикистон, халкам – Тоҷикон ва пойтахтам – Душанбе ба ҷо оварам”.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023 шурўъ аз нимаи дуюми моҳи августи соли 2024 таҷлили 100-солагии адабиётшиноси маъруф ва донишманди барҷастаи тоҷик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров ба нақша гирифта шудааст.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бевосита бо ибтикори ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э. С. бахшида ба 100-солагии мунаққиди шинохтаи тоҷик Табаров Соҳиб Шуҳратиевич китоби тозанашри профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кўчарзодаро бо номи “Абармарди роҳи омўзишу пажўҳиш” чоп ва дастраси хонанда намуд.

Китоб аз сарсухан, се боб, замима ва китобнома иборат буда, дар охир ба номи “Тасвирҳо ҳикоят мекунад» тасвирҳо аз лахзаҳои алоҳидаи зиндагии мунаққид ва омўзгори шинохта оварда шудааст. Ин китоб оид ба зиндагинома, фаъолияти омўзгорӣ, адабиётшиносб ва публитсистии суханшинос ҳам дар замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳам дар замони Истиқлоли Тоҷикистон муфассал маълумот медиҳад.

Китоб дорои арзишҳои баланди миллӣ ва ватанхоҳӣ буда, дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ҳиссаи муносиб мегузорад.

Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор