ЛОИҚХОНӢ

438

Имрӯз (24.05.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, суханвари мардумӣ ва яке аз поягузорони шеъри имрӯз, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо дастгирии раёсати ДМТ ва ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони шеъру адаби ҷумҳурӣ ва меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз ректори Донишгои миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. баргузор намудани чунин маҳфилҳоро амали нек унвон карда, иброз дошт, ки устод Лоиқ яке аз бузургтарин суханварони охири садаи XX аст, ки бо ашъори пурмуҳтавои хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми тоҷик нақши ногусастанӣ дорад.

Сипас раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим оид ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ Шералӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки устод Лоиқ Шералӣ дар навсозии шеъри муосири мо нақши барҷаста дошта, аз маҳбубтарин шоирони тоҷик ба шумор меравад. Мавсуф дар суханронии худ муҳимтарин хусусиятҳои шеъри Лоиқ, тарҷумаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, мусоҳибаҳо ва шохисаҳои инсониву эҷодии ӯро ба таври мушаххас зикр намуд.

Дар бораи зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоири зиндаёд гардонандаи маҳфил – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент Муртазо Зайниддинзода ба таври муфассал суханронӣ намуда, ҷойгоҳи ӯро дар шеъри муосир хеле назаррас арзёбӣ намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон, устоди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Рустам Ваҳҳобзода дар мавзӯи “Ҳувияти миллӣ дар ашъори устод Лоиқ” маърӯза намуд. Ҳамзамон, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода хотироти ҷолиберо аз рӯзгори ҳамсабақиву дӯстӣ бо шоири равоншод ба ёд оварда, изҳор дошт, ки Лоиқ аз замони донишҷӯӣ бо ҳушмандиву лаёқати хосаш фарқ мекард ва то охири умр ба дӯстону ҳамқаламонаш муҳаббату садоқати беандоза дошт.

Ҳамчунин, донишмандону адибони маъруф Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Ҳабибулло Раҷабов, Акбари Абдулло, Саъдӣ Қосимзода ва дигарон дар бораи сифатҳои волои инсонӣ ва хусусиятҳои шеъри Лоиқ суханронӣ намуданд. Дар идомаи маҳфил декани факултети физика Давлат Солиҳев, донишҷӯёни факултетҳои филология, журналистика ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Хурсандмурод Зарипов, инчунин, сарояндаи хушовоз Хусрав Амонқулов аз ашори устод Лоиқ Шералӣ шеърҳо ва сурудҳо ироа намуданд.

Декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар суҳбат бо мо афзуд, ки шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз силсилаи он суханваронест, ки адаби форсу тоҷикро аз нигоҳи шаклу маънӣ ва ҳикмату муҳтаво ба арсаи ҷаҳонӣ бардоштааст, ки ёд намудан аз рӯзгору осори ӯ кори басо бузург мебошад.