Имрӯз (21.10.2025) дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ ба муносибати рӯнамоии китоби нависандаи шинохта Абдулҳамид Самад – «Шамъе афрӯзандаи чароғҳо» баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф зикр намуд, ки китоби мазкур ба рӯзгору шахсияти нависандаи маъруфи тоҷик Пӯлод Толис бахшида шуда, бо услуби равону таҳлили амиқи шахсияти адабӣ навишта шудааст.
Дар идомаи маҳфил, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Кӯчарзода А. дар мавзуи «Пӯлод Толис ва насри андешаи тоҷик» маърӯза кард. Ӯ Толисро намояндаи барҷастаи насри таълимӣ, таҳлилӣ ва инсондӯстона дониста, ба нақши ӯ дар ташаккули афкори адабии муосири тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Нарзиқул М. бо маърӯзаи ҷолиб таҳти унвони «Бузургонро бузургон зинда медоранд…» баромад намуда, ба таъсири шахсият ва мероси Пӯлод Толис дар байни аҳли қалам ва донишҷӯён равшанӣ андохт.
Ҳамчунин, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Раҳмонов Ҳ. дар мавзуи «Аҷри сухани эҷодкор» андешаҳои худро баён дошта, аз ҷойгоҳи сухани пойдор ва таъсири он дар худшиносии миллӣ ёдовар шуд.
Дар қисми ҷамъбастии маҳфил худи муаллифи китоб — Абдулҳамид Самад ва директори нашриёти «Рушди маориф» Салоҳиддинзода Н. суханронӣ намуда, перомуни ҷараёни эҷоди китоб, зарурати ба қалам овардани чунин асар ва эҳтироми шахсиятҳои таърихиву адабӣ ибрози назар карданд.