МАҲФИЛИ ЗЕҲН

364

Тибқи Қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ аз 29.01.2021 дар бораи фаъолияти илмии маҳфилҳои инфиродии профессорони кафедраҳо ва фаъолияти маҳфилҳои «Зеҳн» 15 феврали соли 2022 дар факултети филология маҳфили навбати “Зеҳн” баргузор гардид, ки дар он устоди кафедраи таърихи забон ва типология, профессор Ҳомидов Д.Р. дар мавзуи «Рушди ономастика дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баромад кард.

Дар маърӯза қайд гардид, ки ономастика як бахши илми забоншиносӣ буда таърихи пайдоиш ва таҳаввули исмҳои хосро меомӯзад. Исмҳои хос, вобаста ба объекти номбаршаванда ба антропонимҳо (номи ашхос), этнонимҳо (номи қавмҳо, миллатҳо, халқҳо), топонимҳо (номи маконҳо), гидронимҳо (номи дарёҳо), космонимҳо (номи ҷирмҳои осмонӣ), теонимҳо (номи эзидону фариштаҳо), демонимҳо (номи офариниши бад), зоонимҳо (номи ҳайвонот), фитонимҳо (номи растаниҳо), фалеронимҳо (номи мукофотҳо, нишонҳо, медалҳо), хрематонимҳо (номи ашё, асарҳои илмиву бадеӣ, ҷашну маросимҳо, муассисаҳо, навъҳои маҳсулот) ва ғайра тақсим мешаванд.

Қайд гардид, ки баъзе соҳаҳои ономастикаи тоҷик, аз ҷумла, масъалаҳои топонимия аз тарафи муҳақиқон Р. X. Додихудоев, С. И. Климчитский, Л. И. Розова, А. В. Розенфелд, О. И. Смирнова, А. Л. Хромов, антропонимия аз тарафи Я. И. Калонтаров, Р. О. Ортиқов, О. F. Ғафуров мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Дар анҷоми маҳфил саволу ҷавоб ва пешниҳоду тавсияҳо сурат гирифт. Аз ҷумла изҳор шуд, ки маҳфили мазкур минбаъда мунтазам баргузор гардид ва натиҷаҳои он дар сайти факултет, донишгоҳ ва рӯзномаи донишгоҳ чоп шавад.