Маркази айнишиносӣ 20-уми декабри соли 2017 бо ташаббуси собиқ ректори ДМТ, академик Имомзода М. С. ба ифтихори таҷлили ҷашни 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти академияи илмҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар заминаи факултети филология таъсис дода шудааст.
Айни замон дар Марказ як штати кории директор (Имомзода М.С.) мавҷуд аст. Мақсад аз таъсиси Марказ пос доштани номи неки устод С. Айнӣ буда, вазифаи Марказ омӯхтану ба табъ расонидани эҷодиёти С. Айнӣ мебошад.