1.Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода
Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳори соли 2021 дар заминаи Кабинети Ҷомӣ ва Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи назди кафедра таъсис ёфтааст. Ин ганҷина аз як китобхонаи фарогири нусхаҳои хаттӣ, китобҳои чопи сангӣ, манобеъ ва мароҷеъ ба хатти ниёкон ва китобҳои чопии кириллии замони Шӯравӣ, давраи Истиқлол ва як толори хонишу маҷлисгоҳи барҳаво иборат аст.
Номгузории кабинети мазкур таърихчае дорад. Соли 1964 ба ифтихори истиқболи 550-солагии яке аз бузургтарин адибони тоҷик Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ кабинети адабиёт ба номи ин мутафаккир гузошта мешавад ва “Кабинети ба номи Ҷомӣ” номида мешавад. Дар соли 2007 ба истиқболи 100-солагии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода толори фарҳангии кабинет ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода гузошта шуда, ба таври расмӣ аз китобхона ёд нашуда буд ва он “Китобхонаи Ҷомӣ”-и Маркази фарҳангии ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода номида мешуд. Аз 29.01.2021 тибқи фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х бо қарори № 56-6, ки дар таърихи 11.02.2021ба тасвиб расида буд, маркази фарҳангии ба номи профессор Ш. Ҳусейнзодаи факултети филология минбаъд “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филология” ном бурда мешавад[1].
Ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода номида шудани ганҷинаи мазкур бесабаб нест. Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ба сифати аввалин мудири кафедраи адабиёти классики тоҷик (ҳоло таърихи адабиёти тоҷик), ки соли 1962 пас аз ба ду тақсим шудани кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ба миён омада буд, аз ҳамон сол ба ташкили кабинети адабиёти назди кафедра шуруъ мекунад. Номбурда солҳои минбаъда барои такмил шудани фонди кабинети адабиёт ва харидорӣ кардани дастхатҳо хеле зиёд талош варзида, оҳиста-оҳиста кабинетро ба китобхонаи бузург табдил медиҳад.
Захираи умумии китобҳо дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода айни замон ба 7 ҳазор нусха мерасад. Аз ҷумла, миқдори умумии нашрҳои нодири захираи кабинет 2079 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор миқдори дастнависҳои гирдоваришуда ба 291 нусха баробар аст. Дар миёни дастхатҳо нусхаи аз ҳама куҳан “Китоб-ул-масобеҳ” мебошад, ки дар асри XII китобат шудааст. Ин асар аз назари муҳтаво шомили мавзуоти мазҳабӣ буда, ба забони арабӣ навишта шудааст.
Фонди асосӣ ва муҳимми китобхонаи Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки онро ҳамчун фонди тиллоӣ муаррифӣ мекунад, китобҳои дастнавис, ё худ нусахи хаттӣ мебошанд. Дар миёни осори дастнависи ганҷина девонҳо, куллиёти шоирони асримиёнагӣ, фарҳангу луғатномаҳо, осори туркиву арабӣ, тазкираҳо, баёзу ҷунгҳо, осори таърихӣ, динӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ ва фалсафӣ мавҷуданд.
Бо супориши кафедра профессор Бадриддин Мақсудов ба тавсифи мухтасари дастанвисҳо машғул шуда, барои аввалин бор феҳрасти нусахи хаттии ганҷинаро таҳия кард, ки он соли 2007 бо унвони “Феҳристи нусхаҳои хаттии Марказии фарҳангии ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода” [Мақсудов Б. Феҳристи нусхаҳои дастнависи Маркази фарҳангии ба номи проф. Ш. Ҳусейнзода. – Душанбе: Сино, 2007. – 100 с.] зевари табъ ба бар кард. Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ҳоло аз ҷониби як ходим, ки мудир номида мешавад ва як масъули бахши толор идора карда мешавад. Аввалин мудири кабинети адабиёт Ҳайдар Ҷӯраев буд, ки то соли 1976 фаъолият кард. Баъд аз вафот ёфтани Ҳ. Ҷӯраев, ба муддатҳои гуногун, ба ҳайси мудири кабинет Н. Валиева, Мирзо Солеҳов, Иброҳимҷон Калонов, Бадриддин Мақсудов, Бобобек Раҳимов, Зайниддин Толибов, Зулайхо Алиева, Саъдоншо Имронов, Назархӯҷа Тӯраев, Хайрулло Муҳибов, Дилбар Муҳиддинова ва Абдувоҳид Ҳакимов фаъолият кардаанд, ки аксарияташон шогирдони кафедра мебошанд. Айни замон ин вазифаро Насиба Маҳмадуллоева ба уҳда дорад. Масъули толори хониш ва маҷлисгоҳи ганҷина Бозорова Муҳайё мебошад.
2.Толори Худоӣ Шарифзода
Толори Худоӣ Шарифзода соли 2018 дар заминаи “Толори хониши доктор PhD ва магистр”-и факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ҷойи собиқ кабинети “Утоқи Эрон” ташкил шуда буд, таъсис ёфтааст. Толори мазкур аз як ҳуҷраи фарогири захираи китобҳои манбаъ, марҷаъ, асарҳои илмӣ, бадеӣ ва саҳни хониш иборат буда, фонди онро китобҳои китобхонаи собиқ кабинети “Утоқи Эрон” ва асарҳои профессор Худоӣ Шарифзода ташкил медиҳанд.
Кафедра вазифадор шудааст, ки ҷиҳати ғанӣ гардидани фонди Толори Худоӣ Шарифзода тадбирҳо андешад. Ба ин толор низ чун анъана ҳам асарҳои эҳдоӣ ва ҳам китобҳои аз ҷониби раёсати донишгоҳ харидорӣ шуда ворид карда мешаванд. Айни замон фонди умумии толорро наздики ду ҳазор китоб ташкил медиҳад.
Масъули Толори Худоӣ Шарифзода Ҳикматова Дилафрӯз Анваровна буд, ки айни ҳол ин масъулиятро касе бар дӯш надорад.