МАСЪАЛАҲОИ РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

2

Имрӯз (25.12.2024) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои равобити адабӣ ва тарҷума дар замони Истиқлол” бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С. доир ба равобити адабӣ дар пешрафт ва такомули адабиёт суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ин раванд имконият медиҳад, ки асолати таърихии миллатҳо равшан гардида, тамаддунҳои гуногун ба ҳамдигар бештар наздик шаванд.

Зимнан декани факултети филология профессор, Сироҷиддини Э. таърихи робитаҳои адабиро ҳамчун як раванди муколамавӣ арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки дар ҳар давраи таърихӣ ин ҷараён дар рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ нақши муҳим бозидааст. Дар замони муосир равобити адабӣ самтҳои навро барои таҳкими дӯстии халқҳо ва шинохти тамаддунҳо боз мекунад.

Ҳамзамон, муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод аҳамияти тарҷума дар шинохти адабиёт ва фарҳангро дар суханронии худ ишора намуда, онро ҳамчун омили муҳими шинохти адабиёти халқҳо байни миллатҳо номид. Зикр карда шуд, ки Муртазо Зайниддинзода, ки дар ин соҳа ҳамчун муҳаққиқи пуркор шинохта шудааст, бо рисолаҳои илмии худ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар идомаи конференсия иштирокчиён ба зарурати таҳқиқот дар соҳаи равобити адабӣ ва тарҷума ишора намуда, пешниҳод карданд, ки чунин ҷамъомадҳо бояд дар сатҳҳои гуногун баргузор карда шаванд. Ҳамчунин, нақши ҷавонон дар пешбурди илм ва эҳёи равобити адабӣ таъкид гардид. Конференсияи мазкур бори дигар аҳамияти равобити адабиро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи пешрафти фарҳанг ва илм нишон дода, онро ҳамчун як қадами муҳими илмӣ барои таҳкими равобити адабӣ дар таърихи тамаддунҳо ва шинохти миллатҳо таъкид доштанд.

Шахзода Дилшодзода,хабарнигори МИТ “Ба қуллаҳои дониш”