Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад.
Имрӯз (26.09.202З) бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии «Ҳамоиши бузургдошти Мавлоно» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Сипас сардори раёсати илми донишгоҳ Р.Наботӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост.
Дар ҳамоиш аз ҷониби олимону адабиётшиносон қайд гардид, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд ва ҳамчун тараннумгари сулҳу ваҳдати сардосарӣ эътироф намудаанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои чанде устодон, аз ҷумла М. Солеҳов, Б. Махсудов, Ф. Ғаффорзода шунида шуд. Илова бар ин, гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳ низ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат ва ҳунармандон порчаҳои назмӣ замзама карданд.