Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 – 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Муҳаммади Риҷоӣ бошад зикр менамояд, ки «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намуда, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».
Фаъолияти омӯзгорӣ асосан аз ду самт ё ки ҷанбаҳои муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба якдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи ҷароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабу маориф ва нақши омӯзгор ҳамеша таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 таъкид намуданд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад…
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Воқеан, ниёгони мо аз қадимулайём фарзандони худро ба фазову чаҳорчӯбаи илму адаб фаро мегирифтанд, то руҳи онҳо тарбият ёбад ва билохира тамаддунсоз гардад. Шояд ҳамин буд, ки агар миллатҳои Юнону Рум, Чину Ҳинду Миср ё Аврупо ба оламиён як бор тамаддун дода бошанд, ориёиён (тоҷикон) ду бор тамаддунсозӣ намудаанд. Яъне, аҳли башар аз тамаддуни тоисломӣ ва исломии тоҷикон баҳрабардорӣ кардаанд.
Омӯзгор нақши «муҳаррик»-и ҷомеа, ангезаи пешрафти ҷамъиятро мебозад. Ӯ насли наврасро тарбия карда, ба ташаккули одамоне, ки соҳиби технологияи нави пешрафтаи истеҳсолот буда, ҳар як унсури пешқадами ҳаёти гуногуни ҷамъиятро зуд дарк мекунанд, саҳми муассир мегузорад. Муносибат ба омӯзгор ҳамеша ба мисли як меъёри инсондӯстӣ, одоб ва инчунин муносибат ба падару модар, Ватан арзёбӣ мегардад. Онҳо ҷузъи таркибии мавҷудияти ҳар як халқ мебошанд, гуё пули иртиботианд, наслҳоро муттаҳид менамоянд, зеро онҳо таҷриба ва дониши худро, ки аз наслҳои пешин мондаанд ба ҷавонон меомӯзонанд. Аз ин рӯ, мо бояд омӯзгоронро дӯст дорем, онҳоро ба ёд орем, ба онҳо ёрӣ диҳем, кори онҳоро осон кунем, то аз онҳо ҳарчи бештар ақл, некӣ ва зеҳни бурроро ба мерос бигирем.
Муаллимӣ ин ҳунар аст, ишқ аст, муҳаббат аст, самимият ва садоқат аст. Ба қавли шоир Халилуллоҳи Халилӣ:
Кист, медонӣ муаллим, онки нозад сарварӣ,
Бар ҳумоюн номи вай дар зери чархи чанбарӣ.
То абад овора мегардид дар саҳрои ҷаҳл,
Хизри раҳбин гар накарди ақли моро роҳбарӣ.
Илм рахшон гавҳаре бошад ба иқлими ҳаёт,
Арзиши гавҳар ки донад, кар набошад гавҳарӣ.
Гавҳари андешаро аз тирагӣ бахшад наҷот,
Гавҳарӣ донад камоли санъати равшангарӣ.
Ҳурмати вай аз падар волотар омад, зонки ҳаст,
Иртиботи маънавӣ бартар зи рабти пайкарӣ.
Мулки дониш мулки вай аммо на бо теғу сипоҳ,
Арши ҳикмат з-они вай, лекин на бо ангуштарӣ.
Аз фуруғаш осмон фазлу тобон то абад,
Ҳамчу тобон чархи гарданда зи моҳу муштарӣ.
Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!Ғаффорзода Ш., мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ