МУЪМИН ҚАНОАТ – ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

422

Устод Муъмин Қаноат, шоири ширинкалом, ҳамосасаро ва ходими барҷастаи сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон аст. Саҳми шоири забардасти тоҷик дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик муассир аст. Ин нуктаро имрӯз (13.05.2022) зимни баргузории конференсияи байналмилаии илмию амалӣ, ки таҳти унвони «Муъмин Қаноат ва таҳаввули шеъри давраи нави тоҷик» дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода доир гардид, декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ баён дошт.

Конференсия бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи донишгоҳ бахшида ба бузургдошти шоири зиндаёд Муъмин Қаноат созмон дода шуда, дар он шоир ва рӯзноманигори маъруф Асад Гулзодаи Бухороӣ (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва устодону донишҷӯён ширкат доштанд.

Сипас профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Маҳмадаминов А.С. дар мавзӯи «Аввалин муҳаққиқи Муъмин Қаноат» маърӯза намуда, зикр кард, ки Муъмин Қаноат яке аз ислоҳгарони шеъри нави тоҷик буда, ӯ аз беҳтарин шоирони адабиёти навини мо буд. Дар таҳаввули шеъри тоҷик ва нав кардани он саҳми аввалиндараҷа дорад.

Ҳамзамон, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, узви вобастаи АМИТ Кӯчарзода А. доир ба “Муқоисаи “Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат бо “Қаҳрамонони Сталинград”-и Шаҳриёр” маърӯза намуда, иброз дошт, ки донишмандони тоҷик мӯътақиданд, ки Муъмин Қаноат бунёдгузори як роҳи нав дар адабиёти муосири тоҷик аст, ки ин роҳи навро мешавад «мактаби миллат» ном гузошт. Мавсуф дар шеър парастиши миллат, ҳақиқати миллат ва таърихи миллатро замина гузошт ва «мактаби миллат»-ро созмон дод.

Инчунин, мудири кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо профессор, Сафаров У. доир ба “Баъзе мулоҳизаҳо дар атрофи ““Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат” суханронӣ намуд.

Дар охир донишҷӯёни факултет аз осори устод Муъмин Қаноат шеърҳо қироат карданд.