МУЖДАИ_НАВРӮЗӢ: «ЁДДОШТҲО»-И УСТОД АЙНӢ БАРОИ ҲАМЗАБОНОНИ ЭРОНӢ ЧОП ШУД

23

Устод Айнӣ донишманди камназири забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон буданд. Ҳар қадар бо диққат асарҳои устодро мутолиа намоем ба пеши назар чизҳои нодире намоён мегардад, ки барои донистани рӯзгори мардум бисёр муҳим аст. Ба вижа «Ёдоштҳо»-и устод, ки дар асоси воқеаҳо ва ҳодисаҳои дида, шунида ва мушоҳида кардаи муаллиф таълиф шуда, он дар донистани фарҳанги мардум асри 19 ва аввали асар 20 беҳамто мебошад. Ҳар лаҳзаеро, ки Айнӣ тасвир намудааст, дар асоси он метавон роҷеъ ба воқеаҳои гуногуни он замон ба андеша рафт.

«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ донишномае аст, ки дар он расму оин, адабиёт, таърих, саргузашти одамони гуногун, рӯзгори шахсиятҳои маъруф, муҳити адабӣ, таълим дар мадрасаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, шароити зиндагии деҳоту шаҳр, афсонагӯӣ, латифагӯӣ, оинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ ва ғайраву ва ҳоказоҳо хеле сода самимӣ ва барои хонанда хотирмон тасвир шудааст. Муҳим он аст, ки ҳамаи навиштаҳои устод дар «Ёддоштҳо» сарчашмаи воқеӣ дошта, метавон онҳоро ҳамчун санади муҳими мардумнигорӣ, фолклорӣ, ҷомеашиносӣ ва амсоли ин мавриди истифод қарор дод.

Тавре маълум аст, баробари нашри қисми якум ва дуюми «Ёддоштҳо» (1947-1948) таваҷҷуҳи хонандагон ва равшафикрони тоҷик зуд ба ин асар ҷалб гардид. Устод бо вуҷуди беморӣ қисми сеюм ва чоруми онро таълиф намуданд, ки солҳои 1950 ва 1954 ба нашр расиданд. Сипас, он аввал ба забони русӣ ва баъд ба чандин забонҳои дигари собиқ Иттиҳои Шӯравӣ тарҷума шуд.

«Ёддоштҳо», асаре аст, ки пурра дар асоси воқеияти дидаҳо ва шунидаҳои устод Айнӣ навишта шудааст. Ин асар на фақат сарчашмаи муҳими фолклорӣ, этнографӣ ба шумор меравад, балки аз он метавон ҳамчун манбаи нодири забонӣ, адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва ҳатто этнопедагогӣ, этнолигвистӣ ва этнопсихологӣ истифода кард.

Дар асл бунёди асоси осори ҳар адиби насрнавис саргузашти худи ӯ, дар айни замон дидаҳо, шунидаҳо, хотираҳо, ёддоштҳо ва мушоҳидаҳояш аз зиндагии мардум мебошад, ки дар ин бора худи устод Айнӣ низ дар аввали «Ёддоштҳо» зери унвони «Як-ду сухан ба ҷои сарсухан» навиштааст: «Азбаски ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷоҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун, ба фикри ман, ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоянависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам» (Айнӣ 1962, с. 7).

Баъдан устод чун як мардумнигорӣ ботаҷриба ва донандаи рӯзгори мардум дар фасли «Даромади сухан» ишора бар он менамояд, ки он хоси як пажуҳандаи мардумшинос аст: «Азбаски зиндагонии кӯдакӣ ва хурдсолии ман дар саҳро, асосан дар ду деҳа гузаштааст ва ин деҳаҳо аз ҳам дур буда аз ҷиҳати ободонӣ, маданият ва урфу одат аз ҳам фарқ доштанд, ман мехоҳам, пеш аз сар кардани ёддоштҳои худ, дар бораи ин ду деҳа як қадар маълумоти географӣ, этнографӣ ва тарҷумаиҳолӣ дода гузарам, то ки фаҳмидани ҷойи ин ёддоштҳо барои хонандагон осонтар шавад» (Айнӣ 1962, с. 9).

Ин тасвири устод Айнӣ ҳар пажуҳандаи мардумшиносро водор месозад, ки ба он чун сарчашмаи муҳими мардумнигорӣ назар намояд. Агар мо аз аввал то охири «Ёддоштҳо» бо нигоҳи мардумнигорӣ бингарем, мебинем, ки устод дар рафти баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳо, рӯзгори моддӣ ва маънавии мардумро бо ҷузъиёт ва бо равиши вежаи нависандагии худ тасвир намудааст. Ин навиштаҳо аз як ҷониб маводи мардумшиносии муҳим аст, аз ҷониби дигар тасвирҳои ба хонандаи китоб таъсирбахши худи муаллиф мебошад. Агар бо равиши кори мардумнигорон бингарем, мебинем, ки онҳо аз байни мардум дар бораи тарзи зист, нажоди қаву қабилаҳо, маросимҳо, расму оинҳо, ҷашнҳо, ҳунарҳои мардумӣ, адабиёти гуфторӣ ва монанди инҳо санадҳо гирд оварда, баъд онҳоро баррасӣ менамоянд. Устод Айнӣ ин гуна маводи барои таҳқиқ зарурро гоҳе нисбат ба як мадумшинос ҳам хубтар ва дақиқтар шарҳ додааст. Арзиши ин равиши кори устд имрӯз барои пажуҳиши корҳои мардумшиносӣ беназир аст. Тасвирҳои мардумнигорӣ аз аввал то охири «Ёддоштҳо» зиёд аст. Онро дар ҳар нақлу ҳикояти муаллиф метавон дид. Устод дар ҳар маврид дидаҳо ва шунидаҳои худро ба қалам меорад.

Дар кишварӣ Эрон бори аввал «Ёддоштҳо» соли 1362 (1983) аз ҷониби Алӣ Акбар Саиди Сирҷонӣ дар Эрон ба нашр расида, зуд таваҷҷуҳи хонандагон ва пажуҳандагонро ҷалб намуда буд. Баъди мутолиа он барои аҳли фарҳанг нисбат ба тасвирҳои устод Айнӣ саволҳое пайдо мешавад, ки онҳо ба тавзеҳ ниёз доштанд, бояд касе онро ба таври муфассал, бо ҷузъёт ва шарҳи луғатҳо анҷом медод.

Ин буд, ки ҳамин ниёзҳоро ба назар гирифта дуктур Мустафо Бобохонӣ барои баргардони дубораи «Ёддоштҳо» камари ҳиммат мебандад. Ин донишманди тоҷикдӯстро аз даврони навҷавонӣ забон, адабиёт ва фарҳанг тоҷикон ҷалб менамояд. Дар натиҷа ин шефтаи тоҷикон соли 2007 ҳамроҳи падар бузургвораш бори аввал ба ш. Душанбе ташриф меораду дилбохтаи гӯишҳои гуногуни тоҷикӣ ва фарҳанги суннатии он мегардад. Баъдан тасмим мегирад, ки ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавад.

Соли 2008 дар натиҷаи пурсишҳо ба назди ин ҷониб меояд ва маслиҳати камина устод роҳнамояш академик Абдуҷаббор Раҳмонзода интихоб шуда, дар мавзуи «Корбурди куҳанулга дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рисолаи номзадии худро, ки баробраи доктори фалсафаи кишварҳо хориҷӣ аст бо муваффақият соли 2011 дифоъ мекунад. Инак, ӯ аз он замон то имрӯз мубаллиғи адабиёти муосири тоҷикон аст.

Муҳаббати эшон ба ин фарҳанг буд, ки алифбои крилли тоҷикиро дар сатҳи аъло омӯхта, ба мутолиаи осори илмӣ ва бедеи тоҷикон машғул мешавад. Ин меҳр буд, ки дар тӯли 14 сол бо заҳмати дуктур Мусафо Бобохонӣ бо тасҳеҳ, таълиқ, шарҳи луғот китобҳои зерин аз алифбои криллии тоҷикӣ ба хатти форсӣ баргардон мешавад:

1.Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам / Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1395.

2.Шакурии Бухороӣ Муҳаммадҷон. Садриддин Айнӣ / Бо кӯшши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1395.

3.Амирзода С. Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ / Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1396.

4.Айнӣ С. Ғуломон. Роман / Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1397.

5.Айнӣ С. Ҷаллодони Бухоро / Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1397.

6.Мунтахаби осори адабётшиносӣ ва нақди адабии Садриддин Айнӣ / Гирдоварии пажуҳш ва тасҳеҳ ва вироиш М.Бобохонӣ ва А.Набавӣ. Теҳрон: Орван, 1397.

7.Маликзод А. Шаҳидии Балхӣ шоири бузурги замони Сомониён / Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1398.

8.Саъдиев С. Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих / Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1398.

9.Шакурӣ М.Б. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон / Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1399.

Баъди ин корҳои шоиста оқои М.Бобохонӣ ба таври ҷиддӣ ба баргардони «Ёддоштҳо» машғул мешавад. Барои ин кор ӯ пеш аз ҳама тамоми нусхаҳои дар Тоҷикистон нашршудаи асарро ба даст меорад. Баъд бо машварати пажуҳандагони тоҷик ба кор шуруъ менамояд.

Инак, чи нек аст, ки дар арафаи Наврӯзи хушоин муждае расид: «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ пешкаши хонандагон ва пажуҳандагони ҳамзабонон эронии мо шуд, ки ин як навъ пайванди бештар ва хубтар барои забону адабиёту фарҳанги муштараки ин ду кишвари ҳамзабон аст. Яъне «Ёддотшҳо»-и устод Айнӣ аз ҷониби интишроти «Орван», дар чор қисм ба нашр мерасад:

1.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 1. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.

2.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 2. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.3.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди

3. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.

4.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 4. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.

Бар илова оқои М.Бобохонӣ барои дарки бештари ин асар китоби дигареро, дар 285 саҳифа, зери унвони «Пайвастҳои «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Муқаддима, мақолаҳо, намояҳо) (Теҳрон: Орван, 1404) пешкаши хонандагон менамояд. Ин китоб, ки мустақил аст вале метавон онро ҷилди панҷум гуфт. Он барои дарки бештари на танҳо «Ёддоштҳо», балки хонанадагон ва пажуҳанадагони кишвари ҳамзабонро бо таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷик низ ошно месозад.

Дар китоб баъди пешгуфтори «Чанд дастур калидӣ», мақолаҳои пажуҳандагони тоҷик Ш.Исрофилниё, Н.Зоҳидӣ, А.Раҳмонзода, Р.Раҳмонӣ, М.Имомзода, А.Маҳмадаминов ва Л.Шарифзода, М.Хоҷаева, А.Кӯчарзода ва Ш.Ҷамшед оварда шудааст. Дар идомаи мақолаҳо «Феҳристи мисраъҳои аввал ва дуввуми байтҳо», «Феҳристи зарбулмасалу мақолҳо», «Феҳристи номи касон», «Феҳристи номи ҷойҳо», «Феҳристи китобҳо ва нашрияҳо», «Феҳристи қавмҳо, тоифаҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳо», «китобнома» низ омадааст, ки барои беҳтар ва хубтар омӯхтани «Ёддоштҳо» хеле муҳим аст.

Дуктур М.Бобохонӣ ҳамчун замимаи «Ёддоштҳо» китоби дигареро, дар 473 саҳифа, бо номи «Вожаномаи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Теҳрон: Орван, 1404) таҳия намудааст, ки онро метавон китоби шашум гуфт. Дар ин вожанома, тамоми калимаҳое, ки барои хонандагони эронӣ андаке нофаҳмо, ё маънои дигар дорад шарҳ ёфта, ки он ҳамчун асари мустақил, на фақакт барои хонандагон, балки барои пажуҳандагони забоншиносон низ муҳим мебошад. Як ҷиҳати ин вожанома аз он иборат аст, ки эшон ҳар калимаеро, ки дар «Ёддоштҳо» чанд бор омадааст саҳифа ба саҳифа ҳамчун луғати басомад нишон дода, кори хонанда ва пажуҳандаро осон месозад.

Дар охир метавон пешниҳод кард, ки ин кори арзишманду заҳматталаби пажуҳандаи тоҷикдӯст барои дарёфти дараҷаи илмӣ сазовор дониста шавад.

Равшан Раҳмонӣ,профессори ДМТ