НАВРӮЗ – ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

39

Имрӯз (12.03.2025) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз – таҷассумгари ҳуввияти миллӣ ва адабиёти пурғановати тоҷик” дар ҳамкорӣ бо маҳфили “Адибони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Маҳфилро декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳусни ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҷашни Наврӯз аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз маҳсуб шуда, бо ибтикору пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бошукуҳ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Он дар ҷаҳон бо риояи суннатҳои неки наврӯзӣ ҳамасола таҷлил мегардад, ки ин мояи ифтихори мо, тоҷикон мебошад.

Зимнан адабиётшинос, устоди Донишгоҳ Ҳафиз Раҳмон суханронӣ намуда, афзуд, ки мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат мешавад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчунин бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун намудани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, эҳёи табиат, поёни сардиҳо ва оғози меҳру гармӣ ва фаровонию баракот аст.

Дар фарҷом донишҷӯён бо қироати шеър хотири ҳозиринро болида намуданд.