
Имрӯз (15.10.2025) дар пояи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар мавзуи «Ҳофизи Шерозӣ ва рушди забони адабии тоҷикӣ дар асри XIV» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо суханронии декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф иброз дошт, ки дар адабиёти классикии тоҷику форс ҳар шоир бо маҳорату ҳунари сухангустарии худ ҷойгоҳи хосса дорад. Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозӣ яке аз шоирони нобиға ба шумор рафта, дар сархати соҳибдевонҳои машҳуру мондагори адабиёт қарор дорад.
Таъкид карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мероси ниёгон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик арҷ гузошта, ҷиҳати муаррифии тамаддуни безавол ва чеҳраҳои мондагор корҳои шоиста анҷом медиҳанд.
Сипас сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р. роҷеъ ба бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ сухан намуда, зикр кард, ки Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад. Бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст.
Зимнан доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, профессор Баротзода Ҳ., оид ба “Шарҳи як вожаи баҳсангез дар “Девон”-и Ҳофиз”, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология Саломиён М. доир ба “Воҳидҳои фразеологии шоирона дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ”, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Мисбоҳиддин Н. доир ба “Лутфи сухани Хоҷа Ҳофиз дар заминаи мусиқии шеър”, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳ Ҷӯраева М. доир ба “Ифодаҳои лутфомез дар ғазалиёти Ҳофиз Шерозӣ” ва докторанти PhD.-и кафедраи назария ва адабиёти форсии тоҷикии Донишгоҳ Ши Сяоюй оид ба “Ҳофизи Шерозӣ дар Чин” марӯза намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ – ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва дигар ҳамзабонон аст. Аксари шоирону нобиғагон аз Ҳофиз ба худ чизе гирифта, ба ғазалиёти ӯ пайравӣ кардаанд.
Ғазалҳои шӯрангезу диловези Ҳофиз бузургтарин шахсиятҳои дунёро ба ваҷҳ овардааст ва куллиёт ӯ ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо ба нашр расидаанд.