
Имрӯз (09.12.2025) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории озмуни мазкурро дар самти тарғиби арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон муҳим арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки «Шоҳнома» ҳамчун асари безавол дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим дошта, баргузории ин озмун барои боло бурдани маърифати хонандагон ва донишҷӯён айни муддаост.
Декани факултет масъулини бахшҳои дахлдори факултетро водор намуд, то ҷиҳати иҷрои ҳама шарту талаботи озмун чораҳои зарурӣ андешанд. Аз ҷумла, ба омӯзгорони масъул дастур дода шуд, ки иштирокчиёнро ба таври ҳамаҷониба омода созанд, барномаҳои омӯзишӣ роҳандозӣ намуда, муҳити мусоид барои ҷараёни омодагиҳо фароҳам оваранд.
Дар идомаи ҷаласа қайд гардид, ки барои ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯёни Донишгоҳ машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд.









